СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАҲОРАТИ ТАҲЛИЛИИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ
Санаи 25 феврали соли 2026, дар доираи нақшаи тасдиқгардидаи семинарҳои омӯзишӣ, ки барои баланд бардоштани маҳорати таҳлилии мутахассисони ҷавон ба нақша гирифта шудааст, семинари омӯзишӣ бо иштироки кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар рафти семинар, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода дар мавзӯи “Усулҳои таҳлили мантиқӣ ва бардошти хулосаҳои далелнок” бо ҳозирин маълумоти муҳим ва муфассал баён намуд. Вай махсусан таъкид намуд, ки пеш аз навишти гузориши таҳлилӣ, коршиносон бояд диққати ҷиддӣ ба масъалаҳои баёни мавзӯъ ва дарки муҳтавои мафҳумҳои калидӣ зоҳир намоянд. Чунки дар гузоришҳои таҳлилӣ, масъалагузорӣ ва риояи пайдарҳамии масъала муҳим мебошад.
Ҳамзамон, Хайриддин Усмонзода қайд карданд, ки барои навишти гузориши таҳлилӣ истифодаи факту далелҳои муътамад ва риояи сохтори систематикӣ (яъне маҷмӯъи ҷузъҳои ба ҳам алоқаманд) хеле муҳим аст.
Таъкид гардид, ки дар гузоришҳои таҳлилӣ, ҳар як мафҳум ва тезис бояд бо далелҳо ва исботҳо мувофиқ бошад. Ин амал барои баланд бардоштани эътимоди гузориш ва дурустии хулосаҳо зарур аст.
Дар семинар инчунин зикр шуд, ки барои таҳияи гузоришҳои таҳлилӣ оид ба ҳолату самти рушди имрӯзаи Тоҷикистон, омӯзиши амиқи Барномаҳои миёнамуҳлати кишвар ва барномаҳои кишварҳои ҳамсоя низ аҳамияти зиёд дорад.
Дар фарҷом, Хайриддин Усмонзода таъкид намуд, ки чунин семинарҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани маҳорати таҳлилии мутахассисони Марказ дар оянда низ идома хоҳанд ёфт. Ин гуна семинарҳо барои рушди қобилият ва беҳтар кардани сифати таҳлилҳои стратегӣ, ки дар асоси далелҳои аниқ ва мантиқии таҳлил шудаанд, хеле муҳим мебошанд. Иштироки фаъол ва истифодаи имкониятҳои омӯзишӣ ба коршиносон кӯмак мекунад, ки дар фаъолиятҳои таҳлилӣ ва тадқиқотии худ беҳтарин натиҷаҳоро ба даст оранд.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон