ҶАВОНОН – НЕРӮИ ПЕШБАРАНДАИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН

Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавонон ба яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлат табдил ёфтааст. Пешрафту тараққиёти кишвар, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ аз фаъолияти созанда ва ташаббускоронаи ҷавонон алоқамандӣ дорад. Тоҷикистон кишвари ҷавон ба ҳисоб рафта, қисми зиёди аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, ҷавонон ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа, идомадиҳандаи роҳи насли калонсол ва ояндасозони давлату миллат эътироф шудаанд.
Дар ҷомеаи муосир нақши ҷавонон дар рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ хеле муҳим мебошад. Ҷавонон дорои афкори тоза, ҷаҳонбинии нав ва нерӯи бузурги созанда буда, метавонанд бо истифодаи технологияҳои муосир ва донишҳои замонавӣ ба пешрафти иқтисод, илм, фарҳанг ва иҷтимоиёт саҳми арзанда гузоранд. Маҳз ҳамин хусусиятҳо ҷавононро ба қувваи асосии рушди ҷомеа табдил медиҳанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» 13 марти соли 1992 қабул гардида, асосҳои ҳуқуқии татбиқи сиёсати ҷавононро муайян намуд. Қонуни мазкур муносибатҳои байни давлат, ташкилотҳои ҷавонон ва шаҳрвандони ҷавонро танзим намуда, барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоиди рушду фаъолияти онҳо заминаи мустаҳкам гузошт.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, онҳоро ҳамчун нерӯи созанда ва бунёдкори ҷомеа дастгирӣ менамояд. Имрӯз ҷавонон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ — сиёсат, иқтисодиёт, илм, маориф, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ фаъолона иштирок намуда, дар рушди кишвар саҳми назаррас мегузоранд.
23 май дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши таърихӣ ва арзишманд дорад. Маҳз 23 майи соли 1997 сарвари кишварамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар вохурӣ бо ҷавонони лаёқатманд ин рӯзро рӯзи ҷавонон эълон намуданд. Ҳар сол дар Тоҷикистон ин рӯз бо шукуҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад. Имрӯзҳо ҷавонон ва сиёсати давлатии онҳо ба яке аз рукнҳои асосии давлат табдил ёфта, ҳукумат барои фаъолияти босамари ҷавонон дар ҳамаи самтҳои ҷомеа шароити мусоид фароҳам овардааст.
Бо мақсади фаъолтар гардонидани ҷавонон зиёда аз даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул шудаанд, ки онҳо барои муттаҳид намудани ҷавонон, ҳифзи марзу буми Тоҷикистон, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагию бунёдкории онҳо заминаи васеъ фароҳам меоранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 майи соли 2005 дар паёми табрикотии худ ба муносибати рӯзи ҷавонон таъкид карданд, ки ҷавонон вазифадоранд насли бунёдкору ояндасоз бошанд ва бо амали созанда саҳми худро дар таҳкими давлат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ гузоранд. Қайд намуданд, ки: “Сиёсати давлатии ҷавонон яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва масъулият барои тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии давлат, эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддун ва фарҳанги бузурги ниёгони мо, бунёди давлати мутараққӣ, ҳуқубунёд ва демократӣ ба дӯши ҷавонон вогузор аст…”
Таърих ва дастовардҳои кишварҳои пешрафта нишон медиҳанд, ки омӯзонидани насли ҷавон ва фароҳам овардани имконот барои рушди зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва маънавии онҳо асоси пешрафт ва тараққиёти ҳар кишвар маҳсуб мешавад. Азбаски насли ҷавон ҳамчун нерӯи пуриқтидори бунёдкор ва пешбаранда эътироф шудааст, мақоми сиёсиву иҷтимоии он на танҳо барои таҳкими демократия дар давлатҳо, балки барои амалӣ намудани стратегияи рушду ояндаи кишварҳо нақши муҳим дорад. Бо дарназардошти ҳамин ҷанбаҳои муҳиму тақдирсоз, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро “Соли ҷавонон” эълон намуданд. Ин ба маънои он нест, ки Ҳукумати Тоҷикистон танҳо соли 2017 ба масъалаи ҷавонон аҳамият медиҳад, зеро сиёсати ҷавонон таҳкурсии сиёсати давраи истиқлолият ва рушди устувори кишварро ташкил мекунад.
Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 таъкид шудааст, ки ҷавонон бояд фаъол, ташаббускор ва ҳифзкунандаи рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият бошанд. Онҳо бояд дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дилу ният ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя намоянд ва худро аз хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд. Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи ҷавонон бошанд ва афкору андешаи тозаи онҳо ба роҳ ёфтани ақоиду амали гурӯҳҳои тундраву ифротгаро дар фазои Ватан имкон надиҳад.
Бо мақсади амалӣ намудани ин сиёсати давлатӣ, давра ба давра панҷ маротиба «Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон», се маротиба «Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонон», ду маротиба «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон» қабул гардидаанд.
Имрӯз ҷавонони кишвар дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ — сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳанг, тандурустӣ ва саноат саҳми ҳалкунанда доранд. Давлат низ ба онҳо таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, ҳуқуқи онҳоро ба моликият ва фаъолияти соҳибкорӣ кафолат медиҳад. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, ҷавонон ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ ва таҳсил дошта, ҳамзамон давлат дастгирии оилаҳои ҷавон ва самти иҷтимоии ҷавононро дар мадди аввал қарор медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии худ таъкид мекунанд, ки созандагиву ободкории миллату давлат дар дасти ҷавонон аст ва ҷавонон ояндаи имрӯзу фардои давлату миллатанд. Тоҷикистон тавассути ҷавонони созандаю ободкори худ рушд мекунад ва солҳои минбаъда ба як давлати муттарақию пешрафтаи ҷаҳон табдил хоҳад ёфт. Ҷавонон тавассути донишу қобилият ва зӯру бозӯи худ Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, парчамбардори меҳан мешаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд.
Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои муттарақӣ сафарбар менамоянд.
Ҷавонон бо дониш, нерӯ, ғояҳои нав ва фаъолиятҳои созанда метавонанд илм ва технологияро пеш баранд, иқтисодро рушд диҳанд, фарҳанг ва арзишҳои миллиро ҳифз кунанд ва дар сулҳу ваҳдат ва ободии ҷомеа саҳм гузоранд. Аз ҳамин сабаб дар Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун ояндаи миллат аҳамияти махсус дода мешавад.
Бояд гуфт, ки ҷавонон қисми фаъоли нерӯманди ҷомеа буда, дорои нерӯи ҷисмонӣ, фикрҳои нав, қобилияти омӯзиш ва орзуҳои бузурганд. Ҷавонӣ марҳилаи муҳимтарини ҳаёт мебошад, ки шахс дар он дониш меомӯзад, ҷаҳонбинӣ пайдо мекунад ва роҳи ояндаи худро интихоб менамояд. Давлат барои таҳсил, варзиш, илм, фарҳанг ва рушди қобилияти ҷавонон шароити мусоид фароҳам меорад. Маҳз ҷавонон бо ғояҳои нав метавонанд ҷомеаро ба пеш баранд. Ояндаи ҳар давлат ба ҷавонон вобаста аст. Агар ҷавонон босавод, бофарҳанг ва ватандӯст бошанд, миллат рушд мекунад.
Хулоса, ҷавонон нерӯи бузурги созанда мебошанд. Онҳо метавонанд бо дониш, меҳнат ва рафтори неки худ ҷомеаро обод ва кишварро пешрафта гардонанд.
Мардонова К.Н сармутахассиси
Раёсати коргузорӣ ва назорати
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.