Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 октябри соли 2022, соати 9-30, конфронси илмӣ–амалии ҷумҳуриявиро дар мавзуи “Вазъи илм ва маориф дар шароити Истиқлоли давлатӣ” баргузор менамояд. Ба ҳамоиш олимону мутахассисон, намояндагони вазорату сохторҳои дахлдор, марказҳову пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин, кормандони дигар сохторҳои давлатии дахлдор даъват шудаанд.
Дар конфронс масъалаҳои зерини соҳаи илму маориф таҳлил ва арзёбӣ мегарданд:
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм;
- низоми идоракунии соҳаи илм;
- вазъи тарбияи кадрҳои илмӣ;
- вазъи илмҳои табиатшиносӣ ва гуманитарӣ;
- натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва самаранокии татбиқи онҳо дар
истеҳсолот;
- вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи илм;
- ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар ҷумҳурӣ;
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф;
- таҳсилоти бисёрзинагӣ дар кишвар;
- пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ;
- вазъи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ;
- инъикоси масоили мактабу маориф дар васоити ахбори омма;
- сатҳи ҷиноят дар байни хонандагон;
- мақоми иҷтимоии омӯзгорон;
- таҷрибаи ҷаҳонии низоми таҳсилот ва идоракунии соҳаи маориф.
Масъул: Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоӣ.
Телефон барои тамос ва маълумот: 2-27-81-97; 227-67-57.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегиии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон