Асосӣ:
+++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз298
mod_vvisit_counterДирӯз1031
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1329
mod_vvisit_counterДар ин моҳ28703
mod_vvisit_counterҲамагӣ1734516
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
16
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Маркази матбуот


МУЛОҚОТ БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ИРЛАНДИЯИ ШИМОЛӢ

01.07.2019

Рӯзи 28 июни соли 2019 бо хоҳиши Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ҷаноби Лучиано Калестини мулоқоти роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тадқиқотчиёни байналмилалии Донишгоҳи Куинси шаҳри Белфасти Ирландияи Шимолӣ дар ҳайати директори Маркази тадқиқот ва инноватсияҳои иҷтимоӣ, профессор Пол Конноли, омӯзгори калон, доктори илм Сара Миллер, омӯзгори калон, доктори илм Лаура Данни, омӯзгор доктор Никол Крейг, мудири иҷроияи Раёсати рушди Ирландияи Шимолӣ, доктори илм Сиобхан Фитспатрик, муовини мудири иҷроияи Раёсати рушди Ирландияи Шимолӣ Паулин Волмсли баргузор гардид.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Диловар Қодирзода дар аввал меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт ва дар бораи фаъолият ва ҳамкориҳои байналмилалии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтасаран маълумот дод.

Муфассал...
 
КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "БОЗОРИ МОЛИЯВӢ ВА ҶАРАЁНҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ"

28.06.2019

Рӯзи 28 июни соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи "Бозори молиявӣ ва ҷараёнҳои сармоягузорӣ" баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, донишмандони соҳаи иқтисодиёт, коршиносон ва рӯзноманигорони расонаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки бозори молиявӣ ва ҷараёнҳои сармоягузорӣ яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим ва мубрами иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир таваҷҷуҳи худро ба таъмини молиявии рушду пешрафти иқтисодиёт тавассути бозори молиявӣ ва сармоягузорӣ беш аз пеш равона кардааст.

Муфассал...
 
КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "ЗАХИРАҲОИ ОБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: НЕРУ ВА ИДОРАИ СТРАТЕГӢ"

26.06.2019

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми доимоамалкунандаи муҳокимаю машваратҳои васеи самаранок доир ба масъалаҳои стратегии рушди кишвар 25 июни соли 2019 конфронси илмию амалиро дар мавзӯи "Захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон: неру ва ва идораи стратегӣ" баргузор намуд. Дар ҳамоиш мутахассисони вазорату сохторҳои идоракунии давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ, марказ ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, коршиносон ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаҳонафрӯз Даринг кушода, зикр кард, ки ҷомеаи ҷаҳониро дар асри мусоир ғайр аз дигар таҳдиду хатарҳо хатари норасоии об ё дастрасӣ надоштан ба он ба ташвиш овардааст. Олимон ва мутахассисони соҳа пайваста дар пайдо намудани роҳҳои ҳалли камбуди обро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додаанд.

Муфассал...
 
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "РУШДИ ШАРИКИИ ФАРОГИРИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН ДАР РАВАНДИ БУНЁДИ МУШТАРАКИ "ЯК КАМАРБАНД, ЯК РОҲ"

13.06.2019

Рӯзи 13-уми июни соли 2019 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи "Рушди шарикии фарогири стратегии Тоҷикистон ва Чин дар раванди бунёди муштараки "Як камарбанд, як роҳ"-ро баргузор намуд. Дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон, Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин, вазорату муассисаҳои марбутаи давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, донишмандону коршиносон ва рӯзноманигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Конфронси байналмилалиро бо сухани табрикӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода ифтитоҳ намуда, баргузории чунин нишастро барои рушд ва таҳкими шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар раванди бунёди муштараки тарҳи бузурги "Як камарбанд,

Муфассал...
 
МУЛОҚОТ БО ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ ЧИН

13.06.2019

Дар таърихи 13-уми июни соли 2019 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Дар мулоқот ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чинро ноиби Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ҷаноби Ван Ҷинсин, директори Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ҷаноби Сун Чуанчжи ва дигар кормандони масъули муассисаи номбурда намояндагӣ карданд.

Мулоқотро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода ифтитоҳ карда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамсоякишвари бузург ва яке аз шарикони муҳими стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 1 аз 26