Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "ҲАМКОРИҲОИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН"
+++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз367
mod_vvisit_counterДирӯз1586
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта367
mod_vvisit_counterДар ин моҳ27613
mod_vvisit_counterҲамагӣ1277969
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
20
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ "ҲАМКОРИҲОИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН"

23.07.2018

Рӯзи 20 июли соли 2018 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи "Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон" баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, донишмандону коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, иштирокчиёни мизи гирдро хайрамақдам гуфт ва дар бораи натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, имзои созишнома ва қарордодҳои давлатӣ байни ду кишвари ҳамсоя, кӯшишу талошҳои Сарварони ду давлат барои боз ҳам мустаҳкам гардидани равобити равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон сухан ронда, таъкид намуд, ки боварии комил дорем сафари давлатии қарибулвуқуи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар радифи ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, робитаҳои фарҳангиву адабии халқҳои бародари тоҷику ӯзбек беш аз пеш густариш ва вусъати тоза пайдо мекунанд. Интизор меравад дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки моҳи августи соли равон дар назар аст, байни ду давлати дӯсту ҳамсоя Созишномаи шарикии стратегӣ ба имзо расад.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов зимни маърӯзаи худ доир ба сатҳи робитаҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон сухан карда, гуфт, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи марти соли равон сурат гирифт, дар таҳкими муносиботи ду кишвари дӯсту бародар ва ҳамсоя саҳифа ва уфуқҳои тоза боз кард. Таъкид гардид, ки зимни сафари таърихии Президенти Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 санади байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун имзо гардид.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи август дар назар дошта шудааст, омодагии ҳамаҷониба дида мешавад. Интизор меравад, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон санадҳои муҳими байнидавлатӣ ба имзо расонида шаванд, ки ба таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд ва ҳусни ҳамҷавории ду кишвари дӯсту ҳамсоя мусоидат менамояд. Инчунин, дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузории ҳамоиши доираҳои соҳибкории ҳар ду кишвар ва ташкили намоишгоҳ дар назар аст, ки он ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Дар робита ба таҳкими равобити илмию фарҳангии ду ҳамсоякишвар Эргаш Шоисматов зикр кард, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мақсади таҳкими ҳамкории имлию фарҳангии ду давлат ҳайати беш аз 80-нафараи намояндагони илму фарҳанг ва аҳли зиёи Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуда, аз шаҳрҳои Тошканду Самарқанд ва дигар шаҳрҳои бостонии ҷумҳурии ҳамсоя боздид ва бо аҳли илму зиёи Ӯзбекистон мулоқот мекунанд. Дар поёни суханронӣ Эргаш Шоисматов 30 нусха китоби дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон нашршударо дар мавзӯъҳои гуногуни таъриху фарҳанг, забоншиносиву мардумшиносӣ ба китобхонаи Маркази тадқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ супорид.

Сипас иштирокчиёни ҳамоиш маърӯзаҳои илмии директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Худобердӣ Холиқназарро дар мавзӯи "Рушди робитаҳои фарҳангӣ ҳамчун асоси мустаҳками инкишофи муносибатҳои дӯстонаи халқҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон", доктори илмҳои филологӣ, профессор Мисбоҳиддин Нарзиқулро дар мавзӯи "Ҳузури муштараки адибони тоҷик ва ӯзбек дар ҳавзаҳои адабиии Мовароуннаҳр", устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон М.Низомиро дар мавзӯи "Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ саҳифаи дурахшоне дар таърихи робитаҳои фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек", доктори илмҳои филологӣ, профессор Рӯшан Раҳмониро дар мавзӯи "Умумиятҳои фарҳанги муштараки мардуми тоҷику ӯзбек (дар мисоли фолклор ва мардумшиносӣ)" бо мароқи том шуниданд. Маърӯзачиён ба суолҳои иштирокчиёни мизи гирд посухҳои қаноатбахш доданд. Сипас ҳозирин пиромуни маърӯзаҳои ироашуда фикру андешаҳои арзишманд иброз намуданд.

Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ҷамъбаст ва натиҷагирӣ кард ва изҳори умед намуд, ки минбаъд низ робитаҳои фарҳангӣ, илмиву адабиии халқҳои тоҷику ӯзбек беш аз пеш густариш меёбад. Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон