РАҚАМИКУНОНӢ ВА НАВОВАРӢ — ОМИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ
20 майи соли 2026 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» мизи гирди илмию амалӣ дар мавзуи «Инноватсия ва рақамикунонӣ ҳамчун заминаи рушди устувори иқтисоди миллӣ» баргузор гардид.
Ҳадафи ҳамоиш таҳлилу арзёбии дастовардҳо, муайян намудани имкониятҳо барои рушди минбаъдаи иқтисоди рақамӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, инчунин баррасии масъалаҳои мубрами вобаста ба таъмини рушди устувори миллӣ дар шароити муосир буд.
Дар кори мизи гирд бо сухани ифтитоҳи директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода баромад намуд. Дар баромади худ ӯ ба рушди инноватсия ва рақамикунонии як қатор соҳаҳо, ҳамчунин ба рақамикунонии иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хос дод.
Директори Марказ Хайриддин Усмонзода ҳамзамон таъкид намуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар 16 декабри соли 2025 ба ин самт аҳамияти махсус дода шуда, дастовардҳои рушди инноватсионӣ ва рақамикунонии иқтисоди миллӣ пайваста таҳлил ва дастгирӣ мешаванд.
Дар охир, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ зикр намуд, ки дар доираи нақша-чорабиниҳои худ Марказ пайваста ҳамоишҳо, конфронсҳо ва вохуриҳоро бо мутахассисони соҳа баргузор менамояд ва умедвор аст, ки ҳамоиши имрӯза барои пешбурди рушди устувори иқтисоди рақамӣ ва инноватсионӣ натиҷаҳои судманд хоҳад дод.
Дар кори ҳамоиш намояндагони Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, инчунин Хадамоти алоқа ширкат варзида, баромад намуданд.
Иштирокчиён дар мавзӯъҳои «Рақамикунонии ҳисобдорӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ: мушкилиҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо», «Нақши иқтисоди рақамӣ дар таъмини рушди устувори миллӣ», «Нақши технологияҳои рақамӣ ва зехни сунъӣ дар таъмини рушди соҳаи саноат», «Ташаккул ва рушди экосистемаҳои миллӣ-инноватсионӣ ҳамчун омили пешрафти истеҳсолоти муосир», «Дастовардҳои иқтисоди рақамӣ дар шароити иқтисоди миллӣ ва Стратегияи рушди соҳаи алоқа» маъруза намуданд.
Қайд карда шуд, ки дар замони муосир инноватсия ва рақамикунонӣ яке аз омилҳои муҳимтарини рушди устувори иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ давлатҳо кӯшиш мекунанд, ки бо истифода аз технологияҳои навтарин сатҳи рушди иқтисодиёт ва хизматрасониҳои худро таъмин намоянд. Пешрафти иқтисодӣ ҳамеша бо рушди илм, техника ва навоварӣ робитаи зич дошта, аз замони пайдоиши аввалин компютерҳо ва технологияҳои иттилоотӣ то имрӯз ҷаҳон ба марҳилаи нави рушд ҷомеаи рақамӣ ворид гардид.
Рақамикунонӣ имконият медиҳад, ки иқтисодиёт бо суръати баланд рушд намояд ва шаффофият бо дарназардошти самаранокии амалиёти молиявӣ таъмин гардад. Дар асри ХХІ технологияҳои рақамӣ ба қисми чудонашавандаи ҳаёти инсон табдил ёфта, хизматрасониҳои давлатӣ, низоми бонкӣ, соҳаи маориф ва тандурустӣ дар бисёр кишварҳо ба таври электрони амалӣ мегарданд.
Қайд карда шуд, ки ҳар як пешрафти технологӣ ва рақамикунонии бахшҳои ичтимоию иқтисодиётро бидуни инфрасохтори муосири телекоммуникатсионӣ — ҳамчун такягоҳи рушди инноватсионӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, таҷдид ва мутобиқ кардани инфрасохтори телекоммуникатсионӣ ба стандартҳои байналмилалӣ барои рушди устувор ва рақамӣ намудани иқтисодиёт аҳамияти махсус дорад.
Сатҳи хизматрасонии телекоммуникатсионӣ дар Тоҷикистон дар марҳилаи ислоҳот ва такмил қарор дошта, ниҳодҳои дахлдор дар ин самт тадбирҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаанд.
Дар фарҷоми ҳамоиш, иштирокчиён ба аҳамияти рушди инноватсия ва рақамикунонӣ ҳамчун омили асосии рушди устувори иқтисоди миллӣ таъкид карданд. Баромадҳо ва муҳокимаҳо нишон доданд, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ ва ҷорӣ намудани навовариҳо на танҳо самаранокии соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро афзоиш медиҳад, балки пояи устувори рушди кишварро таъмин месозанд. Ҳамоиш барои ҳамоҳангсозии иқдомҳо ва тақвияти ҳамкориҳо миёни давлат, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва бахшҳои истеҳсолот заминаи мусоид фароҳам овард ва ба пешбурди иқтисоди рақамӣ ва инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон