Асосӣ:
+++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз283
mod_vvisit_counterДирӯз1031
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1314
mod_vvisit_counterДар ин моҳ28688
mod_vvisit_counterҲамагӣ1734501
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
16
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Таҳқиқот


НБО-и «Роғун» - калиди муваффақиятҳои кишвар дар самти рушди устувор

11.07.2019

Дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол моҳи ноябри соли 2018 рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваст ва барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадами устувор гузошта шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Неругоҳи барқӣ обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд ва ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушди босуръати кишвар мусоидат хоҳад кард, оғоз бахшиданд.

Ҳанӯз 29-уми октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқӣ обии «Роғун» ҳусни оғоз бахшида, ҳамзамон таъкид дошта буданд, ки «Он рӯз дур нест, ки дар партави нурӣ Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тоза хоҳад гирифт». Ин нияти нек бо кӯшишҳои тамоми мардуми кишвар ва бо роҳбарии Пешвои дурандеш дар муҳлати кӯтоҳи таърихӣ ҷомаи амал пӯшид.

Муфассал...
 
Ба муносибати 22-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ

25.06.2019

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – АРЗИШИ ВОЛОТАРИН

Роҳи пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози музокирот бо мухолифин зарфи 22-соли сипаришуда дурустии худро исбот намуд. Тай кардани ин роҳ барои Тоҷикистон осон набуд. То оғози музокирот як таҷрибаи санҷидашудае вуҷуд надошт. Сарвари ҷавони давлат Эмомалӣ Раҳмон он вақт танҳо ду ситораи қутбнамо дошт, яке Конститутсияи Тоҷикистон ва дигаре иродаи халқи тоҷик.

Ба ҳамаи душворию маҳрумиятҳо нигоҳ накарда, раванди сулҳу ризояти миллӣ дар Тоҷикистон барои миллати тоҷик мактаби бузурги таърихие буд, ки шаҳрвандон аз он дарси фарҳанги сулҳ, дарси давлатдорӣ омухтанд. Ин таҷриба ва ин сабақи таърих барои садсолаҳост.

Сулҳ дастоварду арзиши миллист, маҳсули хиради волои халқ аст. Бархурди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, кӯшиши аз нав тақсим намудани ҷаҳон бо мақсади соҳиби ба сарватҳои табии ва захираҳои ашёи хому бозори ҷаҳон руз ба рӯз шиддат ёфта истодааст.

Муфассал...
 
ВАҲДАТ – КАФИЛИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

24.06.2019

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ, бо сабабҳои дохилию берунӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуда буд, ки хисороти хеле зиёдро ба бор овард. Дар натиҷаи ин ҷанги хонумонсӯз зиёда аз 150 ҳазор нафар сокинони кишвар ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар гуреза шуданд ва 55 ҳазор кӯдак ятим монд. Аммо бо “раҳми Парвардигор” (Лоиқ Шералӣ) ва бо иродаи қавию сулҳпарваронаи миллати тоҷик 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид, ки ба раванди ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нуқта гузошт. Ин руйдоди ниҳоят муҳими таърихӣ давлати тоҷиконро аз парокандагӣ наҷот бахшида, тақдири ояндаи миллатро ба тарафи дурахшандагӣ тағийр дод. Раванди низоъҳои дохилидавлатии кишварҳои шарқи наздик, эътирозҳои пай дар пайи шаҳрвандон дар кишварҳои Ғарб баёнгари мушкилоти ҷадиди инсоният ва таҳдиди бевосита ба амнияти давлатҳо дар замони муосир мебошад. Шароити ҷаҳони зудтағийрёбанда тақозо менамояд, ки давлатҳои миллӣ баҳри амнияти пойдор ва сулҳу оромӣ дар кишвар беш аз пеш таваҷҷуҳи хосаро зоҳир намоянд, зеро омилҳои низоъбарангез,

Муфассал...
 
Ваҳдат - кафили ягонагӣ ва ҳаёти осоиштаи мост.

24.06.2019

Имсол аз имзои санади тақдирсози кишвар - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 22- сол сипарӣ мешавад. Созишномаи мазкур дар таъмини Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши арзандаро дорад ва ҳамасола ҷашн гирифтани он ба ҳукми анъана даромадаст. Бешак, осудагию оромие, ки ваҳдати миллӣ ба кишварамон овард, ба рушду инкишофи асосҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт. Имрӯз бо дилпурӣ метавон гуфт, ки ваҳдат кафолатдиҳандаи ягонагии халқи мо ва ҳаёти осоиштаи он мебошад.

Новобаста аз он, ки имрӯз мухолифини кишвар аз хориҷ истода ба таври яктарафа, аз эътибор соқит кардани амали Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро хоҳонанд ва дар атрофи он «ҷангҳои иттилоотӣ» - и бесобиқаро ба роҳ мондаанд, ҷашнгирии ҳамасолаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ба ақидаи банда, бебозгашт аст.

Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 чунин қайд кардаанд: «Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки душманони миллати тоҷик ба сари мо таҳмил карда буданд,

Муфассал...
 
ҶИНОЯТҲОИ КИБЕРӢ ВА ХАТАРҲОИ ОН БА АМНИЯТИ ДАВЛАТУ ҶОМЕА

13.05.2019

Раванди инкишофи босуръати технологияи муосир дар баробари пешравиҳо як қатор мушкилотро ба бор овардааст, ки сабаби ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Баъзе дастовардҳои ҷадиди илмиву техникии инсоният имрӯзҳо ба таҳдиду хатар барои суботу амнияти худи инсонҳо ва ҷомеаи онҳо табдил ёфта истодаанд.

Ҷиноятҳои киберӣ яке аз падидаҳои нави замони муосир ба шумор рафта, таҳдиди он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пеш аз ҳама, ба амнияти миллии ҳар як кишвар ба назар мерасад. Асосан зери мафҳуми ҷиноятҳои киберӣ ҷиноятҳое фаҳмида мешавад, ки тавассути технологияи компютерӣ, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад.

Қаллобии молиявӣ, ҳуҷум ба системаҳои компютерӣ, тасарруфи (дуздидан) маълумоти шахсӣ, паҳн кардани маълумоти ғайриқонунӣ ва бардурӯғ, кибертерроризм ва ғайра ба сифати ҷиноятҳои киберӣ фаҳмида мешаванд, ки мушкилоти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиро дар пай доранд.

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 1 аз 16