НАҚШИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР

Мо, ҳамчунин, ба нақши Зан–Модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад”.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадиди бозорҳо, рушди устувори иқтисодиёти ҳар як кишвар пеш аз ҳама ба истифодаи самараноки тамоми захираҳои инсонӣ вобаста аст. Яке аз неруҳои бузурги иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ки  зан ба ҳисоб меравад, ки ҳукумати кишвар бевосита ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Имрӯз нақши занон дар пешрафти иқтисодиёт на танҳо як масъалаи иҷтимоӣ, балки омили муҳим ва стратегӣ барои рушд ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, занон дар посдории фарҳанг, тамаддун ва анъанаҳои миллӣ нақши муҳим доранд. Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат буданд ва яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик зан ва модари боиффату босавод ба ҳисоб меравад. Воқеан вақте сухан дар бораи зани бофарҳангу донишманд меравад, пеши назар модари тоҷик бо ҳамон симои зебову самимӣ ҷилвагар мешавад, ки ба симои зани тоҷик ҳамон покдоманиву фурутанӣ ва босавод буданаш як ҳусну таровати хоса зам менамояд. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳои худ бо занону модарони фаъолу эҷодкори мамлакат чунин иброз доштанд: «Давлате, ки нисбат ба модар-сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».

Бояд гуфт, ки зан–модар аввалин муррабӣ ва тарбиятгари инсон мебошад, ки дар домони поки ӯ бузургони зиёде ба воя расидаву ба мақомҳои баланд расидаанд. Модар мураббиест, ки на танҳо сухан гуфтан ё илм омӯхтанро, балки ӯ ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба фарзандон арзонӣ менамояд. Маҳз модар аст, ки дар қалби фарзандон меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат, некиву накӯкорӣ, масъулиятшиносӣ, меҳнатқаринӣ, ободкорӣ, инсондӯстӣ ва ватанпарварию қавииродагиро парвариш менамояд.

Лозим ба ёдоварист, ки зан-модари тоҷик бо хислатҳои хирадмандона ва ақлу заковати хеш саҳми бузургро дар ҷомеаи имрӯза ба душ дошта, маҳз маърифатнокии зан-модар имкон фароҳам оварадааст то нақш ва мақоми онҳо дар ҷомеа баланд гардад. Тавре Пешвои миллат дар Паёми соли 2024 иброз доштанд, ки дар фарҳангу тамаддуни мо тоҷикон иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Ҳамзамон, Пешвои миллат ҷойгоҳи занонро дар соҳаҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон чунин арзёбӣ намуданд. «Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд». Маҳз дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат ва ҳукумати мамлакат аст, ки дар зарфи даврони соҳибистиқлолии кишвар зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон, ки аз ин шумора беш аз 11 ҳазорашон тибқи квотаи Президентӣ, зиёда аз 35 ҳазор ҳамчун хатмкардаи макотиби олии кишварҳои хориҷа буда, имрӯз дар соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ хизмати босазо карда истодаанд, ки ин аз таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти кишвар нисбати зан — модар дарак медиҳад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи маълумотҳои оморӣ занон 49% яъне қариб панҷоҳ дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд. Онҳо на танҳо дар тарбияи насли наврас, балки дар пешбурди соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, аз кишоварзӣ то саноат ва аз соҳибкорӣ то хизматрасонӣ, саҳми арзандаи худро мегузоранд. Ҳамзамон, солҳои охир дар кишвар шумораи занони соҳибкор ба маротиб афзоиш ёфта, бунёди  корхонаҳои хурду миёна ва ҷойҳои нави корӣ фароҳам меоранд, инчунин барои ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ саҳми худро мегузоранд. Маҳз ба ҳамин хотир, дастгирии давлатии соҳибкории занон боис гардидааст, ки садҳо лоиҳаҳои муваффақ доир ба дастгирии занони соҳибкор амалӣ шаванд. Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳибкории занон, шароити мусоид барои фаъолияти иқтисодии онҳо фароҳам оварда шудааст. Қарзҳои имтиёзнок, омӯзишҳои касбӣ ва барномаҳои грантӣ имконият медиҳанд, ки занон қобилиятҳои кории худро такмил дода, дар бозори меҳнат бо эътимоди бештар ва боварии комил ворид гарданд.

Тазаккур бояд дод, ки қисми зиёди аҳолии кишвар, яъне беш аз 73 дарсади он, дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Дар ин маврид саҳми занонро дар яке аз бахшҳои муҳимми иқтисодиёти кишвар яъне соҳаи кишоварзӣ нодида гирифтан ғайриимкон аст. Дар ин маврид қисми зиёди корҳои кишоварзиро махсусан занон бар уҳда доранд. Онҳо дар истеҳсол ва парвариши маҳсулотҳои кишоварзӣ, коркард ва фурӯши онҳо фаъолона ширкат меварзанд. Ингуна фаъолияти самараноки занон на танҳо ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузорад, балки барои боз ҳам беҳтару хубтар гардидани сатҳу сифати зиндагии шоистаи аҳолӣ заминаи хубе фароҳам месозад.

Хотирнишон бояд сохт, ки нақши занон на танҳо дар як соҳа, балки дар соҳаҳои гуногун аз ҷумла соҳаҳои саноат, бонкдорӣ, маориф ва тандурустӣ нақши густурда дошта, дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Ҳузури фаъоли занон дар соҳаҳои мазкур метавонад барои баланд гардидани сифати хизматрасонӣ ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ замина фароҳам созад. Гуфтан ба маврид аст, ки яке аз пояҳои устувори рушди иқтисоди муосир ин ҳам бошад сармояи инсонӣ ба шумор меравад. Дар ин замина, занон ҳамчун омӯзгор, олим ва мутахассис барои тарбия намудани кадрҳои баландихтисос, нақши калиди доранд. Ҳамзамон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занон дар самти иқтисодиёт ва ҷалби онҳо ба омӯзиши технологияҳои нав ва иқтисоди рақамӣ метавонад ба рушди устувори иқтисоди кишвар такони ҷиддӣ бахшад.

Аз ин гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд, ки нақши занон дар рушди иқтисодиёти кишвар басо бузург ва ивазнашаванда буда, бе иштироки фаъоли онҳо расидан ба ҳадафҳои устувор ғайриимкон мебошад. Кишваре, ки имкониятҳои баробар барои занон ва мардон фароҳам месозад, метавонад заминаи мустаҳками барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар бунёд кунад.

Тазаккур бояд дод, ки таҳкими густурдаи мавқеи занон дар иқтисодиёт на танҳо ин андолати иҷтимоӣ буда метавонад, балки сармоягузорӣ барои ояндаи дурахшони кишвар мебошад. Зеро зан–неруи созандаи кишвар, ташаббускор ва кафили рушди устувори ҷомеа шуда метавонад.

 

 

 

Иброҳимзода Иброҳим Шоҳ,
Сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии

 масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон