Хабарҳо аз ҷониби MTC
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
   Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд. Дар паёми…
ОИД БА БАЪЗЕ ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
   Агар ба таърихи навини инсоният дар ду қарни охир назар андозем, ба таври аёнӣ мушоҳида мегардад, ки тӯли ин даврон танҳо он давлатҳое рушд кардаанд, ки онҳоро сиёсатмадорони дорои қобилияти баланди сарварӣ ва ислоҳотгар идора намудаанд. Аз зумраи чунин сиёсатмадорони ислоҳотгар ва…
ГУЛЧИНИ СУХАНОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БОБИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ (БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ДАВЛАТӢ–5 ОКТЯБР)
   Забону фарҳанги мо ойинаест, ки роҳи бисёр тӯлонии дар масири таърих паймудаи тоҷиконро инъикос кардааст. *** Муҳаббат ба диёри бостонӣ ва пос доштани забони ширини модарӣ моро ба сӯйи ояндаи нек раҳнамоӣ мекунанд. *** Бигузор, забони ҷовидонаи шеъри қофиласолори адабиёти тоҷику форс…
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
   05.10.2021 Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо онро ҳар сол ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ва гиромидошти забони ширину шевои тоҷикӣ таҷлил менамоем, самимона табрик мегӯям. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ шоҳиди дигаргуниҳои бузургу бесобиқа…
5 ОКТЯБР – ДУ ҶАШНИ БУЗУРГ БА ҲАМАГОН МУБОРАК!
   Имрӯз миллати мо ду ҷашни бузург дорад - 5 октябр тибқи моддаи 2 «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон шудааст ва ин сана зодрӯзи мубораки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам…
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Муъминобод
   04.10.2021, ноҳияи Муъминобод Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Соли 2021 барои Тоҷикистони азизи мо аз ҷумлаи солҳое мебошад, ки дар саҳифаҳои таърихи навини халқамон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид, зеро истиқлоли давлатии Ватани маҳбубамон сисола шуд. Ҷашни муқаддаси 30 – солагии истиқлоли…
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ-РУКНИ МУҲИМИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ
   Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарини дунё ба ҳисоб рафта, таърихи он ба дуҳазорсолаи пеш аз милод рост меояд. Имрӯз ин забонро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ мешиносанд ва дар арсаи ҷаҳонӣ онро эътироф мекунанд. Забон мафҳуме зинда ва ҳамвора дар ҳаракат…
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар амфитеатри ноҳияи Ховалинг
   03.10.2021, ноҳияи Ховалинг Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Сафари кории мо ба ноҳияи бостониву зебоманзари Ховалинг дар айёме баргузор мегардад, ки чанде қабл дар саросари кишварамон ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон – санаи барои ҳар як фарди ватандӯст азизу муқаддас ботантана…
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Фархор
   02.10.2021, ноҳияи Фархор Ҳамватанонои азиз! Муҳтарам роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми ноҳияи Фархор! Имрӯзҳо тамоми мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони заҳматдӯсти ноҳияи Фархор таҳти таассуроти ҷашни бузурги 30 – солагии истиқлоли давлатӣ, ки барои халқи куҳанбунёди тоҷик воқеан як санаи таърихӣ…
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ
   01.10.2021, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Ҳамдиёрони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Мулоқоти мову шумо – сокинони сарбаланди ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар айёме баргузор мегардад, ки тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон чанде пештар 30-юмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро дар саросари кишвар бо…