Парчам яке аз рамзҳои соҳибихтиёрии кишвар мебошад, ки он ба сифати рамзи давлату миллат аз замонҳои хеле қадим мавҷуд буда, аз ҳастии ин ё он давлат дарак медиҳад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи истиқлоли давлатии кишвари маҳбубамон ба ҳисоб рафта, он 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Маҳз бо ташаббуси Президенти кишвар 24 ноябри соли 2009 «Рӯзи Парчами давлатӣ» эълон гардид, ки ин рӯзи муборак ҳамасола дар саросари кишвар ботантана ҷашн гирифта мешавад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лавҳаи росткунҷаест, ки аз се рахи уфуқӣ иборат буда, қисми болоияш сурх, миёнааш сафед ва поёниаш сабз мебошад.

Ранги сурхи парчам рамзи муборизаву ҷоннисории халқи тоҷик барои озодӣ ва истиқлол (аз замонҳои қадим мардуми тоҷдори тоҷик барои ҳастии худ ба муқобили душманон мубориза бурда, маданияту анъанаҳои миллии худро ҳифз менамуданд).

Ранги сафеди парчам ин нишони бахту саодат, умеду орзу ва ростию покӣ мебошад (аз замонҳои қадим ниёгони мо одамонро ба покизагии виҷдон, адлу инсоф ҳидоят менамуданд).

Ранги сабзи парчам нишонаи сарзабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ, абадият ва ранги баҳору деҳқонӣ мебошад (аз гузаштагони мо меҳнатдӯстию меҳнатқаринӣ ба мо мерос мондааст).

Дар маркази парчам тоҷи тиллоӣ тасвир ёфта, дар болои он ҳафт ситора ба шакли нимдоира таҷассум ёфтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Тоҷи зарҳалин, ки бо ҳафт ситораи дурахшон ҷойгир шудааст, рамзи соҳибдавлатии кишварро бо мавҷудияти таъриху тамаддун, фарҳанги бостонии халқи тоҷик, давлату давлатдории мардуми бостонӣ ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамонии гузаштагони моро ифода менамояд.

Ҳафт ситора дар ибтидо ҳафт шоири барҷастаи форсу тоҷикро таҷассум мекардаанд, баъдан ҳафт фазои хуби озодии ориёӣ. Ҳоло бошад, ҳафт ситора ҳафт минтақаи таърихию фарҳангии кишвари моро таҷассум менамояд. Аз ҷумла, Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон, Бадахшон.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойҳои зерин афрохта мешавад:

Дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо), мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо) – доимӣ.

Дар болои биное, ки иҷлосияҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё иҷлосияҳои Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, гузаронда мешаванд – дар тамоми давраи гузаштани иҷлосияҳо, маҳлисҳои намояндагон (ҷамоат)-дар тамоми давраи маҷлис.

Дар болои биноҳои вазоратҳо, кумитаю идораҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, иттиҳодияю ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дар болои биноҳои истиқоматӣ – дар рӯзҳои ид ва рӯзҳои хотиравие, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

Дар болои биноҳо ва васоити нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ, инчунин дар болои иморатҳои муассисаҳои тиҷоратии дар хориҷа будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар болои васоити нақлиётие, ки дар дохили онҳо ба сифати ашхоси расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар ашхос нишастаанд, – мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар биноҳои раъйдиҳӣ – дар рӯзҳои интихобот ва раъйпурсӣ.

Дар толорҳои ҷаласаҳои судии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон – мутобиқи оинномаҳои ҳарбӣ. Дар постгоҳҳои марзӣ (заставаҳо) ва нуқтаҳои рухсатдиҳии (гумрукии) Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толорҳои маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои ҳукуматҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҳамчунин дар ҳуҷраҳои кории Президенти кишвар ва дигар шахсони расмӣ ва дигар ҷойҳои муқарраргадида ҷойгир карда мешавад.

М.Н. Назирова,
сармутахассиси Раёсати
таҳлили масъалаҳои иҷтимоии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед