ВОХӮРИИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ
19 майи соли ҷорӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ Ҷон Сонг Шик, инчунин мушовир ва муовини Сафир Ли Ҷивон мулоқот намуданд.
Дар оғози мулоқот ҷонибҳо аз вохӯрии судманд изҳори хушҳолӣ карданд ва ҳамкориҳои мавҷудаи Тоҷикистону Кореяро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ намуданд. Зимни гуфтугӯ ҳамчунин ҷиҳати сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Корея дар соли равон ва имкониятҳои ҷоннок намудани ҳамкориҳо дар доираи ин сафар табодули назар сурат гирифт. Дар ин замина, ҷонибҳо оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории Марказ бо дигар ниҳодҳои тадқиқотии Кореяи Ҷанубӣ низ ба таври муфассал изҳори назар карданд.
Таваҷҷуҳи асосии мулоқот ба баргузории Форуми 3-юми марказҳои таҳлилии Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ равона шуд, ки бо ташаббуси муштараки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷониби Корея моҳи июни соли ҷорӣ баргузор мегардад. Дар ин форум доираи васеи экспертҳо ва таҳлилгарон аз кишварҳои минтақа иштирок хоҳанд кард, ки имкониятҳои нави ҳамкориро фароҳам меорад. Ҷонибҳо ҳамчунин мавзӯи баргузории семинари муштаракро баррасӣ намуданд, ки ҷониби Корея мехоҳад бо ҳамкории Марказ дар арафаи сафари дар пеш истодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Корея анҷом диҳад.
Инчунин дар доираи мулоқот ҳамкориҳои Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ дар самтҳои тандурустӣ, фарҳанг ва иқтисод баррасӣ шуданд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обӣ, имкониятҳои васеи энергетикии сабз ва зарфиятҳои кишоварзӣ мебошад. Зич гардидани ҳамкориҳо бо Корея, бо назардошти таҷриба ва технологияҳои пешрафтаи он кишвар, метавонад натиҷаҳои назаррас ва самарабахш ба даст оварад.
Илова бар ин, Тоҷикистон дорои захираи қобилияти инсонии баланд аст, ки барои омода намудани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ тавассути ҷалби мутахассисони Корея мусоидат мекунад.
Мулоқот бо изҳори интизорӣ аз густариши ҳамкориҳои стратегӣ, пойдор ва самарабахш байни Тоҷикистон ва Корея ба анҷом расид.


Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон