Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот ПОСУХ БА БАЁНИЯИ БА НОМ ПМТ ОИД БА ВАЗЪИЯТИ ВМКБ
+++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» иштирок намуданд +++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз296
mod_vvisit_counterДирӯз706
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3505
mod_vvisit_counterДар ин моҳ24869
mod_vvisit_counterҲамагӣ1627483
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
24
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ПОСУХ БА БАЁНИЯИ БА НОМ ПМТ ОИД БА ВАЗЪИЯТИ ВМКБ

25.10.2018

Як моҳ қабл Президенти ҶТ ба ВМКБ, барои ифтитоҳ бахшидан ба якчанд корхона ва иншоотҳои дорои хусусияти иктисодӣ-ичтимоӣ дошта сафари корӣ анчом доданд. Дар рафти сафар бо фаъолон ва мардуми вилоят низ вохӯрӣ ва мулоқотҳои муфид анҷом дода шуд.

Сарвари давлат ҳамчунин вазъи дохилӣ ва тартиботи ҷамъиятии вилоятро мавриди таҳлил қарор дода, аз баъзе гурӯҳҳои унсурҳои ҷиноӣ дошта шадидан интиқод карданд. Дар иртибот ба ин масъала, ба мақомотҳои давлатӣ супориш шуд, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин дар якҷоягӣ бо мардум, волояти қонунро дар вилоят таъмин намоянд.

Дар муддати як моҳ, аз таъғироти кадрӣ, то таъғироти вазъи дохилӣ дар вилоят, аз ҷумла шаҳри Хоруғ эҳсос мешавад. Мардуми Бадахшон ва сокинони шаҳри Хоруғ бо амалҳои ватандӯстонаи худ, садоқат ва маҳбубияти худро ба давлат ва ватан исбот намудаанд.

Дар рафти суҳбат бо мардум эҳсос мешавад, ки онҳо аз баъзе нафароне, ки унсурҳои ҷиноӣ доранд хаста шудаанд. Имрӯз мо шоҳиди он гаштем, ки мардуми сарбаланди Бадахшон, аз ҷумла ҷавонони бо ору номуси вилоят дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ корҳои фаҳмондадиҳи дар маҳалаҳо анҷом доданд.

Дар натиҷа аз супоридани яроқҳои ғайриқонунӣ шурӯъ карда, то ба танзим даровардани ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ва тозакардани шишаҳои сиёҳи беҳуҷҷат ва аз байн рафтани рондани мошинҳои бе тамғаи давлатӣ мушоҳида мегардад. Ин ҳама гувоҳи он мебошад, ки дар вилоят корҳои хеле зиёде анҷом гирифтанд ва мардум аз ин иқдом ва поксозиҳо истиқбол гирифтаанд чун ин раванд зиндагонии мардумро боз осоиштатар намудааст.

Вале мутаасифона имрӯз гурӯҳҳое фаъолият менамоянд,ки мехоҳанд вазъиятро батаври дигар инъикос намоянд. Ин гурӯҳҳо манфиатдоранд, то дар байни мардум сару-садоҳои бардурӯғ паҳн намоянд. Яке аз ин гурӯҳҳо Паймони Миллии Тоҷикистон ном дорад, ки танҳо бо шунидани ин ном касро дар тааҷуб мегузорад. Яъне ин кадом паймони миллӣ ҳаст? дар куҷост? ва инҳо киҳоянд,ки аз номи миллат ҳарф мезананд.

Агар паймони миллӣ бошад, пас аз кадом қишрҳои ҷомеъаи Тоҷикистон паймон шудааст? ё дар он зиёиён, олимону академикон, шоиру нависандагон, коргару муҳандисон ва рушанфикрон ворид шудаанд?. Албата не. Ин ҳамон чанд нафаре, ки дар хориҷи кишварамон сокин шудаанд, худро мухолифи давлат эълон намуда, аз як ҳизб ба дигар созмонҳо мегараванд ва ҳар гуна изҳоротҳо ва баёнияҳои бардурӯғ менамоянд, то маблағгузориашон аз тарафи хоҷагони хориҷиашон қатъ нагардад.

Имрӯз онҳо оид ба вазъияти ВМКБ баёния мефиристан, ки гуё онҷо вазъият муташаниҷ аст ва ҳукумат кадом гуруҳҳои номаълуми иловагӣ ба онҷо равона намудааст ва кадом як амалиёт гузаронда мешавад, ки дубора хун мерезад. Ва бо ҳамон тафаккури пасти ғуломӣ бесарусомониҳои солҳои 1992-1997-ро ба ёд оварда вазъиятро ба он рӯзҳо баробар менамоянд.

Вале фаромӯш кардаанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла Бадахшониён он рӯзҳоро фаромуш накарданд ва барои нигоҳ доштани сулҳу оромии давлат ва таъмини амнияти он ба ягон дасиса ва макру ҳилаи душманон фирефта нахоҳанд шуд.

Аз расонаҳо, вохӯриҳо ва суҳбатҳои мардуми сарбаланд ва ватандусти Бадахшон эҳсос мешавад, ки чи гуна дастгирии қотеъонаи худро аз ҳукумат ва давлат ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар Бадахшон нишон медиҳанд. Дар тамоми дунӣё ҳукумат ва давлат вазифадор аст, ки волояти қонун ва тартиботи ҷамъиятиро дар дохил таъмин намояд ва муқобили унсурҳои ҷиноӣ шадидан мубориза барад. Бадахшон ҳам истисно нест ва барои таъмини зиндагонии орому осоиши мардуми Вилоят тамоми унсурҳои ҷиноӣ бояд аз байн бурда шаванд.

Мо имрӯзҳо дар шароите қарор дорем, ки тамоми неруҳои созандаи кишвар-ҳукумат ва ҳам ҷомеъаи шарвандӣ танҳо дар фикри рушду нумуи кишварамон бояд тамаркуз дошта бошем. Ва он неруҳои мухолиф, ки барои нооромии давлат кушиш менамоянд котеъона ва шадидан маҳкум менамоем.

Умед Давлатов,

коршиноси Маркази тадқиқоти

стратегии назди Президенти ҶТ