Асосӣ: Навигариҳо ХОТИРАЕ АЗ ОЛИМИ ЗИНДАЁД
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз579
mod_vvisit_counterДирӯз1560
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4498
mod_vvisit_counterДар ин моҳ21088
mod_vvisit_counterҲамагӣ1347959
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Октябри
19
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ХОТИРАЕ АЗ ОЛИМИ ЗИНДАЁД

17.04.2018

Имрӯз, 18 апрел дӯстону наздикон ва пайвандони олими зиндаёд профессор Суҳроб Шарифов 55-солагии ӯро қайд мекунанд. Марги нобаҳангом ин олими забардаст ва инсони комилро 19 январи соли 2015 дар айни авҷи камолоти илмиву эҷодӣ аз байни мо рабуд, вале номи профессор Суҳроб Ибронович дар ёдҳои мо солҳои сол боқӣ мемонад.

Суҳроб Шарифовро чӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ҳамчун роҳбари асил, сиёсатшиносӣ маъруф - Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон хуб мешинохтанд ва ҳурмату эҳтиром менамуданд.

Он дар умри кӯтоҳи хеш Суҳроб Шарифов роҳи тӯлониеро касб намуда, касбияти баланди худро нишон дод. Солҳои 2003 - 2005 ёрдамчи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда ва яке аз сарварони масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва аз соли 2005 то соли 2011 директори Маркази мазкуро ба ҳуда дошт.

Соли 2011 Суҳроб Шарифов вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Дар ин давра вай узви Кумитаи парлумонӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Комиссии доимии оид ба сиёсати иҷтимои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё интихоб гардиданд ва бо медали он сарфароз шуданд.

Ҳаёти шодравон профессор Суҳроб Шарифов таҷассуми воқеии зиндагиномаи як инсони софдилу покизакор, мушфиқу меҳрубон ва шаҳрванди лоиқу сазовори Тоҷикистони азиз буд. Барои ҳамкорон вай намунаи ибрат ва тимсоли масъулиятшиносӣ буд, вайро ҳамчун шахси матинирода ва суботкору ташаббускор эҳтиром мекарданд.

Як ҷанбаи муҳими фаъолияти Суҳроб Ибронович тадқиқоти илмии ӯ мебошад, ки вай ҳамчун яке аз олимони варзидаи Тоҷикистон масъулияти бузургеро ба зимма гирифта буд. Ба ҳайси доктори илми сиёсатшиносӣ, профессор дар воситаҳои ахбори оммаи ватаниву хориҷӣ мунтазам дар мавзӯъҳои муҳими рӯз мақолаҳои зиёде ба табъ расонидааст. Муаллифи китобҳои зиёди илмӣ оид ба масъалаҳои сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистон ва амнияти дохиливу минтақавӣ буд.

Навиштаҳояш бо таҳлили амиқи касбӣ ва тадқиқоти густурда фарқ мегарданд. Вай муаллифи се монография, 500 мақолаи илмию тахлилӣ буда, дар зиёда аз 100 конфронси илмию амалии байналмилалӣ иштирок намудааст ва ҳамеша манфиатҳои Ватану милатро ҳимоя мекард.

Хизматҳои Суҳроб Иброниович дар ташаккулёбии мактаби сиёсатшиносии ватанӣ арзишманд аст. Вай ҳамчун роҳбари бисёр муҳаққикони илмӣ ва диссертантҳо онҳоро ба роҳи бузурги илм ҳидоят намуд, ки дар вазифаҳои масъули давлатӣ фаъолият менамоянд.

Соли сипаригардида Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи олими барҷаста ва сиёсатшиносӣ варзидаи тоҷик яке аз кӯчаҳои пойтахтро ба номи ин фарзанди баруманди миллат - Суҳроб Шарифов гузошт ва тамоми истиқоматкунадагони ин хиёбон аз ному фаъолияти ӯ ифтихор менамоянд, вале да байни мо ҷойи ӯ холист.

Зиндаву ҷовид монд ҳарки накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Манучеҳр Расулов,

коршиноси Маркази тадқиқоти

стратегии назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон