Асосӣ: Навигариҳо ШЕВАҲОИ НАВИ ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз272
mod_vvisit_counterДирӯз1026
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта272
mod_vvisit_counterДар ин моҳ25235
mod_vvisit_counterҲамагӣ1317902
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
24
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ШЕВАҲОИ НАВИ ТЕРРОРИЗМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

17.04.2018

«Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид карда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад».

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22.12.2017

Терроризм ва ифротгаройӣ бо ҷамъияти инсонӣ таърихи баробар дорад, яъне инсон ҳеҷ гоҳ аз ин амалҳои зишт дар канор набудааст. Террору одамкушӣ дар тӯли таърих бо шеваҳои гуногун аз худ дарак додаанд. Роҳбарони пасипардагии террористон ҷавононро мағзшӯйӣ карда, онҳоро ба сӯйи марг мефиристанд ва номи худро ҳамчун тимсоли бадӣ, вайронкорӣ дар саҳифаҳои таърих сабт менамоянд. Мақсади террористон эҷоди бесуботӣ, барангехтани низоъҳои миллию мазҳабӣ ва нажодӣ мебошад. Онҳо мехоҳанд бар издиҳом ва гурӯҳи одамон нуфуз пайдо кунанд, мувофиқ ба хост ба мағзи онҳо шакл бахшанд. Чун террористон рӯҳу мағзи одамонро ба ихтиёр медароранд, қудрати зиёдеро соҳиб мегарданд. Онҳо мехоҳанд дар давлатҳои алоҳида ҳукмрон шуда, ба кору амале даст зананд, ки танҳо хости худашон аст. Ба он ки ҷаҳониён дар бораашон чӣ назаре хоҳанд дошт, аҳамият намедиҳанд.

Террористон манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд. Онҳо аз сохти давлатие ҳимоят мекунанд, ки ба андешаашон ҷавобгӯйи аҳкоми динӣ ва мазҳабӣ мебошад. Дар натиҷаи амалҳои террористии онҳо давлатҳои ҷудогона бесубот ва ба хоки сияҳ баробар шудаанд. Як қишри ҷомеаро бо қишри дигар, пайравони мазҳаб¬ҳои гуногунро зидди ҳам мешӯронанд, ҳатто давлатеро муқобили давлати дигар қарор медиҳанд. Дасисаҳои абарқудратҳо ва дастгирии онҳо аз террористон дар гӯшаҳои гуногуни дунё баҳри амалигардонии манфиат давлатҳои зиёдеро ба ҳоли табоҳ гирифтор намудаанд. «Баҳори Араб» тарҳи барномарезишудаи абарқудратҳо буд. Онҳо бо ин роҳ тақсимоти нави ҷаҳониро аз кишварҳои Араб оғоз намуданд. Дасисаҳои бозигарони ҷаҳонӣ як қатор давлатҳои Араб, аз ҷумла Сурия, Ироқ, Либия, Яманро ба ҳоли табоҳе гирифтор намуданд.

Дунёи имрӯз дунёест, ки манфиатҳои миллию давлатӣ дигар муносибатҳои ҷамъиятиро тезутунд мегардонанд. Бахусус, давлатҳои абарқудрат, бозигарони сиёсии ҷаҳонӣ барои ноил шудан ба хостаҳои худ — аз нав тақсим намудани ҷаҳон, соҳиб шудан ба сарватҳои табиии дигарон «Баҳори Араб» ва инқилобҳои рангаро тарҳрезӣ ва амалӣ менамоянд. Барои ҳалли масоили иқтисодии худ аз ҳисоби дигарон ба абарқуд¬ратҳо абзорҳое, ба мисли ташкили бесуботию нооромӣ, ба миён овардани зиддиятҳои мазҳабӣ, миллӣ ва инқилобҳои ранга лозиманд.

Мағзшӯйии одамон, бахусус, ҷавонон, ба тафаккури онҳо ҷо намудани ақидаҳои ифротӣ ва ба ин восита барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ сафарбар намудани онҳо кори ҳамешагии террористон буду ҳаст. Дар шартномаи Иттиҳоди Аврупо мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ҳамкории муштараки давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт муҳимтарин масъала шуморида шудааст. Амали террористии 11 сентябри соли 2001 дар шаҳри Ню — Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико суратгирифта масъалаи мубориза ба муқобили терроризмро ба мақоми аввал баровард. Кишварҳои қудратманди ҷаҳон хатари терроризмро дуруст дарк намуда, дар равобити байналмилалӣ ба он ҳамчун ба масъалаи меҳварӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекардагӣ шуданд.

Новобаста аз ин, ҳанӯз ҳам миёни давлатҳои қудратманди ҷаҳонию минтақавӣ нисбат ба терроризм муносибатҳои дугона ҷой доранд. Абарқудратҳо аз гурӯҳҳои террористӣ барои амалӣ намудани хостаҳои худ истифода ва онҳоро бо силоҳу пул таъмин менамоянд. Аз ин ҷиҳат, дар давлатҳои гуногун ба терроризм баҳои ҳархела додаанд. Дар қонуни ҷазои Фаронса амали террористиро амале медонанд, ки низоми умумиро халалдор менамояд. Дар қонунгузории Португалия терроризмро таҳдид ба манофеи миллӣ, тағйир додан ё нобуд сохтани муассисаҳои давлатӣ медонанд. Бенямин Натаняҳу, нахуствазири Исроил, терроризмро ҳамлаи санҷида ва танзимшуда бар зидди шаҳрвандон барои эҷоди тарс ба хотири ҳадафҳои сиёсӣ номидааст.

Терроризми байналмилалӣ набояд дар чаҳорчӯбаи манфиатҳои миллии кишварҳо, балки дар сатҳи васеътари манфиатҳои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон таъриф гардад.

Терроризм зуҳуроти мураккаб аст. Мавқеи сиёсӣ ва иҷтимоии он ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ пайвандӣ дорад. Терроризм дар тӯли таърих дар миёни пайравони динҳои яҳудӣ, насронӣ, ислом, ҳиндуизм, буддоӣ ва сикҳ вуҷуд доштааст. Тафаккури мазҳабӣ иқдомоти хушунатбор дошта метавонад. Беҳуда нест, ки яке аз навъ¬ҳои терроризм терроризми мазҳабист. Терроризми қадим аз терроризми имрӯза фарқ дорад:

- терроризми қадим бо воситаҳои сода дар омезиш бо хушунат ва вайронгарӣ барои пиёда намудани ҳадафҳои сиёсӣ анҷом меёфт. Терроризми имрӯза аз воситаҳои бисёр пешрафтаи коммуникатсионӣ, ба мисли фазои маҷозӣ (интернет), алоқаи мобилӣ, маҳвораҳо, воситаҳои ахбори омма васеъ истифода менамояд;

- терроризми қадим аз амали худкӯшӣ хеле кам истифода мекард, терроризми имрӯз аз амали худкушӣ фаровон истифода менамояд;

- ҷуғрофиёи амали терроризми қадим маҳдуд буд, дар ҳоле ки терроризми имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ амал мекунад;

- терроризми имрӯз ғолибан терроризми мазҳабист. Мазҳаб ҳамчун такондиҳандаи асосӣ дар амалҳои террористӣ мавқеи муҳим дорад. Дар қадим терроризм асоси идеологӣ ва сиёсӣ дошт, баъзан бар эҳсосоти шахсӣ, манфиати хусусӣ ва гурӯҳӣ асос меёфт.

Хушунат ва таҳдид, даҳшат¬афканӣ, бераҳмӣ хусусиятҳои асосии терроризм мебошанд. Терористон ашхоси тундраву бераҳм ҳастанд. Нисбат ба терроризм гурӯҳбандии гуногун вуҷуд дорад. Аз рӯйи ҷуғрофиё терроризм ба чор навъ тақсим мешавад:

1. Терроризми давлатӣ

2. Терроризми фаромиллӣ

3. Терроризми маҳаллӣ

4. Терроризми фардӣ.

Терроризми сиёсӣ, наркотерроризм, терроризми мазҳабӣ, кибертерроризм, терроризми ҳастаӣ, терроризми ҷиноӣ, бунёд¬гаро, терроризми иттилоотӣ, қавмӣ, ҷамъиятӣ, фарҳангӣ аз навъҳои дигари терроризм ба шумор мераванд.

Ҳанӯз солҳои «ҷанги сард», замони ҳузури артиши Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар Афғонистон, дар даҳ ҳазор мадрасаи динии Покистон беш аз 50000 нафар ҷавони ҳабдаҳсоларо таҳти омӯзиш ва парвариш қарор доданд. Тӯли чиҳил соли охир дар Покистон, мутобиқи дастури кишварҳои бонуфуз, ба омӯзиши ҷавонони Афғонистон, Арабистони Саудӣ, Миср, Индонезия, Яман, Сурия, Алҷазоир, Либия, Марокаш, Филипин машғуланд. Аз миёни шогирдони ин мадрасаҳо Абдулло Иззом, Усома бини Лодан ва Айман Завоҳирӣ роҳбарони ҳаракатҳои террористӣ гардиданд.

Баъди шикасти «Давлати исломӣ» дар Сурия ва Ироқ ҷангиёни ин ташкилоти террористӣ давлатҳои Аврупоро ба майдони амалҳои террористии худ табдил дода истодаанд. Коршиносон бар он ақидаанд, ки пешвоёни зиндамондаи «Давлати исломӣ» кӯшиш доранд, ки дар шаҳрҳои калони Аврупо, дар мавзеъҳои мавриди таваҷҷуҳи сайёҳон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд. Ҳатто ин амалҳоро дар қитъаҳои Амрико ва Австралия амалӣ карданианд.

Соли 2016 ташкилоти «Давлати исломӣ» қариб 75 дарсади қаламравашро дар Ироқ ва тақрибан 60 дарсадашро дар Сурия аз даст дод. Ин ташкилот 1400 амали террористиро анҷом додааст. Воқеанигори рӯзномаи «Jerusalem Post» Йона Ҷереми Боб дар мақолаи «Шеваи нави «Давлати исломӣ» чунин менависад: «Ҳоло созмони «Давлати исломӣ» маъракаи таълими террористони танҳо (гургони якка)-ро ба роҳ мондааст. Бояд ин «гургони якка» бо истифода аз моддаҳои заҳрдор дар марказҳои сераҳолӣ амалҳои террористиро ба сомон расонанд».

Дар арсаи байналмилалӣ гурӯҳи террористии «Ҳизб-ут-таҳрир» хеле фаъол гардидааст. Ташкилоти мазкур соли 1953 дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ таъсис ёфтааст. Он вақт Байтулмуқаддаси Шарқӣ ба ҳайати давлати Урдун дохил мешуд. Ба мамониатҳо нигоҳ накарда, шуъбаҳои он дар Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ, Ҷанубу Шарқии Осиё амал менамоянд. Коршиносон чунин мешуморанд, ки дар давлатҳои Осиёи Марказӣ ячейкаҳои ин ташкилоти террористӣ пинҳонӣ амал мекунанд.

Нури Маҳдӣ Ҳасан дар тадқиқоте бо номи «Терроризм ва ноустувории сиёсии ҷамъияти навин. ба хулосае меояд, ки миёни терроризм ва ҷинояткорӣ як тори бисёр нозуке мавҷуд аст. Ин нуқтаи назарро муаллифони китоби «Давлати исломӣ. Артиши террор», ки соли 2016 дар шаҳри Москва аз чоп баромад, Майкл Вайс ва Ҳасан Ҳасан ҷонибдорӣ менамоянд.

Баъди шикасти «Давлати исломӣ» дар Сурия ва Ироқ як қисм ҷангиёни ин ташкилоти террористӣ бо роҳҳои гуногун ба Афғонистон оварда шуданд. Дар музофоти шимолии Афғонистон — Сарипул ва Балх террористони созмони «Давлати исломӣ» мавқеи мустаҳкам доранд. Волии Сарипул Муҳаммадзоҳири Ваҳдат таъкид менамояд, ки ДИИШ баҳри мустаҳкам намудани мавқеъ дар ноҳияҳои ин музофот амал карда истодааст. Бино ба гуфтаи Муҳаммадзоҳири Ваҳдат, сафи ин ташкилот аз ҳисоби ҷалби ҷавонони маҳаллӣ низ пурра мегардад. Ҷалби ҷангиёни нав дар Қӯштеппа ва Сайёд низ фаъолона ба роҳ монда шудааст.

Котиби матбуотии маъмурияти музофоти Сарипул Забеҳулло Амонӣ бар он ақида аст, ки нуфузи террористони созмони «Давлати исломӣ» дар ноҳия¬ҳои Сарипул ба кори босамари ҷосусони ин ташкилот ва ҷазоҳои сахту бераҳмонаи онҳо марбут аст. Моҳи июли соли 2017 ҷангиёни ДИИШ бо роҳбарии Қорӣ Шермуҳаммад дар музофоти Сайёд барои танқиди «Давлати исломӣ» дар миёни халқ мулло Тоҷмуҳаммадро сар буриданд.

Ҷосусони ДИИШ миёни аҳолӣ кор мебаранд ва касе, ки ба танқидашон даҳон мекушояд, рӯзи дигар нопадид мегардад. Дар ноҳияҳои Хайратон ва Чортеппа, ки бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳаданд ва дар Балх ҳокимон аз буҷаи маҳаллӣ ба ҷангиёни ДИИШ ва «Толибон» барои дахолат накардан пул медиҳанд. Нақшаи давлатҳои Ғарб барои дар Афғонистон будани ДИИШ аз касе пинҳон нест. Аз рӯйи ҳисоби ташкилоти дахлдори байналмилалӣ террористон аз ҳисоби фурӯши маводи мухаддири Афғонистон соле тақрибан 200 миллион доллари амрикоӣ даромад ба даст меоранд. Ин манбаи даромад ҳоло дар ихтиёри ҷанговарони «Толибон» аст. Ҷойи шубҳа нест, ки соли 2018 ҷангиёни созмони «Давлати исломӣ» «Толибон»-ро аз бозори фурӯши маводи мухаддир мебароранд. Аз чор се ҳиссаи аҳолии Афғонис¬тон ҷавонони то синни 30 мебошанд. Маҳз ҳамин табақа мавриди ҷалби террорис¬тон қарор гирифтааст. Соли 2018 рақобати ДИИШ бо «Толибон» дар масъалаи ҷалби ҷавонони Афғонистон авҷ хоҳад гирифт.

Дар бораи шумораи ҷангиёни созмони «Давлати исломӣ» ақидаҳо гуногунанд. Аз рӯйи маълумоти коршиносони давлати Исроил дар як соли охир шумораи ҷангиёни «Давлати исломӣ» дар Афғонистон шаш маротиба зиёд шудааст. Ҳарбиёни амрикоӣ ин рақамро тасдиқ намекунанд. Ба андешаи онҳо, шумораи ҷангиёни Абӯбакри Бағдодӣ дар Афғонис¬тон дар натиҷаи амалиёти ҷангии қӯшунҳои Афғонистон ва Иттиҳоди ҳарбии Атлантикаи Шимолӣ (НАТО ) кам шудааст. Шумораи аниқи ҷангиёни ин созмонро дар Афғонистон касе намедонад. Рақаме, ки сарчашмаҳои гуногун ҳадс мезананд, аз 3 то 10 ҳазор ҷангиро дар бар мегирад. Қисми зиёди ҷангиён дар Шарқи Афғонистон, дар музофоти Нангарҳор, Кунар, Хост мавқеъ гирифтаанд. Чанде пеш силоҳбадастони ДИИШ дар шимоли Афғонистон, дар музофоти Ҷузҷон, Сарипул, Фарёб аз худ дарак дода буданд. Дерест, ки оид ба Тоҷикистон зада даромадани террористони «Давлати исломӣ» пешгӯйиҳо ба миён омада истодаанд. Аммо, ба гумони бисёре аз коршиносон, ҷиҳодиёни ДИИШ бояд, пеш аз ҳама, мавқеи худро дар Афғонистон мустаҳкам намоянд. Айни замон ба давлатҳои Осиёи Марказӣ зада даромадани онҳо воқеият надорад.

Имрӯз тарзу шеваи муборизаи террористон тағйир ёфтааст. Онҳо аз усули «гурги якка» истифода намуда, бо ёрии корд ё воситаи нақлиёт даст ба одамкушӣ мезананд, ки бисёр усули хатарноки фаъолияти террористӣ ба ҳисоб меравад. Ҷангиёни бо даъвати Абӯбакри Бағдодӣ ва бо истифода аз усули «гурги якка» амали террористӣ анҷомдиҳандаро пешакӣ муайян кардан ниҳоят душвор аст.

«Ҷиҳодиёни мухтор» — террористони якка имрӯз ба силоҳи босамари ташкилоти террорис¬тии «Давлати исломӣ» табдил ёфтаанд. Тарғибгарони хилофат ба воситаи интернет дар Аврупо, Амрико ва Русия тарафдорони худро ба ҳуҷумҳои якка даъват мекунанд ва онро «ҳуҷуми илҳом» номидаанд. «Ҷиҳоди мухтор» ривоҷи эҷодкоронаи минбаъдаи усули фаластинии террори инфиродӣ бо истифодаи воситаҳои дастрас аз тарафи «Давлати исломӣ» мебошад. Бино ба баҳогузории таҳлилгарони «Давлати исломӣ», амалҳои террористие, ки «гургони якка» анҷом медиҳанд, нисбат ба амалҳои террористони худкуш дар Сурия ва Ироқ таъсири бештари сиёсӣ дорад.

Ҳар гуна муноқишаи маҳаллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ дар Афғонистон ба манфиати ҷиҳодиёни «Давлати исломӣ» буда метавонад. Ҷалби ҷавонони пуштун ба сафи ДИИШ яке аз сабабҳои зиддияти ин ду гурӯҳи террористист. Дар оянда ДИИШ ҳатман баҳри ҷалби ҷавонони ғайри пуштун — тоҷикон, ӯзбекҳо дар шимоли Афғонистон кӯшиш хоҳад кард. ДИИШ дар Афғонистон назди худ ду вазифа гузоштааст: 1.Шиаҳоро маҷбуран ба мазҳаби суннӣ баргардонан: 2. Ташкил намудани хилофате, ки Афғонистон, Покистон, Эрон, Қафкоз, Осиёи Марказӣ ва дигар марзҳоро дар бар гирад.

Дар Сурия ва Ироқ шикаст хӯрдани ДИИШ танҳо шикасти ҳарбист. Шикасти ҳарбӣ маънои ҳамчун тарҳи сиёсӣ, чун бренде, ки рӯҳу мағзи ҳазорон ҷавони мусулмони суннимазҳабро ҷалб мекунад, аз байн рафтан, нест шуданро надорад. Суст гардидани мавқеи созмони «Давлати исломӣ» дар минтақаи Шом (Сурия ва Ироқ) боиси ба пинҳонкорӣ рафтани ҷамоатҳои ин ташкилот, ба биёбон кӯчида, дар намуди «Хилофати чирикӣ» фаъолият намудани онҳо мегардад. Аммо баъди панҷ — шаш сол ин созмони иртиҷоӣ метавонад дар Сурия ва Ироқ боз аз худ дарак диҳад. Дар ин вазъият ғояи асосии ДИИШ дастгирии Ҳаракати озодихоҳии Фаластин дар мубориза ба муқобили давлати Исроил буда метавонад.

Бархӯрди бесобиқаи манфиатҳои миллию давлатии кишварҳои абарқудрат боиси печидаву муташанниҷ гардидани вазъи сиёсии сайёра гардидааст. Ҳодисаҳои охири ҷаҳон, тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наз¬дик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё ноустувор будани вазъро собит менамояд. Танҳо моҳи январи соли 2018 дар Афғонистон 154 амали террористӣ рӯй додааст. Ин рақам бояд ҳамаро ба андеша водор созад. Ҷангиёни созмони «Давлати исломӣ» инсонҳои бегуноҳ, аз ҷумла кӯдакону занон, пиронсолону барҷомондагонро ваҳшиёна ба қатл мерасонанд, сару гӯшу биниашонро мебуранд. Фароҳам овардани фазои эътимод, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани кишварҳои дунё ба муқобили терроризм ва экстремизм шарти муҳими муборизаи босамар бо ин вабои аср аст. Сарукор гирифтан аз «сиёсати дугона» нисбат ба терроризму экстремизм самараи кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбию сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад.

Тарафдорони «сиёсати дугона» поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳру уқёнусҳо ғарқ шудани гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро нодида мегиранд.

Неруҳои ифротии минтақа дар Афғонистон, онро ҷойи амали худ қарор додаанд , аз фурӯши маводи мухаддир яроқу аслиҳа мехаранд. Албатта, чунин ҳамсоягӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон кори осон нест. Тоҷикистон, ки садди роҳи интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба давлатҳои минтақа ва ҷаҳон гардидааст, сарфи назар ба хисороти молию ҷонӣ нақши кишвари буфериро иҷро менамояд. Ҳанӯз соли 1998 дар Иҷлосияи 20-уми махсуси Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон дар бораи хатару оқибатҳои нангини тавсеаи зуҳуроти терроризм ҳушдор дода, ташкили «минтақаи амнияти атрофи Афғонистон»- ро пешниҳод карда буд.

Солҳои навадуми асри гузаш¬та Ҷумҳурии Тоҷикистон даврони мубориза ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронид ва дар ин роҳ даҳҳо ҳазор фарзанди миллат ҷонӣ худро аз даст доданд. Баҳри мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм асоси ҳуқуқӣ лозим буд. Бинобар ин, соли 1999 барои мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм як зумра санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ қабул шуданд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо терроризм» имзо гузошт ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» ба тасвиб расид. Ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизмро фароҳам овард.

Ҳодисаҳои нангини 4–16 сентябри соли 2015 — суиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти ТТЭ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сурат гирифт, собит намуд, ки баъзе аз доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанӯз аз ниятҳои бадхоҳона нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд ва мехоҳанд нақшаҳои хешро бо дасти зархаридону гумоштагон амалӣ гардонида, ба сари мардум низоми бегонаро таҳмил намоянд.

Тавре 25 январи соли 2016 вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар нишасти матбуоти вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2015 зикр намуд: «Дар иртибот ба ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти дастаҷамъии сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ 38 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпешаи Назарзода Абдуҳалим кушта, зиёда аз 200 нафар дастгир гардид. Аз аъзои ин гурӯҳи ҷинояткор миқдори зиёди силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ дарёфту мусодира шуд».

Аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ мепайванданд, саводи зарурии дунявӣ ва маърифати динӣ надоранд. Намоиши филмҳои дорои хусусиятҳои террористӣ ва экстремистӣ, паҳнкунии ғояҳои ифротгаройӣ таввассути шабакаи ҷаҳонии интернет сабаби дигари гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки паст будани савияи дониши ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағҳои муфт боиси фирефта шудан аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба онҳо будааст.

Роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд яке аз роҳҳои пешгирии гаравиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ба ҳисоб меравад. Дар муҳити носолим тарбия ёфтан, аз ҷониби падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда фароҳам наовардани шароити зарурии моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва рӯҳӣ ба заифии таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ боис мегардад. Дар натиҷаи гузаронидани вохӯриҳои инфиродӣ бо падару модарон соли 2015 аз 3 ҳазору 233 нафар шаҳрванд, ки ғайрирасмӣ дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, беш аз 3 ҳазор нафар ба Ватан баргардонида шуданд.

Бо дарназардошти аҳамияти бузурги масъала Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки: «Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд., илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва дар оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд».

Зубайдулло ДАВЛАТОВ, корманди Маркази

тадқиқоти стратегии назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр аз “www. sadoimardum.tj”