Хабарҳо аз ҷониби MTC
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
   27.09.2022, шаҳри Душанбе Омӯзгорони муҳтарам ва донишҷӯёни азиз! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шуморо ба муносибати ифтитоҳи биноҳои нави таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода самимона табрик мегӯям. Чун мулоқоти мо дар Донишкадаи давлатии забонҳо доир мегардад, дар ибтидо зарур мешуморам,…
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
   ДУШАНБЕ, 27.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Муҳтарам Владимир Владимирович, Хабари фоҷеабори ҳамлаи ғайриинсонии мусаллаҳонаро дар…
ЭҲЁ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ ФАРҲАНГИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
   ДУШАНБЕ, 26.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Маҳз дар ҳамин рӯз, 5 октябри соли 2009 Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дурнамои рушди забонро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот ба вазъи ҳуқуқӣ, аз ҷумла…
МАДЕРНИЗАТСИЯИ КОРКАРДИ ЗАМИНҲОИ КИШОВАРЗӢ ВА ДУРНАМОИ ОН ДАР ОЯНДА
   Замин ин ягона предметест, ки аз якҷой ба ҷойи дигар кӯчонида намешавад ва зиёд намегардад. Бо вуҷуди ин, талабот ба он рӯз то рӯз зиёд мегардад, ки манбаи асосии таъмини маҳсулоти хӯрокворӣ мебошад. Бо дарназардошти зиёд нагардидаин предмети асосӣ (яъне замин) аҳолии…
ҲОДИСАҲОИ ОХИРИ МАРЗӢ АҲДШИКАНИИ ҶОНИБИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОНРО СОБИТ НАМУДАНД.
   Мардуми тоҷик яке аз миллатҳои тамаддунофару соҳибфарҳангест, ки тули ҳазорсолаҳо дар паҳнои Осиёи Марказӣ баҳри пешбурд ва рушди ин сарзамин саҳми арзандаи худро гузоштааст. Вобаста ба ин гуфтаҳо, садҳо далелҳои таърихӣ ва ҳазорҳо воқеятҳои инкорнашаванда мавҷуд мебошанд. Роҳбари олии мамлакат, Ҳукумати кишвар…
Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи қатъи муноқишаи марзиро ба имзо расониданд
   ДУШАНБЕ, 25.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи қатъи муноқишаи марзиро ба имзо расониданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии…
Матни суханронии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Мубоҳисаҳои Умумии иҷлоси 77-умии Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (24 сентябри соли 2022, Ню-Йорк)
   Муҳтарам ҷаноби Раис, Муҳтарам ҷаноби Дабири кул, Хонумон ва ҷанобон! Иҷозат фармоед, дар пайравӣ ба суханварони қаблӣ, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо, муҳтарам сафир Чаба Короши ва дар шахсияти Шумо ҷониби Маҷористонро ба муносибати интихоб шуданатон ба ҳайси Раиси иҷлоси 77-уми…
ТАҲЛИЛУ АРЗЁБИИ РУШДИ НИЗОМИ БОНКӢ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
   Фаъолияти муназзами бахши молия ва бонкдорӣ яке аз шартҳои асосӣ ва муҳимми рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар мебошад. (Эмомалӣ Раҳмон, 10.05.2019) Имрӯз дар кишвар соҳае вуҷуд надорад, ки фаъолияти он бо муассисаҳои бонкӣ алоқаманд набошад. Ҳар як ташкилоту муассиса ба хидматрасониҳои бонкӣ ниёз…
Вазъи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон
   Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 14 январи соли 1993 барқарор гашта, ба усулҳои хуби ҳамсоягӣ, эҳтироми тарафайн ва ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд. Ҳамкории байни давлатҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ ба роҳ монда шудаанд. Роҳбарони ду давлат…
МАСЪАЛАҲОИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР ШАРОИТИ РУШДИ ИҚТИСОД
   Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, барои ҳифзу манфиатҳои миллӣ ва сиёсӣ имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо он муборизаи беамон мебарад. Маҳз ҳамин зуҳуроти коррупсионӣ ҳаст, ки дар раванди тарақиёти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соҳаи сиёсиву иҷтимоӣ, таърихиву фарҳангӣ ва иқтисодӣ, хатар…