Таърихи Марказ
ТАЪРИХИ МАРКАЗ
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди таҳлилию машваратӣ ва тадқиқотӣ фаъолияти худро мутобиқ ба шароит ва ҳадафҳои рушди кишварамон ба роҳ монда, ҷиҳати бо маводи босифату рӯзмарраи таҳлилӣ таъмин намудани ниҳодҳои давлатӣ пайваста талош меварзад. Таваҷҷуҳ ва тамаркуз ба ташкили пайгирии мудавоми таҳлилӣ аз равандҳои ҷамъиятӣ ба фаъолияти ҳар як низоми сиёсӣ хос аст, зеро танҳо дар чунин замина он метавонад ба чолишҳои дохилию берунӣ посухгӯ бошад.
Дар ин замина, ҷиҳати вусъат бахшидан ба зарфияти пайгирии таҳлилӣ ва машваратии худ, Марказ пайваста барои ҷалби коршиносони ҳирфаӣ, баргузории ҳамоишҳои илмӣ, таъмини ҳузури намояндагони хеш дар чорабиниҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ талош меварзад.
Аз ин рӯ, пажуҳишҳои кормандони ниҳод вобаста ба масъалаҳои мубрами ҷаҳони имрӯза ва таҳаввулоти он, равандҳои ҷории ҷомеаи муосири тоҷик бештар ба масъалаҳои: амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар марҳалаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳо ва дурнамои стратегии таъмини он, таъмини амнияти иқтисодӣ, амнияти миллӣ, минтақавӣ ва манфиатҳои миллӣ, ҳамчун омили муҳимми рушди давлатдории миллӣ ва таҳкими истиқлоли сиёсӣ, навсозиии инноватсионнии истеҳсолоти саноатӣ дар марҳалаи муосир, масъалаҳои такмили асосҳои назариявӣ ва самтҳои амалии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ, мушкилот ва дурнамои таъминоти молиявии фаъолияти соҳибкории инноватсионӣ ва нақши илм дар ташаккули сарвати инсонӣ ва такмили амнияти иҷтимоӣ дар шароити муосир равона карда шудааст, ки пешбурди ин корҳои илмию тадқиқотӣ аз ҷониби мутахассисон дар тайи даҳ соли охир хеле самарабахшу арзишманд арзёбӣ мегардад.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки асоси корҳои тадқиқотӣ ва таҳлилии Марказ аз даврони шуравӣ сарчашма мегирад. Маҳз дар он давра ин ниҳоди давлатӣ бо номи Институти илмию тадқиқотӣ таъсис ёфта, минбаъд замина барои анҷоми тадқиқоти илмии васеъ ва густурда гузошта шуд. Дар ҳамон замон низ иқтидор ва нуфузи ин пажуҳишгоҳ назаррас буд. Яъне ниҳоди мазкур бо фармони Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 1971, №111, ҳамчун Институти илмию тадқиқотии иқтисодӣ ва иқтисодию математикии методҳои банақшагирӣ бо Маркази ҳисоббарории назди Банақшагирии давлатии ҶШС Тоҷикистон таъсис гардида, бо ин ном то соли 1991 фаъолият намуд. Сипас дар заминаи он соли 1991 бо Қарори Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистон пажуҳишгоҳ ба Институти тадқиқоти иқтисодии Вазорати иқтисоди ҶШС Тоҷикистон табдил дода шуд.
Дар саҳифаҳои таърихи пажуҳишгоҳи мазкур ба номҳои шахсиятҳои номдори миллат, ки бо андешаҳои пурғановат ва созандаи хеш тавонистанд иқдомҳои наҷибро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни мамлакат амалӣ намоянд вохӯрдан мумкин аст. Аз ҷумла, собиқ шахсони аввали Ҳукумати кишвар: Қаҳҳор Маҳкамов ва Каримов Ҷамшед Ҳилолович, сарвазирон, муовинони Сарвазир, вазир ва муовинони вазири корҳои хориҷӣ, мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, чандин олимони барҷастаи мамлакатро метавон зикр намуд, ки аз кормандони намоёну барҷаста ва дастпарвари ин ниҳод буданд.
Лозим ба ёдоварист, ки таъсиси Марказ иқдоми масъулиятноке дар роҳи бартараф намудани падидаҳои буҳронии хос барои марҳалаҳои гузариш аз як низом ба низоми нав, пешбурди ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва таҳкими суботи сиёсию иҷтимоӣ гардид. Марказ аз рӯзҳои аввали истиқлоли давлатӣ чун як ниҳоди таҳлилии машваратӣ, вобаста ба таҳлилу ояндабинии равандҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа ба фаъолияти мустақилона оғоз намуд. Вобаста ба таҳаввулу дигаргуниҳо ва иҷрои уҳдадорию вазифаҳо, баъдтар дар сохтори Марказ тағйирот ворид гардид, ки аҳаммияти онро дар солҳои соҳибистиқлолӣ бамаротиб баланд намуд. Аз ҷумла, соли 1994 бо дарназардошти имконият ва доираи салоҳиятнокӣ, инчунин, дар робита ба фарогирии вазъи дохилию хориҷӣ, зарурат ба миён омад, ки ин ниҳод мустақиман ба тобеъияти Сарвари давлат табдил дода шавад.
Марказ, ки ҳадаф ва масири пешгирифтааш аз дидгоҳи тозаву муосир ба таҳлил ва ояндабинии рушди устувори мамлакат нигаронида шудааст, 30 солагии худро аз рӯзи имзои Фармони Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси он (22 сентябри соли 1994, №93) дар фазои дарки масъулияти баланди касбӣ таҷлил менамояд.
Соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 1998, №АП771 аз эътибор соқит дониста шуда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2003, №1109 Низомнома ва сохтори нави Марказ тасдиқ карда шуд. Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2003, №1109 Марказ муассисаи давлатии илмию тадқиқотӣ, иттилоотию таҳлилӣ ва машваратӣ эътироф гардида, бевосита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ гашт.
Дар марҳалаи тақдирсози таърихӣ барои рушди кишварамон, дар ҳоле ки ҳанӯз бесуботии сиёсӣ ва иқтисодӣ идома дошт, тағйири мақоми Марказ ва ба тобеъияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштани он иқдоми муҳимму саривақтӣ буд. Зеро саҳми ин ниҳод ҷиҳати пайгирии таҳлилии роҳҳои бартараф намудани падидаҳои буҳронӣ, анҷоми ислоҳоти иқтисодӣ ва тарҳрезии дурусти дурнамои рушди кишвар муҳим арзёбӣ мегардид.
Аз рӯзи таъсиси Марказ роҳбарони ин муассиса ҳамеша дар фаъолияти худ пешбурди корҳои тадқиқотию таҳлилиро доир ба муҳимтарин масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ба роҳ монда, ин масъулиятро дар иҷрои вазифаи худ сарбаландона иҷро намудаанд, ки то имрӯз ин раванд идома дорад.
Мавриди зикр аст, ки аз оғози таъсиси Марказ нафароне, ки ба вазифаи директор бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудаанд, аз мактаби кадрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳра бурдаанд ва дар фаъолияти роҳбариашон ҳамеша саъю кӯшиш ба пешрафти фаъолияти ин ниҳод ба мушоҳида мерасад. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар Марказ шахсиятҳои донишманд ва олимони номдори зерин ба ҳайси директор фаъолият намудаанд: олими номдор иқтисодшиноси тоҷик, профессор, академик Қаюмов Нуриддин Қаюмович (1994–1998), доктори илмҳои фалсафа, ходими ҷамъиятӣ Асадуллоев Искандар (1998–2001), доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Комилов Сироҷиддин Ҷамолиддинович (2001–2005), доктори илмҳои сиёсӣ Шарипов Суҳроб Ибронович (2006–2011), номзади илмҳои фалсафа, ходими намоёни давлатӣ Маҳмадов Бобохон Алиевич (2012 – 2014), доктори илмҳои сиёсӣ Худобердӣ Холиқназар (2014–2019), доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қодирзода Диловар Баҳриддин (2019–2020), доктори илмҳои фалсафа, профессор Зиёӣ Хуршед Махшул (2020–2022), доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Усмонзода Хайриддин Усмон (аз моҳи январи соли 2022 то ба ҳол).
Ҳамзамон, давоми солҳои гуногун ба ҳайси муовини якум ва муовинони директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсиятҳои зиёде фаъолият намуда, дар пешрафти фаъолияти Марказ ва ташаккули мактаби таҳлилии кишвар саҳми босазо гузоштанд, аз ҷумла: Бобомурод Исматов (1994–1997), Клеандров Иван Михайлович (1994–1997), Нурмаҳмадов Мирмаҳмад (1994–1998), номзади илмҳои сиёсӣ Сафаров Сайфулло Саъдуллоевич (2001–2019), номзади илмҳои иқтисодӣ Бобокалонов Олимҷон Комилович (1999–2012), номзади илмҳои иқтисодӣ Муминова Фарида Маҳмудовна (2012–2019), доктори илмҳои таърих Сафолов Муҳаммадӣ Қурбонович (2014–2019), доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммадзода Парвиз Абдураҳмон (2019–2024).
Айни ҳол, дар Марказ номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Муртазозода Ораз ба ҳайси муовини якуми директор, доктори илмҳои сиёсӣ, дотсент Шарифзода Лоҳутӣ Шариф муовини директор (аз июли соли 2024) ва номзади илмҳои иқтисодӣ Ҷурахонзода Саодати Ҷурахон ба ҳайси муовини директор (аз феврали соли 2020) фаъолият доранд.
Марказ, тайи сӣ соли фаъолият, ба як ҷузъи ташаккулдиҳандаи низоми сиёсии Тоҷикистон табдил ёфта, дар ин раванд нақши як «маркази заҳнӣ»–ро иҷро намуда, бо роҳнамоии сарпараст дар омода намудани барномаҳои давлатӣ ва таҳияи стратегияҳо саҳми муносиб мегузорад.
Марказ як ниҳоди бунёдии таҳлилӣ буда, ҷиҳати пешниҳоди таҳлилҳои ҳамаҷонибае, ки ҳам ҳадафҳои кӯтоҳмуддат ва ҳам дарозмуддати қарорҳои қабулшударо ба назар мегиранд, саҳми худро дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ гузоштааст. Марказ дар ин замина ғояҳои муосирро ташаккул дода, дар баробари таҳияи лоиҳаи ҳуҷҷатҳои стратегӣ, инчунин раванди татбиқи стратегия ва барномаҳои давлатиро бо ҳамкорию пешниҳодҳои дигар мақомоти давлатӣ аз ташхиси коршиносӣ мегузаронад. Маҳз фаъолияти гуногунҷанба аст, ки Марказро ба ҷузъи таркибӣ ва таҳлилии низоми сиёсии Тоҷикистон табдил додааст.
Ҷанбаи дигари фаъолияти Марказро, ширкат дар таҳияи барномаҳою стратегияҳо ва татбиқи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ташкил медиҳад, ки дар ин самт саҳми назаррасро дорад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки муносибатҳои байналмилалӣ торафт мураккабтар мешаванд, кори таҳлилии Марказ имкон медиҳад, ки стратегияҳои самарабахши ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва дигар давлатҳо мавриди баррасӣ, таҳлил, омӯзиш ва таҳия қарор дода шаванд. Дар ин замина, Марказ тамоюлҳои сиёсати ҷаҳониро аз нигоҳи таъсири ин равандҳо ба Тоҷикистон таҳлил намуда, барои мавқеъгирии кишвар дар арсаи байналмилалӣ таҳлилҳои мушахассро таҳия ва пешниҳод мекунад.
Омӯзиш ва пешниҳоди роҳҳои ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ дар фаъолияти Марказ ҷойи муҳимро ишғол мекунад. Марказ тамоюлҳои иқтисоди ҷаҳониро таҳлил карда, тавсияҳои амалиро оид ба таъмини рушди устувори Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод мекунад.
Ба таъсиси Марказ имсол 30 сол пур мешавад ва он яке аз сохторҳои даврони соҳибихтиёрии давлатӣ ба шумор меравад. Аз ҳама муҳим, боиси қаноатмандӣ аст, ки дар кишвари азизи мо – Тоҷикистони соҳибихтиёр ниҳоди мутамаркази таҳлилӣ ва машваратии комилан ташаккулёфта фаъолият менамояд, ки дар хизмати миллату давлат буда, барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ саҳмгузор аст.
Бо боварӣ метавон қайд намуд, ки кормандони Марказ минбаъд низ дар ҷодаи амалӣ гардидани сиёсати дурбинона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ниҳоди зеҳниву таҳлилии кишварамон саҳми муносиби худро хоҳанд гузошт.