Сулҳу субот, амният ва осудагӣ арзишҳои олие мебошанд, ки пешрафти ҳар як давлат ва ҷомеа аз он вобастагии амиқ дорад. Дар ин росто ҳифзи субот ва оромиш вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Мардуми сарбаланди Тоҷикистон солҳои зиёд аз печидагии амниятӣ ва орӣ аз суботу осудагӣ парешон буда, дар роҳи расидан ба сулҳ ва ваҳдати ҳамашумул ҷони худро дареғ надоштанд. Ин сатҳи субот ва ин фароҳамии осудагӣ неъмати бебаҳоест, ки насиби миллати фарҳангсолори тоҷик гашт.

Дар рўйи олам даҳҳо кишварҳоест, ки дар орзўи як рўзи бе ҷанг ва як соати бе ғам ҳастанд. Ин кишварҳо бо ҳассосияти хос таҷрибаи сулҳи ватани маҳбуби моро варақ мезананд ва бо алам ба ин сатҳи ризоият ормон мебанданд. Мутаассифона, ҳатто дар чунин ҳолат нафароне ҳастанд, ки бо тиннати заҳҳокӣ кўшиш менамоянд суботу амнияти ҷомеаро халалдор намоянд.

Хабаре, ки рўзи 25-уми ноябр аз сарзамини олуфтагон аз шаҳри шарифи Хоруғ паҳн гашт, тамоми мардуми кишварро бетараф нагузошт. Як гурўҳаки ҷинояткор зери роҳбарии Завқибек Гулбиддинов тўли чанд сол миёни мардум тафриқаандозӣ намуда, кўшиш намуданд миёни аҳолии маҳал ҳисси кинаву адоватро побарҷо созанд. Ин гурўҳак ба нерўи ночизи худ бовар намуда, ҳатто корманди мақомоти қудратиро ба гаравгон гирифта, зери азобу шиканҷа қарор додаанд. Боз ба ҳамаи ин қаноат накарда, бо расидан ба шаъну шарафи намояндаи мақомоти қудратӣ ин ҳодисаро сабт намуда, тариқи расонаҳо паҳн намуданд. Ин нафари ҷинояткор бе бетиннат, ки зимни амалиёти боздошт ба ҷониби намояндагони ҳифзи ҳуқуқ аз тапонча оташ кушодааст, дар ҷойи ҳодиса безарар гардонида шуд.

Мутаассифона бархе аз гурўҳҳои ғаразнок аз вазъият ва ноогоҳии аҳолии маҳал истифода намуда, кўшиш менамоянд, ки аз як ҷинояткору хоин симои қаҳрамонро созанд. Албатта, ки офтобро бо доман пўшондан қудрати инсон нест. Тамоми кирдорҳои номатлуби ин Завқибек Гулбиддинов ва ҳаммаслаконаш ошкор аст ва ин ҳодиса наметавонад рўҳияи фарҳангбунёд ва ваҳдатсолори мардуми саодатманди Бадахшони азиз ва дигар сокинони ватани маҳбуби моро коста созад.

Мо, насли огоҳи ин сарзамин хуррам, бояд ҳеҷ гоҳ нагузорем, ки пояи ваҳдати мо заиф гардад, доғе рўйи суботи мо падид ояд ва сояе рўйи осудагии моро тира кунад. Мо дигар фирефтаи ангезаҳо нестем. Мо дигар фирефтаи овозаҳо нестем.

Дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд наметавон аз ҷинояткор қаҳрамон сохт!!!

Дар ҷомеаи ваҳдатмеҳвар наметавон ихтилоф овард!!!

Бадахшон – ҷавҳари сарзамини ман!

Бадахшон – рамзе аз истиқлоли ман!

Чоп кунед