Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот «САРМОЯИ МУҲИМТАРИНИ МИЛЛАТИ МО – ИН ПОТЕНСИАЛИ АҚЛОНИИ МИЛЛАТИ МОСТ…». Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ оид ба рушди неруи инсонӣ ва қудратҳои зеҳнӣ дар партави Паёми Пешвои миллат
+++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» иштирок намуданд +++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз243
mod_vvisit_counterДирӯз903
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2010
mod_vvisit_counterДар ин моҳ23374
mod_vvisit_counterҲамагӣ1625988
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

«САРМОЯИ МУҲИМТАРИНИ МИЛЛАТИ МО – ИН ПОТЕНСИАЛИ АҚЛОНИИ МИЛЛАТИ МОСТ…». Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ оид ба рушди неруи инсонӣ ва қудратҳои зеҳнӣ дар партави Паёми Пешвои миллат

13.02.2019

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли ҳар як Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат оид ба баланд бардоштани неруи инсонӣ, қудратҳои зеҳнӣ ва омӯзиши илмҳои дақиқ пайваста сухан мегӯянд. Дар Паёми соли 2016 Пешвои муҳтарами миллат чунин таъкид карда буданд: «Илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд». Дар идомаи ин таъкид изҳори таассуф карданд, ки «…дар кишвари мо ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҳанӯз кам буда, бозёфтҳо дар илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ назаррас нестанд». Вобаста ба ин Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ андешаҳояшро ба АМИТ «Ховар» чунин изҳор намуд:

Дар паёмҳои чанд соли охир истилоҳҳои «рушди неруи инсонӣ», «беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ», «зиндагии шоиста», «ҳамқадами илму технологияи муосир будан», таъбирҳои илму дониш, маърифат, одобу ахлоқ, муоширати шоиста ва монанди инҳо дар баробари таъбирҳои рушду тараққии саноат, саноатикунонии кишоварзӣ, дар маркази диққати

ҳамешагӣ гузоштани саломатии миллат, ки дар ҳуҷҷатҳои стратегии сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун сармояи давлат шинохта шудааст, ба ҳукми таъбиру калимаҳои калидӣ дида мешаванд.

Хусусияти аз ҳама муҳими паёмҳои Президенти муҳтарам, бунёдгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои дурандеши миллат Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки дар ин барномасозиҳои солона ҳар як ҳадафи таъйиншуда воқеиву саривақтӣ буда, стратегияи расидан ба онҳо воқеъбинонаю реалӣ марҳила ба марҳила матраҳ мешавад.

Агар як нигоҳи мустақими ҳадафгир намоем, мушоҳида хоҳем кард, ки ҳадафгузориҳо дар паёмҳои Пешвои миллат зина ба зина қудратҳои истеҳсолӣ, тавоноиҳои шаҳрвандон, сохторҳои мушаххаси марбутаро аз ҷиҳати салоҳиятмандӣ ба самти бобарору бобаракат роҳнамоӣ карда, иқтидори истеҳсолӣ ва молиявии давлатро сол ба сол қавитар кардаанд.

Дар доираи тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати соҳибкасб намудани доираи васеи ҷавонон дар тамоми қаламрави кишвар марказҳои аз ҷиҳати муҳлат, фарогирии ихтисосмандӣ ва шаклҳои таълим гуногуни касбомӯзӣ (яъне, мушаххас, ҳадафгир, босуръат, тибқи талаботи рӯз) таъсис ёфта, натиҷаҳои босамар доданд. Содатарин самараи иқдоми мазкур, дилпурона метавон гуфт, ин аст, ки сатҳи салоҳиятмандии бинокорон, челонгарон, соҳаҳои хизматрасонӣ ба маротиб баланд гардида, дар бозори дохиливу хориҷии меҳнат муқовиматпазиру қобили рақобат гардидааст.

Аз тадбирҳое, ки ҷиҳати рушду тараққии соҳаи маориф дар Паём матраҳ шуданд, метавон натиҷагирӣ кард, ки зарбаҳои харобиовари солҳои нооромӣ дар соҳаи маориф барқарор шудаанд. Агар амиқтар назар кунем, бо вуҷуди тамоми муваффақиятҳое, ки мо дар соҳаи маориф дар замони шӯравӣ доштем, маълум шуд, ки дар бештари нуқтаҳои маҳаллӣ заминаи моддии соҳа, яъне мактабҳо, таҷҳизот, озмоишгоҳ ва монанди инҳо дар шароити хеле хароб қарор доштаанд. Ҳамин аст, ки қотеъона метавон гуфт, дар даврони истиқлолияти сиёсӣ дар Тоҷикистон заминаи комилан нави моддии соҳаи маориф бунёд карда шуд. Санаду рақамҳое, ки дар ин соҳа дар паёмҳо оварда мешаванд, мабалағгузории сол ба сол афзуни давлатиро нишон медиҳанд. Хушбахтона, тайи чанд соли охир дастгирии соҳибкорон низ чашмрас аст.

Рӯзгоре, ки мо ба сар мебарем, танҳо марҳилаи таҳдидҳои ғайриинтизор (монанди экстремизм, терроризм, бесуботии низоми сиёсии давлатҳои ба истилоҳ пешрафтае, чун ШМА, Франсия) набуда, балки рӯзгори ғайриинтизори рушди қудратҳои истеҳсолӣ низ ҳаст. Дар назар дошта мешавад, ки технологияи рақамӣ миллион-миллион қудратҳои кориро аз бозори меҳнат берун меандозад. Агар ба унвони содатарин мисол телефони ҳушманд, телефонеро бигирем, ки имрӯз тақрибан дар дасти ҳар як шаҳрванд мавҷуд аст, равшан мешавад, ки ҳамин як порча дастгоҳ миллионҳо телефончӣ, электрик, сохторҳои телефонии симӣ, муҳосиб, инженер ва ғайраву ғайраро ба бекорӣ оварда расондааст. Бекор будани 50 % аҳолии Испания мисоли равшани ин гуфтаҳост.

Рушди бисёр босуръати технологияи рақамӣ дар ояндаи наздиктарин на танҳо миллион, шояд беш аз ин сохтмончиён, коргарони соҳаи бофандагӣ ва дигаронро аз майдони кор берун кунад. Дар ояндаи наздик барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкилоте пеши рӯ меояд, ки воқеан ғайриинтизор аст. Ҳалли ин мушкилот аз сиёсатмадорон, олимони соҳаи истеҳсолот, бозори меҳнат, қудратҳои истеҳсолӣ ҳамин гуна тадбирҳои тозаро тақозо мекунад. Ин мушкилот, дар баробари давлатҳои пешрафта, барои қисми дигари ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаҳои боз ҳам вазнинтарро ба миён мегузорад.

Аз ҳамин нуқтаи назар стратегияе, ки Сарвари дурандеши мо дар соҳаи маориф пеш гирифтаанд, стратегияе, ки дар Паёми навбатӣ боз ҳам возеҳу равшан баён шуд, стратегияи воқеӣ мебошад. Яъне ислоҳоти ҷиддии соҳаи маориф стратегияи саривақтиву мубрам аст.

Дар Паёми навбатӣ талаб карда шуд, ки дар деҳоти мамлакат ҳарчи зудтар муассисаҳои томактабӣ бунёд карда шаванд. Ин тадбир заруратеро дар назар дорад, ки тамоюли ҷавон шудани на танҳо арбоби сиёсат, балки тамоми соҳаҳои истеҳсолот ва маданият мушоҳида мешавад. Барои мисол, кофист зикр кунем, ки муҳимтарин кашфиёту ихтирооте, ки дар техникаи ҳарбии Россия анҷом пазируфта, раванди сиёсии тамоми ҷаҳонро комилан тағйир дод, бо дасти донишҷӯён ба амал омадааст.

Ҷомеаи мо, ки қисми ағлаби онро ҷавонон ташкил медиҳанд, аз ҳамин манзар потенсиали пурқудрати рушду тараққӣ дорад, яъне ислоҳоте, ки Пешвои миллат талаб мекунад, бояд ҳарчи зудтар ба амал оварда шавад. Суръати ин ислоҳотро афзудан зарур аст. Ҳамин аст, ки дар Паём амр шуд, ки бозомӯзии комилан муосири муаллимони мактабҳои миёна ба роҳ монда шуда, талабот нисбат ба онҳо бештар карда шавад.

Тақрибан дар аксари суханрониҳои Президенти муҳтарами мо масъулияти шахсии ҳар як шаҳрванд зикр карда мешавад. Рӯзгори муосир, бе шарҳу баён, сареҳу возеҳ тақозо мекунад, ки ҳар як шаҳрванд, сарфи назар аз шакли фаъолият, синну сол ва ғайра агар эҳсоси масъулияти баланд ва идроки талаботи шадиди технологии замони имрӯзаро надошта бошад, чи дар рӯзгори шахсӣ ва чи дар мавқеи ҷамъиятияш бебарор мемонад.

Вақте мо дар бораи рушди неруҳои инсонӣ, пешрафту такмили қудратҳои зеҳнӣ андеша мекунем, дар қадами аввал, бешубҳа, ба хотир меояд, ки миллати мо дар баробари миллатҳои қадимаи чинӣ, ҳиндӣ, юнонӣ яке аз миллатҳои тамаддунсози ҷомеаи башарист ва албатта, табиист, ки мо инро бо эҳсоси ифтихор ба ёд меорем, зеро он дар ҷараёни тағйироти глобалӣ, хосса дар қисмати фарҳанг масъулияти умумибашарӣ дорад. Харобиҳое, ки дар ҷаҳони маънавии инсон пайдо шудаанд, танҳо ба воситаи фарҳанги ҷаҳоншумули ориёӣ-тоҷикӣ ислоҳ мешаванд…

Дар ин маврид таъкидҳои бузургони таърихи навини миллати тоҷикро набояд фаромӯш кард, аз ҷумла таъкиди аллома Бобоҷон Ғафуровро, ки ба ҳукми як васият ба назар мерасад: «Сармояи миллати тоҷик, бешубҳа, тиллои сафед аст, захираҳои маъдании фаровони ватани мо ҳам ҳастанд, аммо сармояи муҳимтарини миллати мо – ин потенсиали ақлонии миллати мост. Ин сармояро бояд ба бозори ҷаҳонӣ баровард». Ин таъкиди аллома соли 1977 буд – замоне, ки дар бораи бозори озод ва монанди инҳо касе сухане намедонист ва намегуфт. Воқеан беҳуда аллома нагуфтаанд, чун яке аз сифатҳои муҳими ин бузургон қудрати пешбинӣ кардани рӯзгор аст.

Дар ҳамин маврид як андешаи Пешвои маърифатпарварамонро аз «Чеҳраҳои мондагор» ба ёд биёрем: «Агар Абулқосим Фирдавсӣ гузаштаҳои пурифтихори Ватанашро дар «Шоҳнома»-и безаволи худ пеши назари наслҳои нав ба нави инсонҳо ба ҷилва оварда бошад, айни ҳамин корро устод Бобоҷон Ғафуров дар китоби безаволи худ «Тоҷикон» бо санадҳои илмӣ анҷом додааст.

…таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон борҳо бо истилогароне рӯ ба рӯ шудаанд, ки дар замони худ нерумандтарин буданд, вале аҷдоди мо бо ҳифзи забони ширину шоирона ва шевои модарӣ, суннатҳои адабиву фарҳангӣ ва андешаи миллии худ бар онҳо ғолиб омада, асолати миллиашонро нигоҳ доштаанд».

Дар ин иқтибос ҳам бузургдошти устод Ғафуров, ки мартабаи ӯро баробари Абулқосим Фирдавсӣ гузоштаанд ва ҳам шинохту беҳдошти асолати миллӣ мавриди диққати рӯз бояд бошад.

Илми муосир, хусусан фанҳои технологияи рақамӣ дар низоми таълими мо бояд мавқеи муҳим касб кунанд. Аммо…

Дар баробари ин, асолати фарҳангии миллат набояд фаромӯш шавад. Таъкиде, ки аҷдоди мо кардаанд: «Аз инсон ҳар чи мехӯрад, ҳамон содир мешавад», яъне агар меваҷоту гӯшту нон мехӯрад, маълум аст, ки чӣ содир мешавад. Агар «нур» бихӯрад, «нур» содир мешавад ва мусаллам аст, ки манзур аз «нур» илму донишу маърифат аст. Агар инсон илму донишу маърифат «истеъмол» мекунад, бешубҳа аз ӯ нур, яъне хирадмандӣ, ростӣ, меҳру муҳаббат, садоқат, меҳнатдӯстӣ, одамдӯстӣ, ватандӯстӣ ва чандин ганҷҳои бебаҳои дигар ҳосил мешаванд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистони навин, кам ҳам бошад, нишонаҳои ҷомеаи постиндустриалӣ ва ҷомеаи истеъмолгар ба назар мерасанд. Ҷомеаи истеъмолгар ба истилоҳи классикони мо ҷомеаи танпарвар аст ва танпарвар – нафаре, ки афзалият ба «хӯру хобу хашму шаҳват» медиҳад. Танпарвар нафарест, ки ҳамеша мавриди мазаммати азизону бузургони мо будааст. Нафари муқобили танпарвар як нафари манфиатрасон, инсонгаро, меҳнатдӯсту ғамхор талаққӣ мешавад.

Як одамие бувад, ба ҷоне арзад,

Мӯйе, ки аз ӯ фитад, ҷаҳоне арзад.

Як одами дигар ҳам аз одамиён,

Нодидани ӯ мулки ҷаҳоне арзад.

Ин нафаре, ки «ба ҷон меарзад», ҳамеша мақсуду муроди миллати мо будааст. Оне, ки нодиданаш ба мулки ҷаҳон меарзад, ҳамеша мазамматзада, радди маърака будааст. Радди маърака, яъне як нафаре, ки сурати одам дорад, аммо аз ҷамъияти одамӣ берун ронда шудааст.

Аз ин ҷост, ки таъкидҳои Сарвари муҳтарами мо дар мавриди одоб, ахлоқ, муоширати ҳалимона, эҳтироми падару модар, омӯзиши касбу ҳунар имрӯз тобиши тоза ва аслии мубрам мегиранд. Яъне ин ганҷҳои бебаҳои миллати мо дар матни ҷомеаи имрӯзии зудсайр, ҷаҳонишаванда, рӯзгори пур аз ҳаракату талотумҳои ғайриинтизор табиист, ки мавриди зарару зарба шуда метавонанд, хосатан дар ҳоле ки дар ҷаҳони муосир қудратҳои тавоное тарғиби танпарварӣ, зӯроварӣ, бераҳмӣ, сарфи назар кардан аз арзишҳои устувори умумибашарӣ, бо ҳар роҳе ба мақсад расидан, сарфи назар кардан аз ҳалолу ҳаром ва гуноҳу савобро дар роҳи расидан ба мақсад амалӣ менамоянд.

Албатта, аз рушди неруҳои инсонӣ гуфтан матлаб ин аст, ки инсон бояд ҷисми сиҳат, қудрати ҷисмонӣ дошта бошад, ғизои солимро аз мурда фарқ карда тавонад ва амсоли инҳо. Илова бар ин, мо дар назар мегирем, ки неруи инсонӣ эҳсос, идрок, ҳуш, хотира, эҳсоси ҳамдардӣ, шинохти қимати волидон, Ватан, миллат, одоби хоси тоҷикона, дину расму оин ва монанди инҳо ҳам ҳаст.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки барои тарбияи неруҳои ҷисмонии миллат давлат, мактаб, падару модар ва ҳам худи насли наврас рағбати хоссае нишон медиҳанд. Ин рағбат хеле пурқувват аст, ки бисёр хуб арзёбӣ мегардад. Аз он назар хуб аст, ки самараҳои фаровони тандурустиву молиявӣ дорад. Яъне нафаре, ки мунтазам ба обутоби бадан машғул аст, камтар мубталои беморӣ мешавад ва дар натиҷа, барои доруву дармон ва табобат кам хароҷоти молиявӣ мекунад. Ин хеле тамоюли хуб аст. Аммо боз ҳам ба хотир биёрем, ки:

Одамӣ дид асту боқӣ гӯшту пӯст,

Ҳарчи одам дид, асли одам ӯст.

Мавлавӣ мегӯяд, инсон иборат аз гӯшту пӯсту устухон аст, аммо таркибе, ки як мавҷуди одамшаклро ба одами воқеан тарбиятдида мерасонад, диди ӯ, ҷаҳонбинии ӯст. Аз даврони қадим то ба имрӯз гунаҳои бешумори ҷаҳонбинӣ маъмуланд, ки дар маҷмӯъ дар ду қисмат мухтасар мешаванд: ҷаҳонбинии одами манфиатҷӯ ва ҷаҳонбинии одами манфиатрасон. Шайх Саъдӣ одамеро, ки манфиатрасон нест, аз сангу гиёҳу ҳайвон ҳам камтар медонад, зеро ҳатто аз як минерал, растанӣ, ё ҳайвон манфиате буда метавонад. Инсонеро, ки аз ӯ ба ҷомеа, яъне ба хонавода, миллат, Ватан манфиат намерасад, сарфи назар мекунад, одам намедонад.

Ҳикмате, ки бешубҳа, барои ҳамагон маълум аст, ба он хотир оварда шуд, ки донистани ин ҳикмат аз зиндаву поянда доштани он фарқ мекунад, хосатан дар ҳоле ки ин арзиши бебаҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ мавриди хатари сахт қарор дорад.

Хушбахтона, ин хатарҳо дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон сирояти сахт накардаанд, аммо бисёр афсӯс, ки андак-андак зуҳури ин сироятро мушоҳида мекунем. Як тоҷике, ки тарбияти ақаллан падару модарро риоят карда бошад, ҳаргиз СПИД намешавад, мубталои нашъамандӣ намешавад, барои чанд сотих замини падарӣ бародарро ба суд намекашад. Мутаассифона, мо ин манзараи шумро дидем, ки барои ним метр замини падарӣ байни ду бародар моҷаро сар зад ва бародар бародарашро дар пеши чашми хешовандону фарзандон ба қатл расонд…

Аз ин нуқтаи назар таъкидҳое, ки Пешвои миллатамон ҳам дар паёмҳо ва ҳам дар китобҳояшон, хусусан дар китобҳои «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Чеҳраҳои мондагор» дар мавриди асолати миллӣ кардаанд, ба назари мо, бузургдошт, беҳдошт, амонатдорӣ ва амсоли ҳамин арзишҳоро дар назар доранд.

Дар ҷараёни ислоҳоти соҳаи маориф масъалаи асолати миллӣ бояд ҷиддан мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад, зеро ҷараёни зарба задан ва ҳатто маҳв кардани арзишҳои бунёдии умумибашарӣ дар раванди глобализатсия, ки яке аз қисматҳои ниҳонии он «бенизомии таҳти назорат» мебошад, шиддат дорад.

Тамаддуни ориёӣ-тоҷикӣ дар ҷаҳони мутамаддин, бидуни тардид, ҳамчун тамаддуни инсонгаро, инсондӯст, инсонпарвар маъруф шудааст. Тамоми тамаддунҳо, миллатҳо, сиёсатҳои ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки «Бани одам аъзои якдигаранд…»

Ҷомеаи имрӯзаи умумибашарӣ, хосатан қисмати пешрафтаи он ва аз ин қисмат мушаххасан олимони улуми рақамӣ, биотехнологӣ, генетикӣ, иттилоотӣ ба он марҳилае расидаанд, ки хоҷагони олигархи худро бо самарҳои ҳайратовари ин илмҳо муҷаҳҳазу табобат мекунанд: дилу гурдаву ҷигару дасту пойи кӯҳнаву фарсудашудаи онҳоро ивазу таъмир мекунанд, шиддати бемориҳои онҳоро ба маротиб саҳлу осон мекунанд. Ин пулдорони абарқудрати ҷаҳон, ки ба ҳисоби мутахассисон, ҳамагӣ панҷ фоизи аҳолии кураи заминро ташкил мекунанд, имрӯз тақдири тамоми инсониятро ҳал мекунанд, гуфтан мумкин аст, баъзан бо тақдири инсоният бозӣ мекунанд, таҷрибаҳо мегузаронанд. Мисоли содатарини ин ҳукм он аст, ки гуруснагии баъзе аз минтақаҳои ҷаҳон (монанди баъзе аз қисматҳои Африка, Бангладеш…) натиҷаи камобӣ, беҳосилӣ, қаҳтӣ ва ҳоказо набуда, балки ҳукми бозиҳои сиёсии ин ҷаҳондорон аст…

Дар улуми ҷомеашиносӣ ва инсоншиносии имрӯза истилоҳоти наве, монанди «трансгуманизм», «дегуманизатсия», «постгуманизм» пайдо шудаанд, ки аслан аз назари эволютсияи ҷомеаи ҷаҳонӣ, як марҳилаи нави ғайричашмдошту ғайриинтизор мебошад. Ин истилоҳот ҳанӯз таърифи мушаххасу равшан надоранд. Дар ҳар сурат дар ҳоли имрӯз чунин шарҳу таъриф доранд.

Постгуманизм раванди рушду тараққии инсоният, вазъи сиҳат ва таъминоти ӯ аз назари ҷаҳони постиндустриалӣ ва дастрасии инсонҳо ба натиҷаҳои муъҷизагунаи улуми ҷаҳонӣ, хусусан биотехнологияю генетика мебошад. Дар ин маврид дар назар мегирем, ки тақсимоти синфии ҷомеа дар марҳилаи постгуманистӣ комилан ғайригуманистӣ, ғайриинсонӣ шудааст, яъне ин самарот баъзан ба сабаби гаронбаҳо буданашон ва баъзан ба сабаби худхоҳии пулдорони абарқудрати ҷаҳон барои инсоният дастрас нестанд. Ин яке аз мисолҳои равшану мушаххаси ғайригуманистӣ, ғайриинсонӣ будани низоми давлатҳои ба истилоҳ пешрафта аст. Дар ин давлатҳо маълум аст, ки чунин арзиши бунёдии умумибашарӣ, ки адолат, ҳамдардӣ, баробарӣ ном дорад, комилан сарфи назар шудааст.

Дегуманизатсия раванди комилан, қасдан ё ба таври қонунӣ – тибқи қонунҳои эволютсионӣ, рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз байн рафтани боз ҳам арзишҳои пурқимати умумибашарӣ, монанди покдоманӣ мебошад, ки дар ин ҷомеаҳо на танҳо сарфи назар шудааст, балки қасдан, дониста ҳамчун як нишонаи қафомондагии тафаккури шаҳвоният ва ҷомеаи мушаххас талаққӣ мешавад.

Трансгуманизм як раванду марҳилаи навест, ки дар ҷараёни он инсоният ба дараҷаи нави зиндагии шахсӣ, ҷамъиятӣ, шароити комилан дигар аз назари рушду тараққии илмҳои мазкур, аз назари гузаштан ба ҷомеаи комилан дигари ҷаҳонӣ мерасад.

Дар чунин шароит тақдири ҳикмати ҷаҳонгири «Бани одам аъзои якдигаранд» чӣ мешавад? Оё ин ҳикмат дар ҷаҳони имрӯза коромад ҳаст? Оё имконияти пойбандӣ бар ин ҳикмат, пуштибонӣ аз ин ҳикмат вуҷуд дорад?

Ин саволҳо асрӣ, мубрам, тақдирсоз ҳастанд. Аз назари ин ҷониб зиндагии инсон бо маҷмӯи камолоти зебоиҳои инсонӣ, ҳаловатҳои инсонӣ, лаззатҳои инсонӣ, тапиданҳову ранҷҳои ширини инсонӣ, ки на камтар аз шодиву тарабҳои инсонӣ ҳастанд, бояд зиндаву пойдор бимонанд. Мо натиҷаҳои рӯзгори он қисматеро дорем, ки аллакай дар шароити баҳрабардорӣ аз муъҷизаҳои биотехнологияву генетика қарор доранд. Мушоҳидаи олимони барҷаста аз ин феномени асри XXI, мухтасаран бигӯем, ин аст, ки ҷаҳони эҳсос, ҷаҳони рӯзгори урфии ин қисмат ба рӯзгори як мавҷуди комилан холӣ аз эҳсосу роботгуна табдил шудааст.

Албатта, ин раванд яккатози ҷараёни рӯзгори инсоният нест. Дар баробари ин, андешамандон, пажӯҳишгарон, ихтисосмандони соҳаҳои гуногуни инсоншиносие ҳастанд, ки дар муқобили ин раванд устуворӣ пеша кардаанд ва барои дар сурати инсонӣ нигоҳ доштани ҷомеаи башарӣ ҷаҳду талош меварзанд…

Дар ин раванд ҷаҳонбинии инсонгаро, манфиатрасон, маънипараст, зебоишиносӣ, ҳикматдӯстии тамаддуни ориёӣ-тоҷикӣ бо дастовардҳои оламшумули тӯли ҳазорсолаҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшудаи хеш қудратеро мемонад, ки имрӯз ба хотири пойдории инсоният бояд дар майдони маърака бошад.

Чунин қудрати инсонсоз бидуни рушди неруҳои инсонӣ устувор буда наметавонад, иқтидори муқовимату рақобат кардан дар маъракаи ҷаҳониро дошта наметавонад.

Аз ин нуқтаи назар, матлабҳое, ки Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳо ва дигар осорашон ҷиҳати рушди неруҳои инсонӣ, парваришу тараққии қудратҳои зеҳнӣ ва ислоҳоти соҳаи маориф гуфтаанд, мубрам ва зарур мебошанд.

Дар маркази диққат будани неруҳои инсонӣ, мавриди парвариши бефосила, бетанаффус қарор гирифтани онҳо гарави барору баракат ва музаффариятҳои миллату давлат хоҳад буд.

Дар ин росто, як ҳақиқати талхе аз рӯзгори мо бояд мавриди муҳокима гирифта шавад. Ин ҳақиқати талх тақдири як хазинаи бисёр бузурги ҷаҳонбиниву маърифатӣ ва таҷрибаи рӯзгор аст. Ин хазина дар синаи он зиёиёне пинҳон аст, ки ба нафақа мераванд, монанди муаллимон, духтурон, инженерҳо, ихтисосмандони дорои маълумоти олии соҳаҳои кишоварзиву кӯҳкорӣ ва монанди инҳо. Вақте ин афрод бознишаста мешаванд, тақдирашон бисёр ғамангез мегардад.

Бояд зикр кунем, ки тақдири шаҳрнишинони онҳо аз музофотиҳояшон фарқ мекунад. Музофотиҳо ба як рӯзгори бисёр хираву дилгир рӯ ба рӯ мешаванд. Маълум аст, ки дар деҳот ҷойи ҳама клубу китобхонаву маҳфилҳои ҳунариро масҷиди маҳалла гирифтааст. Қаблан зикр мекунем, ки масҷид, бешубҳа, як манзили шоистаи эҳтиром ва ғамхориву нигаҳбонист, аммо табиати масҷид, фазову маънои масҷидро танҳо намоз муайян намекунад. Имрӯз масҷид ҷоест, ки пеш аз ҳама, дар ин маскан навигариҳои маҳалла пахш, муҳокима ва ҳатто ҳал мешаванд. Ин ҳам бад нест, аммо…

Пешвоёне, ки табиати фазову маънои масҷидро муайян мекунанд, мутаассифона, ҳамоно дар машраби имомхатибони урфӣ ҳастанд, яъне як нафаре, ки гурӯҳи дӯстони худро дорад (аслан муридон, хушомадгӯён, дилҷӯёни имом). Ин имом, воқеан, имрӯз тамоми масъулияти роҳбариву роҳнамоии як маҳаллаи хурд ё бузургро дорад. Маросими ҷанозаро ташкил мекунад, ба анҷом мерасонад, беморону барҷомондагонро аёдат мекунад (аслан дуову тӯмору таштоб медиҳад), тамае надорад, аммо одати устувори аҷдодӣ, ки ҳаст, яке камтар, дигаре бештар ҳаққи хизматашро медиҳад ва ҳатман як дастархоне дуруст мекунад. Дастархон ҳам маълум, ки гуногун аст. Иззату эҳтироми ин мулло ба соҳиби дастархон ба ҳаҷми харҷи дастархонаш аст, ки ин ҳам як ҳақиқати равшан аст. Аз ин дастархон онҳое баҳра мебаранд, ки дар ҳалқаи мулло ҳастанд. Дастархонро бигзорему бигзарем. Аз иззату эҳтироме, ки ҳар як инсон ба он эҳтиёҷи табиӣ дорад, ба ҳамин минвол баҳрабардорӣ мешавад. Дар ин раванд тибқи ҷаҳонбинии урфии музофотӣ, ки мутаассифона, бисёр ҷаҳонбинии ноогоҳ аст, он қисмати воқеан арзишманди музофоту маҳалла, ки зиёиёни бознишаста ҳастанд, на танҳо бебаҳра мемонанд, балки сол то сол, рӯз ба рӯз қадру қиматашон дар ҷомеа ва қонунан дар хонаводаи хеш паст мешавад. Дар ин раванд падидаи дигаре низ ҳаст, ки бисёр хатарнок аст: қисмате аз ин зиёиён барқасди пайравони мулло, ки табиатан, қонунан хушомадгӯ, лаганбардор, хабаркаш, чоплус, косалес ҳастанд, гурӯҳи шаробхории худро ташкил додаанд.

Тақдири ин гурӯҳи зиёиён бисёр ташвишовар аст.

Гурӯҳи дигар, ки аксарияти зиёиёни бознишастаро ташкил мекунад, маҷбур мешаванд риш монанд, ҷелаке, ки ба он ҳеҷ муҳаббате надоранд, бипӯшанд ва аз пайи дилёбии муллову дӯстони мулло шаванд. Мо ба ҷелаку риши ҳеҷ кадоме кор надорем. Ташвишу нигаронии мо аз харобшавии рӯзафзун, пӯсидан ва ҳатто аз байн рафтани он хазинаи маърифат, таҷрибаи дунявии рӯзгорест, ки дар синаи ин зиёиён таҳ ба таҳ ҳамчун каҳдуди тар дуд карда, аз байн меравад. Хазинае, ки бояд дар хизмати миллату давлат бошад, таҷрибаи мунавваре, ки метавонад роҳи чандин ҷавони музофотиро равшан кунад. Ин зиёӣ мавқеву мавриде надорад, ки таҷрибаи зеҳниву рӯзгори худро ба ҷавонон интиқол диҳад.

Бисёр хуб мешуд дар музофоту маҳаллот барои ин хазинадорони муҳтарам шароит муҳайё шавад, минбару мавриди тақдим кардани маърифату таҷрибаи рӯзгорашон муҳайё бошад. Одитарин тадбир ин аст, ки дар маҳаллот хонае сохта шавад, масалан ба унвонҳои «Чойхонаи мӯйсафедон», «Хонаи меҳтарон», «Хонаи ҷамъиятӣ»… Дар ин маскан шоҳмоту газетаву журналҳо фароҳам оварда шаванд… Сохтани ин гуна як хонаи маърифат, аслан, харҷи зиёде ҳам намехоҳад. Агар ин пешниҳод дастгирии расмӣ пайдо кунад, шубҳае нест, ки худи ин зиёиёни бознишаста ва ё фарзандони онҳо чунин як хонаи нозанин бунёд кунанд, нафаси озод бикашанд. Бигзор, дар ин хона намозхон намозашро хонад, газетахон мутолиа кунад, шоҳмотбоз шоҳмоташро бозӣ кунад.

Ин тадбир хосатан дар доираи се соли оянда, ки дар Паём Солҳои рушди деҳот ҳам эълон шудааст, бамавқеъ хоҳад буд. Мусаллам аст, ки ин хона як маҳфили табиии зиёиёни бознишаста хоҳад шуд – як хонаи пур аз маърифату таҷрибаи рӯзгори ифтихорманд. Ин маърифату рӯзгор бояд густурдаву омӯхта шавад, дар рушди неруи инсонӣ, қудратҳои зеҳнии ҷавонони музофоту маҳаллот саҳми арзишманд бигирад.

Вақте мо бандҳои марбут ба фарҳанг, забон, хештаншиносии миллӣ, суботи истиқлолияти сиёсии Паёмро тафаккур мекунем, ба он натиҷа мерасем, ки ин матлабҳо аз оғози фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фаъолияту андеша, суханрониву китобҳояшон як хатти бисёр устувори ҷавҳарии андешаи Пешвои миллатро ташкил медиҳанд. Дар як самти мустақим ба таҳлил гирифтани раванди ақидаҳои он кас нишон медиҳад, ки бозхондани пораҳои марбут ба хештаншиносии миллӣ, асолати миллӣ, беҳдошти мерос ва арзишҳои маънавии миллат ҳама ҷо аз паҳлуҳои гуногун таҳқиқ шуда, дар маҷмӯъ, шоҳроҳи ояндаи миллат, самтеро, ки суботи фарҳангии миллатро дар қалъаи суботи сиёсӣ ғамхорона таҳқиқ мекунад, равшан медорад.

Аз манзари қазияи «рушди неруҳои инсонӣ», «ҳамқадами илму фарҳанги муосир будан» стратегияи бунёди Тоҷикистони муосир равшан мегардад – Тоҷикистоне, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хос дорад, мавқее, ки ҳам асрӣ будани Тоҷикистон ва ҳам бостонӣ будани онро инъикос мекунад.

Агар ҳудуди ин гузориш мухтасар намебуд, барои равшан кардани андешаи зикршуда саҳифаҳои 10, 11 ва 12-и китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-ро иқтибос мекардем. Чун ин гуна имкон нест, даъват мекунем, ин саҳифаҳо ва умуман, китобҳои бисёр мубрами Пешвои миллат ба хотири равшану возеҳ дидани ҳадафи фарҳангии миллӣ дар ҷараёни суботи сиёсии Ватан бозхонӣ шаванд.

Дар ибтидои китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» андешаи воқеъбинонаву мубрам пешниҳод мешавад: «Мо ба гузашта ба хотири парастиши содалавҳонаи ниёгон не, балки барои тақвияти рӯҳи созандагӣ, бузургдошти хотираи нахустаҷдоди роҳкушои мо, ки дар дарозои таърих ба иқдомҳои нав камар баста, ба дастовардҳои бузургу ғайриодӣ ноил гаштаанд, рӯй меоварем» (С. 5).

Андешаи мазкур дар саҳифаҳои 10-11 чунин такмил мешавад: «…таърихи гузаштаи миллат ва давлату давлатдориамонро хубтар омӯзем, ҳамчун давлати соҳибистиқлоли миллӣ аз чанголи карахтӣ ва бегонапарастиҳо раҳида, ба қадри тамаддуну арзишҳои фарҳангӣ, забони миллӣ ва шеъру сухани оламгири ниёгон бирасем; дар зери парчами гузаштагони бузурги хеш гирд омада, истиқлолияту якпорчагии Ватани азиз, иттиҳоду ваҳдати ҳамагониро пеша намоем ва давлати воқеан ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро бунёд созем».

Сухани мо дар мавриди рушди неруи инсонӣ ва қудратҳои зеҳнӣ дар партави Паёми Пешвои миллат аст. Рӯ овардани мо ба андешаҳои Сарвари давлат ба он хотир аст, ки рушди неруи зеҳнии шаҳрванди Тоҷикистон як амри на танҳо муҳиму мубрам, балки дар шароити селобаҳои бешумори иттилооти имрӯза, ки хусусиятҳои гуногун, сифатҳои мусбату манфӣ, ғаразҳои ошкору ниҳон доранд, ба тафаккури хоси тоҷикона, ки бидуни тардид асрӣ, ҳамқадами замон ва на танҳо ҳамқадам, балки ҳамқадами рӯ ба пешқадамӣ бояд бошад, расидан кори бисёр мушкилу мураккаб аст. Оре, мушкил, печ дар печ, аммо мубрам ҳадафест ва мо барои ба рушди неруи инсонии тоҷиконаи асрӣ расидан бояд тамоми қудрати худро ҷонфарсоёнаю ҷонфидоёна сарфи ҳамин амр кунем. Моро зарур аст, ки бо таҳаммулпазирӣ, ҷаҳонбинии манфиатрасон, қудрати созандагиву ободкорӣ, яъне ҳамчун як шаҳрванди инсонгаро, поку муназзаҳ аз шовинизм, миллатпарастӣ, худхоҳӣ ва манфиатҷӯӣ фарҳанги солими миллӣ, андешаи шаҳрванди соҳибназар, соҳибистиқлоли асриро дар майдони сиёсати имрӯз аз селҳои гуногуну рангоранг, мусбату манфии пурталотум, гирдобҳои ғайриинтизору ношинохтаи иттилооти замон бо сари баланд ба сафи пеши зиндагии иқтисодиву фарҳангӣ ва сиёсӣ бароварда тавонем.

Яъне фарогирии таърих, адабиёт, забон ва дигар арзишҳои бунёдии миллат дар раванди рушди неруҳои инсонӣ ва қудратҳои зеҳнии кишвар, алалхусус барои насли ҷавон ҳамчун меросбари шоистаи тамаддуни оламшумул ва давлати соҳибистиқлол ногузир аст. Аз ҷумла, боз ҳам ҳақ ба ҷониби Пешвои муҳтарами мост, ки мегӯяд: «Яке аз вижагиҳои аслии бисёр муҳими забони мо, хосияти ба ҳамоварӣ ва ваҳдатофарии он аст…» («Забони миллат – ҳастии миллат». – С.15). Иқтибоси дигареро ин ҷо бамаврид медонем: «Забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи хеш бо вуҷуди он ҳама бархӯрд ва рӯёрӯйӣ бо чандин забонҳои тавонои дунё чеҳраи аслии худро нигоҳ доштааст, ки ин далели тавонои бунёдии ин шохаи забони ориёӣ аз даврони бостон то имрӯз мебошад» («Забони миллат – ҳастии миллат». – С.25).

Беихтиёр суханрониҳо ва таъкидҳои сершумори Президенти арҷманд ҷиҳати ҳушдори наттоқон ба хотир меояд, ки талаффузи забони ноби тоҷикиро риоят кунанд. Ба зиёиён, сиёсатмадорон таъкид мекунанд, ки қоидаҳои фонетикӣ, мантиқӣ, фасоҳати забони модариро ҳамеша дар мадди назар дошта бошанд. Аммо…

Бисёр афсӯс, ки ҳамоно талаффузи бисёр дағали наттоқони радио ва телевизионро мушоҳида мекунем, ки сирояти бисёр харобкорона, хусусан ба нутқи насли ҷавон дорад. Ҳанӯз ҳам мушоҳида мекунем, ки бегонапарастӣ дар забони матбуот ба ҳайси як худнамоии фазлфурӯшонаю булфузулона идома дорад. Ба назар мерасад, ки эҳсоси масъулият, хусусан масъулияти шаҳрвандиву ватанпарастӣ, миллатдӯстии масъулони шуъбаҳои марбута, муҳаррирон ва масъулони аз онҳо болотар ба ҳадди дардовар заиф аст ва ҷое ҳатто вуҷуд надорад. Дар бораи матни бештари сурудҳое, ки дар фазои гуфториву дидории расонаҳо пахш мешавад, ҷойи гуфтан ҳам нест, зеро аз ҳад зиёд гуфтаанду гуфтаем.

Назри ЯЗДОНӢ, Шоири халқии Тоҷикистон

Бознашр: АМИТ "Ховар"