КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ ДАР ИҚДОМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА — 2026” ИШТИРОК НАМУДАНД
18 майи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо иқдоми байналмилалии “Шабе дар Осорхона — 2026” баргузор гардид.
Дар ин иқдом низ кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаҷамъона иштирок намуданд.
Бояд зикр намуд, ки Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” маротибаи 13-ум аст, ки иқдомоти байналмилалии «Шабе дар Осорхона»-ро барои тамошобинони ватаниву хориҷӣ ва тамоми дӯстдорони таъриху фарҳанги миллӣ дар сатҳи баланди касбию эҷодӣ баргузор менамояд.
Дар доираи ин иқдом дар роҳравҳо ва толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ 35 гӯшаи намоишҳо ва маҳфилҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатӣ пешкаши меҳмонон карда шудааст.


Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон