МУЛОҚОТИ ХАЙРИДДИН УСМОНЗОДА БО НАМОЯНДАГОНИ СММ
20 майи соли ҷорӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе мулоқот анҷом дод. Номбурдаро ҳамзамон, дар ин мулоқот намояндаи Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон Парвиз Наҷиддинзода ва эксперти Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ доир ба масоили об Ҳайнтс Ҳабеггер ҳамраҳӣ намуданд.
Дар вохурӣ ҷонибҳо доир ба масоили умдаи робитаҳои мавҷуда мубодилаи афкор намуда, аз тавсеаи ҳамкориҳои босамар, хусусан, дар ҳошияи Шабакаи ҳушдори аввалия дар самти муқовимат бар зидди терроризм барои кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Каха Имнадзе фаъолияти Марказро дар самти татбиқи ҳадафҳои рушди устувори СММ, хусусан дар самти амният назаррас арзёбӣ намуда, Форуми амниятии Осиёи Марказиро, ки санаи 30 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегӣ бо доираи васеи коршиносни минтақа баргузор шуд, хеле саривақтӣ ва муҳим номид.
Зимнан, директори Марказ қайд намуд, ки соли равон, ҳамзамон, Марказ бо дастгирии Ҳукумати кишвар баргузории даври сеюми Форуми марказҳои зеҳнии Кореяи Ҷанубӣ – Осиёи Марказӣ ва Форуми дуюми сулҳи Фарғонаро ба нақша гирифтааст, ки дар таҳкими муколамаи минтақавӣ, густариши ҳамкориҳои илмӣ-таҳлилӣ, табодули таҷриба ва таҳкими фазои эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ миёни кишварҳои минтақа аҳамияти муҳим хоҳанд дошт.
Зикр гардид, ки ин чорабиниҳо дар остонаи баргузории Саммити нахустини сарони давлатҳои Кореяи Ҷанубӣ – Осиёи Марказӣ ва даври 8-уми Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2026 баргузор хоҳанд шуд.
Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе аз ин ташаббусҳои кишвари мо истиқбол намуда, таъкид кард, ки ҳамоишҳои мазкур дар таҳкими ҳамгироии минтақавӣ, рушди муколамаи сиёсӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни кишварҳои иштирокдор заминаи мусоид фароҳам хоҳанд оваранд. Зимнан, ӯ омодагии Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказиро ҷиҳати мусоидат дар баргузори ин ҳамоишҳо, хусусан, Форуми дуюми сулҳи Фарғона изҳор намуд.
Дар идома ҷонибҳо дигар масъалаҳои муҳими марбут ба обу иқлимро мавриди баррасӣ қарор дода, нақш ва ҷойгоҳи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим махсус таъкид намуданд.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон