Асосӣ:

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз338
mod_vvisit_counterДирӯз2557
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта10836
mod_vvisit_counterДар ин моҳ50958
mod_vvisit_counterҲамагӣ1896860
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Сентябри
20
Ҷумъа
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «МАСОИЛИ РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ ДАР РАВАНДИ ПЕШГИРИИ ТУНДГАРОИИ ИСЛОМӢ ВА ЭКСТРЕМИЗМ»

Дар таърихи 5-уми майи соли 2015 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзӯи «Масоили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди пешгирии тундгароии исломӣ ва экстремизм» баргузор гардид. Ҳадафи баргузории ин ҳамоиш дарёфти чораҳои пешгирӣ аз ҳар гуна тамоюли тундгароии динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон тақвияти фаъолияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти боло бурдани мафкураи динию дунявии аҳолии кишвар ба шумор рафта, дар он кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, муассисаҳои илмию таҳлилӣ, коршиносон ва мутахассисони соҳа, инчунин, намояндагони васоити ахбори омма фаъолона ширкат ва суханронӣ намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки экстримизми динӣ ва ифротгароӣ ба масъалаи доғи ҷаҳонӣ ва мавзӯи баҳсбарангези муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфта, дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон ба зинаи баланди шиддатёбӣ омада расидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин таҳдиди глобалӣ дар канор намондааст. Бо дарназардошти хусусияти мазкурро гирифтани раванду муносибатҳо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон,

Муфассал...
 
ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМОИ МУБОРИЗА БО ОНҲО

  1. Камолова М.Р.,
  2. номзади илмҳои
  3. сиёсӣ, муовини сардори Раёсати
  4. омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии
  5. Маркази тадқиқоти стратегии назди
  6. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду чолишҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад.

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст». [1]

Муфассал...
 
БОЗИИ АБАРҚУДРАТҲО ДАР МИНТАҚА: ТАҲДИДҲО ВА ПОСУХҲО

Вазъи кунунии кишварҳои арабӣ на танҳо кишварҳои ҳамсоя, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Воқеаҳои охири Ховари Миёна ва дар арсаи сиёсӣ пайдо шудани ҳаракатҳои ифротгарои динӣ, ба монанди «Давлати исломии Ироқу Шом», ки ба қатлу куштори мардуми бегуноҳ ва харобу вайрон кардани шаҳру деҳот даст зада истодаанд, як вазъи номуайяни сиёсиро ба вуҷуд овардааст. Албатта, идеяи бунёди як давлати дорои низоми динӣ бе назардошти вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварҳои мустақили арабӣ, ки дорои фарҳангу анъанаҳои хоси қавмию миллии худанд, ғайриимкон аст. Вале саркардагони ин ҳаракатҳо ҳамаи масъалаҳои меҳвариро нодида гирифта, кӯшиши бо зӯр ва истибдод бунёд кардани чунин як давлатеро доранд.

Мутаассифона, имрӯз дар ҷаҳони ислом идеяи бунёди давлати исломӣ ҳам дар масоили сиёсӣ - мафкуравӣ ва ҳам иқтисодӣ - иҷтимоӣ ҳарҷумарҷи зиёдро ба бор овардааст. Дар айни замон ягон муҳаққиқ ояндаи минтақаро пешгӯӣ карда наметавонад. Вале аксарият бар ин ақидаанд, ки ин мушкилот танҳо дар сурати мувофиқаи абарқудратҳои минтақа ва ҷаҳонӣ ҳаллу фасл мешавад. Ҳоло унсури асоси саҳнаи сиёсии минтақа низои мазҳабии мусулмонон мебошад.

Муфассал...
 
Мулоқот бо котиби Кумитаи ҳизбӣ-роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Чунсян 20.04.2015 13:10,

шаҳри Душанбе Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон котиби Кумитаи ҳизбӣ-роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Чунсянро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин минтақаи фарохи Чин, ки дар ҳамсоягии кишвари мо қарор дорад, баррасӣ шуд.

Чжан Чунсян аз боздиди худ аз корхонаю муассисаҳои муштараки ду кишвар дар ҷануб ва шимоли Тоҷикистон гузориш дода, аз суръат ва сифати кори пурсамари онҳо изҳори хушҳолӣ кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва муҳтавои муносиботи кунунии Тоҷикистону Чин изҳори қаноат карда, ҳамзамон изҳор дошт:”Мо азм дорем, ки ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши худ бо Чин суръати бештар бахшида, онро ба сатҳи сифатан боло барорем”.

Барои ин бо сифати баланд таҳия намудани Барномаи нави

Муфассал...
 
Оғози бунёди хатти барқии 500 киловолтаи Душанбе - ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ 20.04.2015 18:01, ноҳияи Варзоб

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос ба бунёди хатти барқии 500 киловолтаи Душанбе - ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Маросими бошукӯҳи мазкур, ки дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб баргузор гардид, ҳамчунин бо иштироки узви Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин, роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури ин ҳамсоякишвари бузург Чжан Чунсян ҷараён гирифт.

Ба бунёди хатти барқии 500 киловолтаи Душанбе - ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ бо сахт кардани мурбати нахустин симпоя ва гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом аз ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз бахшида шуд.

Зимни суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз

Муфассал...
 
МИЗИ ГИРД ТАҲТИ УНВОНИ «МАРДИ НАКУНОМ ВА ДОНИШМАНД»

Рӯзи 18-уми апрели соли 2015 дар маҷлисгоҳи МТС –и назди Президенти ҶТ таҳти унвони «Марди накуном ва донишманд» мизи гирд бахшида ба зодрӯзи собиқ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Суҳроб Шарипов баргузор гардид. Дар ин нишаст дӯстону ҳамкорон, шогирдону пайвандон ва коршиносони масоили сиёсӣ ва дигарон ширкат варзиданд.

Маҳфили ёдбудро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ифтитоҳ намуда, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти илмии марҳум Суҳроб Шарипов суханронӣ намуд. Мавсуф хизматҳои шоистаи шодравон Суҳроб Шариповро ба ҳайси директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ қайд намуда, хотироти худро дар бораи ӯ баён намуд.

Сипас дӯстону ҳамкорон ва шогирдони Суҳроб Шарипов:–Сайфулло Сафаров, Кароматулло Олимов, Абдунабӣ Сатторзода, Абдулвоҳид Шамолов, Шоҳназар Шоисматуллоев, Ҷамшед Саидов, Фаррух Насимов, Гузел Майтдинова, Саодат Соҳибназарова,

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 91 92 93 94 95 96 97 98 99 100 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 92 аз 107