Рӯзи 28 октябри соли 2022 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмиву амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Вазъи илм илму маориф дар шароити Истиқлоли давлатӣ” баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода кушода, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ сиёсати мақсадноку мувафаққонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари рушди дигар соҳаҳо, инчунин, фазои мусоидро барои рушди илму маориф ва тарбияи кадрҳои соҳаҳои гуногун, ташаккули идоракунии онҳо вобаста ба талаботи шароити муосири инкишофи ҷомеа фароҳам овард. Новобаста аз мушкилоти ҷойдошта, маҳз дар ҳамин давра марҳала ба марҳала тадбирҳои муайян дар самти ташкил, идора ва истифодаи самараноки маориф ва илму захираҳои зеҳнии мамлакат амалӣ гардонида шуданд.

Дар натиҷа соҳаҳои мазкур ба як қатор навгонию дастовардҳои назаррас ноил гардида, ба рушди ҳамаҷонибаи ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварамон мусоидат намуданд. Ҳамасола дар Паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои рушди маорифу илми ватанӣ, дастоварду норасоиҳо дар фаъолияти муассисаҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти устодону олимон дар рушди ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар, рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Аз ҷумла, Сардори давлат борҳо зикр намуданд, ки асри XXI даврони рушди илму технология буда, азхуд кардан ва дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ ҷорӣ намудани навигариҳои илму техника ва технологияҳои муосир, ташаккули неруи солиму созандаи ҷомеа шарти асосии рушди босуботи иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ зарурати баланд бардоштани сифати рушди инсониро тавассути татбиқи чорабиниҳои муҳиму самаранок дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла маориф, энергетика, шуғли аҳолӣ, соҳибкории истеҳсолӣ ва ғайра таъкид намуданд. Аз ҷониби сарвари давлат дар баробари таҳлилу арзёбии натиҷаҳои рушди мамлакатамон дар соли 2021, инчунин, барои минбаъд низ тақвият бахшидани раванди дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Маълум аст, ки дар шароити буҳрони ҷаҳонӣ аслан ин амал кори саҳл нест, вале ба ин нигоҳ накарда, пайдо намудани маблағ ва маблағгузории соҳаҳои буҷавӣ, махсусан илму маориф, соҳаи тиб, саҳмгузории Сарвари кишвар ба ин соҳаҳо буда, маблағгузории онҳо асоси рушди давлат шуморида мешавад.

Идомаи мантиқии таҳлили масъалаи марбут ба зарурати тарбияи кадрҳои ба талаботи рушди имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯйро Пешвои миллат дар заминаи равандҳои пуртазоди ҷаҳони муосир ба миён гузоштанд. Дар шароити хеле печидаи ҷаҳони муосир,–таъкид карданд Президенти кишвар,–ҳадафи асосӣ таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва бад-ин васила фароҳамоварии шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як фарди ҷомеа буда, вазифаи муҳимтарин дар ростои ин ҳадаф тарбияи шахсияти худшиносу ватанпараст ва дорои дарки масъулияти волои иҷтимоӣ, донишу ҷаҳонбинии муосир, шахси соҳиби қобилияти шинохти равандҳои мурракаби ҷаҳони имрӯза мебошад. Дар баробари ин, ҳар як марҳалаи рушди ҷомеа вобаста ба ҳадафҳои худ дар назди соҳаи маориф ва илм низ вазифаҳои навро мегузоранд, ки ҷустуҷуи роҳҳои дарку баррасии ин масъалаҳои ҳалталаб бо худ мушкилоти муайянро дар пай доранд.

Яке аз масъалаи муҳим барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ин қабули довталабон ба муассисаи таълимӣ мебошад. Соли ҷорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон 41,3 ҳазор донишҷӯ қабул гардид, ки 62%-и нақшаро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси нақшаи қабул ба 39 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бояд ҳудуди 66,6 ҳазор донишҷӯй қабул карда мешуд.

Батадриҷ масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳал шуда истодааст. Тоҷикистон алҳол 3 ҳазору 940 мактаби таҳсилоти умумӣ дорад, ки дар он беш аз 128,8 ҳазор омӯзгор ба таълим машғуланд. Эҳтиёҷ ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ қаблан барои соли таҳсили 2022–2023 ҳудуди 3,4 ҳазор нафар арзёбӣ шуда буд.

Мувофиқи маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба эҳтиёҷоти кадрӣ тақсимоти мутахассисони ҷавон гузаронида шуд, ки ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 4,3 ҳазор нафар хатмкунандаи равияи омӯзгорӣ фиристода шуданд. Аз ин шумора 3,1 ҳазор нафар бо маълумоти олии касбӣ ва 1,2 ҳазор нафар бо маълумоти миёнаи касбӣ мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми афзалиятнок дорад ва маҳз бо дарназардошти аҳаммияти масъалаи мазкур Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд: Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад”. Ин таъкидҳои Роҳбари давлат ҳар яки моро водор месозад, ки ба масъалаи илму маориф ва омода намудани кадрҳои илмӣ ва амалӣ кардани ҳадафҳои миллӣ беш аз пеш таваҷҷуҳ ва масъулият зоҳир намоем.

Пӯшида нест, ки асри ХХ1 замони инқилобҳои бузурги илмию техникӣ, иттилоот ва технологияҳои коммуникатсионӣ, омехташавии босуръати тамаддунҳо ва ғайра буда, дар ин замина миёни кишварҳои ҷаҳон рақобати шадиде ҳукмфармост. Аз ин рӯ, рақобатпазирии давлатҳо низ бештар аз рӯйи имкониятҳои онҳо дар ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ, ки донишҳои навро тавлид ва самаранок амалӣ месозанд, муқаррар мегардад. Бинобар ин, дар ин раванд соҳаи илм ва маориф мақоми шоистаеро соҳиб буда, барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат менамояд ва меҳнати фикрӣ бошад, омили муҳимтарини рушди устувор ва амнияти ҳар як кишвар маҳсуб мешавад.

Ҳамаи ин ҷо нишастагон ба хубӣ эҳсос мекунанд, ки соҳаи илм ва маориф дар ҷумҳурии мо низ чун дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ зери таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ба мушкилоту дигаргуниҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардидааст ва Тоҷикистон низ чун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонад аз ин равандҳо дар канор бошад ва мушкилоте, ки дар ҷаҳони муосир доир ба соҳаи таълиму тарбия вуҷуд доранд, бешубҳа, ҷомеаи моро низ фаро мегиранд.

Ҳамин тариқ, дар нишасти имрӯза масъалаҳои хеле муҳим ва баҳсталаби соҳаи илм ва маориф ба баррасии шумо пешниҳод шудаанд ва натиҷагирии мо аз ин конфронси илмӣ-амалӣ, пеш аз ҳама, ба андешарониҳо ва таҳлилҳои амиқи шумо–иштирокчиёни муҳтарам вобастагӣ дорад. Бояд зикр намуд, ки ҳама гуна андешаҳо ва тавсияҳои арзишманду созанда ба инобат гирифта мешаванд ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.

Ҳамин тавр, ҳамоиши илмӣ-амалӣ ба кори худ шурӯъ намуд. Сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор А.Ш.Қурбонов дар мавзуи “Инъикоси масоили илм ва маориф дар суханрониҳои Пешвои миллат: натиҷаҳо ва дурнамо”, саркотиби илмии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ Расул Маъруфӣ дар мавзуи “Низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ: вазъ ва дурнамо”, сардори Раёсати илм ва инноватсияи МДТ “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои тиб, дотсент Саидалӣ Асадов дар мавзуи “Нақши муассисаҳои давлатии таълимии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди омода кардани мутахассисони касбӣ ва илмӣ”, мудири кафедраи забони тоҷикии МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Сановбар Низомова дар мавзуи “Баъзе андешаҳо доир ба инъикоси масъалаҳои мактабу маориф дар ВАО”, муаллими калони кафедраи фанҳои ҷомеашиносии МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино”, номзади илмҳои сиёсӣ Сабоҳат Амонова дар мавзуи “Мушкилоти соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ”, омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо номи Рӯдакӣ Лоиқ Ғаюров, Шодмонҷон Камолов, Зафар Раҳмонов дар мавзуи “Ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва фалсафии таҳқиқи масъалаҳои бо ҳам алоқамандии илм ва маориф” суханронӣ намуда, ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои қаноатбахш доданд.

Сипас пиромуни суханрониҳо фикру андешаҳои муфид аз ҷониби иштирокчиёни ҳамоиш баён карда шуданд.

Конфронсро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ҷамъбасту натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни ҳамоиш барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуд.

Дар кори конфронси илмиву амалии ҷумҳуривӣ муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Парвиз Муҳаммадзода, роҳбари дастгоҳи Марказ Умед Давлатов, котиби илмии Марказ Рухшона Одилова ширкат варзиданд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти
Маркази тадқиқоти
стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед