Асосӣ:
+++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешсаф дар мубориза бо терроризм ва экстремизм +++ Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти мубориза бо терроризм +++ ТАБРИКОТИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон +++ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Суан Фук мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд +++ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» иштирок намуданд +++ Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия +++ Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия +++ Таъиноти кадрӣ +++ ТАНОСУБИ ҚУВВАҲО ДАР АФҒОНИСТОН: СУЛҲХОҲОН ВА ҶАНГҶӮЁН +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз272
mod_vvisit_counterДирӯз903
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта2039
mod_vvisit_counterДар ин моҳ23403
mod_vvisit_counterҲамагӣ1626017
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Mайи
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Оиди фаъолияти МТС дар соли 2014.

Рӯзи 5 январи соли 2015 дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати пешниҳодкардаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ  оид ба «Натиҷаҳои фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014» баргузор гардид.Нишасти матбуотиро бо суханони муқаддимавӣ муовини аввали директори Марказ Сайфулло Сафар кушода, суханро ба директори МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар дод. Ӯ ҳангоми суҳбат иброз дошт, ки «Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати яке аз марказҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат фаъолият менамояд. Марказ дар соли 2014 дар самтҳои зерин фаъолият намудааст.

1.Дар самти корҳои илмию тадқиқотӣ:

Муфассал...
 
НАҚШИ ҲХДТ ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИРИ ТОҶИКОН

 

Пас аз пош хӯрдани Шӯравӣ иттиҳоди солҳои 90-уми асри гузашта ихтилофи қувваҳои сиёсӣ дар дохили кишвар дар натиҷа даргириҳои мусаллаҳона, хисороти зиёди ҷониву молӣ ба бор овард. Дар чунин вазъият ташкил намудани як неруи бузурги сиёсӣ ва гирдиҳам овардани шаҳрвандони баору номус ва ватандӯст тақозои замон буд. Дар ин давраи такдирсоз неруе лозим буд, ки захираҳои зеҳнӣ, қувваҳои мухолифро муттаҳид созад,истиқлолияти миллӣ ва давлатиро дифоъ карда, сулҳу салоҳ, якпорчагии кишвар ва субботу амниятро таъмин ва мардумро ба ваҳдату созандагӣ даъват намояд. Дар муҳити хеле вазнини он рӯзҳо ҳалли ин масъаларо ягон ҳизбу ҷунбиш ё неруи дигар бар дӯш нагирифт ва фазои сиёсӣ куллан бенизом шуда буд. Бинобар ин барои танзими фазои сиёсӣ ва ҳифзи давлату миллат бо тавсияи Роҳбари кишвар ва кӯшиши зиёиён моҳи сентябри соли 1993 Кумитаи тадорукотии ҳизби нав ташкил карда шуд.Моҳияти аслии он роҳнамоии сиёсии мардум ва таъмини Вахдати миллӣ маҳсуб дониста шуданд. Яъне мақсади ҳизб дар амал татбиқ намудани марому орзуҳои мардуми тоҷик, таҳкими давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буд. Бо кӯшишҳои Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон олитарин ҳадафи ҳизб – дарёфти сулҳу субот ва оромию осоиштагии ҷомеа ба ваҳдати миллӣ табдил ёфт, татбиқу амалӣ гаштани дигар ғояҳои ҳизб, яъне рушди иқтисодиёт, расидан ба ваҳдати умумиллӣ ва қадамҳои устувор гузоштан дар самти бунёдкориву созандагӣ дар асри навин эътимоди халқро ба ояндаи ҲХДТ қавитар гардонид.

Муфассал...
 
САМТҲОИ СТРАТЕГИИ РУШДИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Рӯзи 30 декбри соли 2014 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Самтҳои стратегии рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» бахшида ба 20 солагии Марказ доир гардид. Нишастро бо суханони ифтитоҳӣ Муовини аввали директори Марказ Сайфулло Сафаров кушода, суханро ба директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Худобердӣ Холиқназар дод. Ӯ дар мавзӯи «Ҷойгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол» сухан ронда, иброз дошт, ки «МТС яке аз калонтарин марказҳои таҳлилию пажӯҳишии минтақа буда, тайи ин муддат дар он коршиносони шинохтаи сатҳи миллӣ ва минтақавӣ кор кардаанд. Марказ робитаҳои васеи байналмилалӣ дорад. Дар доираи он имрӯз бо беш аз бист Маркази илмию тадқиқотии кишварҳои гуногуни ҷаҳон робитаи илмӣ барқарор карда, ба онҳо созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расида, корҳо ва барномаҳои илмии муштарак амалӣ мешаванд. Марказ тайи бист соли фаъолияти худ корҳои васеи тадқиқотию таҳлилиро доир ба муҳимтарин масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ анҷом дода, дар рушду шукуфоии Ватани азизамон саҳми назаррас гузоштааст».

Муфассал...
 
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ ШӮРОИ ИЛМИИ МТС

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои илмӣ доир гардид. Нишастро Директори Марказ Худобердӣ Холиқназар бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуд. Сипас барои ҳисобот суханро ба муовини директори МТС Сайфулло Сафаров вогузор намуд. Ӯ зимни гузориши худ қайд кард, ки «яке аз омилҳои муҳимми таҳкими давлатдории миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиш ва таҳлили васеи фарҳанги сиёсӣ ба шумор меравад, ки барои тақвияти субот ва амният миллӣ таъсири мусбат мерасонад. Дар ин росто тадқиқоти ташаккули хусусиятҳои миллии фарҳанги нави сиёсӣ дар кишвар барои дарки равандҳои муосири сиёсати дохилӣ ва таҳияи пешниҳоду мулоҳизаҳои амалӣ мусоидат мекунад.

Дар кори илмию тадқиқотии Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ дар солҳои 2011–2013 масъалаҳои назариявӣ, методологӣ ва хусусиятҳои ташаккули фарҳанги сиёсӣ ва таъсири он ба низоми сиёсӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта буданд ва нақши афзори муҳимми ташаккулдиҳандаи он, аз қабили ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳо, ҳаракатҳои мардумӣ ва ВАО низ муайян гардида буд. Пиромуни ташаккули хусусиятҳои миллии фарҳанги нави сиёсӣ дар кишвар бояд зикр намуд, ки дар кори илмию тадқиқотии мазкур ҷанбаҳои мухталифи он мавриди омӯзиш ва таҳлил карор гирифтаанд». Маърӯзагар таъкид намуд, ки соли 2014 кормандони ин раёсат 44 адад гузориши таҳлилӣ,

Муфассал...
 
ҶАҲОНИ БИСЁРҚУТБӢ: АЗ НАЗАРИЯ ТО ВОҚЕИЯТИ ГЕОПОЛИТИКӢ

22-юми декабри соли 2014 дар Маркази тадқикоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Ҷаҳони бисёрқутбӣ: аз назария то воқеияти геополитикӣ» баргузор гардид.

Конфронсро бо суханони муқаддимавӣ Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Худобердӣ Холиқназар кушода меҳмононро пазироӣ намуд.

Сипас Фарида Муминова- муовини директории Марказ, В.Г.Колташов- директори Маркази тадқиқоти иқтисодии Институти глобализатсия ва ҳаракати иҷтимоии Россия, Б. Султанов - Раиси Иттиҳоди коршиносони Осиёи Маркази ва Қазоқистон, ва профессорони тоҷик-Г.М. Майтдинова,

Муфассал...
 
БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ДУРНАМОИ СИЁСАТИ «ДАРҲОИ БОЗ» ДАР ШАРОИТИ НАВИ ҶАҲОНИШАВӢ»

Дар доираи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №3 аз 3-юми январи соли 2014, рӯзи 25-уми ноябри соли 2014 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмию амалии байнамилалӣ дар мавзӯи «Дурнамои сиёсати «дарҳои боз» дар шароити нави ҷаҳонишавӣ» баргузор шуд. Дар кори конфронс илова бар роҳбарият ва кормандони масъули Марказ, ҳамчунин муовини Вазири корҳои хориҷии ҶТ, муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, намояндагони Шӯрои амнияти ҶТ, вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, вазорати корҳои дохилии ҶТ, вазорати мудофиаи ҶТ, вазорати молияи ҶТ, вазорати нақлиёти ҶТ, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ, Анҷумани дӯстии Тоҷикистон ва Афғонистон, Сафирони Фавқуллода ва Мухтори Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, ҶИ Афғонистон дар Тоҷикистон ва намояндагони сафоратҳои Белорусия, Туркманистон, ҶИ Ирон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 71 72 73 74 75 76 77 78 79 80 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 79 аз 89