ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ ВА ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ МАРОМИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ (Дар партави эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”)
То рӯзҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вақти хеле кам мондааст. Мо бояд то ин санаи муқаддас корҳои созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, чорабиниҳои ҷашниро бо сатҳу сифати баланд амалӣ созем. Ҳар шаҳрванд ва ҳар оила бояд бо дарки масъулияти ватансозию давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳали зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд. Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави мамлакатро то дурдасттарин деҳоти он фаро гирад ва ба кори маъмулӣ табдил ёбад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим масъалаи ҳифзи муҳити зист ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо табиати нотакрор, захираҳои фаровони обӣ ва кӯҳистони зебояш байни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон машҳур аст, ҳифзи муҳити зист на танҳо вазифаи давлат, балки рисолати ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ изҳор гардид, масъалаи сабзгардонӣ ва баланд бардоштани фарҳанги экологӣ аҳамияти махсус касб менамояд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва таъмини суботи сиёсӣ имконияти муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди миллиро фароҳам овард. Дар ин замина, ҳифзи муҳити зист ҳамчун бахши муҳимми сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ мавқеи хос пайдо намуд. Зеро рушди устувор бе истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва нигоҳдории мувозинати экологӣ ғайриимкон аст.
Боиси хушнудӣ аст, ки иқдомҳои саривақтӣ ва корҳои созандагӣ бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти табдил додани пойтахти кишварамон, шаҳри Душанбе, ба “шаҳри сабз” тавассути маъракаҳои густурдаи ниҳолшинонӣ, бунёди боғҳои замонавӣ, истифодаи нақлиёти барқӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои каммасраф равона шудаанд. Ин иқдомҳо боиси ҳифзи муҳити зист ва устувор гардонидани экосистемаи шаҳр мувофиқ ба стандартҳои муосири экологӣ мегарданд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ вобаста ба масъалаи мазкур як қатор қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд, ки ба беҳтар намудани вазъи экологӣ равона шудаанд. Аз ҷумла, бо мақсади ба кишвари сабз табдил додани Тоҷикистон “Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” таҳия ва қабул гардид, ки сиёсати дарозмуддати давлатро дар самти ҳифзи табиат ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим инъикос менамояд.
Барномаи мазкур бо маблағгузории васеъ ва муштарак татбиқ мегарданд ва ҳар як давраи амалисозӣ бо ҷадвали мушаххаси маблағҳо муайян шуда, фаъолияти барномаро таъмин мекунад. Маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, буҷети маҳаллӣ, маблағҳои махсуси вазорату идораҳои дахлдор, бахши хусусӣ, шарикони рушд (донорҳо) ва сарчашмаҳои дигар, ки мухолифати қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, сурат мегирад.
Барои давраи якуми Барнома (солҳои 2025–2027) маблағи умумӣ 731 824 070 сомониро ташкил медиҳад. Тақсимоти ин маблағҳо нишон медиҳад, ки рушди барнома ҳам аз ҳисоби давлат ва ҳам саҳми бахши хусусӣ ва донорҳо таъмин карда мешавад:
– саҳми буҷети ҷумҳуриявӣ дар амалисозии барнома 47 млн. сомонӣ аст;
– аз буҷети маҳаллӣ 274 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст;
– маблағҳои махсуси вазорату идораҳо 187 млн. сомониро ташкил медиҳад;
– бахши хусусӣ ба маблағи 115 млн. сомонӣ саҳм мегузорад;
– шарикони рушд ва донорҳо низ бо 107 млн. сомонӣ дар татбиқи ин барнома ҳисса мегузорад.
Ин маблағгузорӣ на танҳо кафолати иҷрои барномаи кабудизоркунӣ, балки ҳамгироии давлат, ҷомеа ва бахши хусусӣ ба ҳифзи муҳити зист ва барқарорсозии заминҳои истифодашударо нишон медиҳад. Барномаи мазкур ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои гузошташуда ба беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум низ мусоидат менамояд.
Омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои ҷаҳон ва минтақа нишон медиҳад, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо бояд чораҳои мунтазам ва самаранок рӯи даст гирифта шаванд. Яке аз асосҳои ин кор ҷамъоварии тухмиҳои босифат ва ба роҳ мондани ниҳолпарварӣ мебошад. Ҳамзамон, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ташвиқи масъулияти шаҳрвандон дар ҳифзи муҳити зист нақши калидӣ мебозад. Илова бар ин, таҳқиқоти илмӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи ниҳолпарварӣ ба таъмини натиҷаҳои воқеан назаррас мусоидат мекунад. Танҳо тавассути татбиқи ҳамоҳанг ва даққиқи ҳамаи ин чораҳо метавон барномаҳои кабудизоркунӣ ва рушди муҳити зистро ба самари дилхоҳ расонд.
Матлаби мазкур дар “Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” зикр гардида, таъкид шудааст, ки: “…ҳарчанд дар ҷумҳурӣ корҳои ниҳолпарварӣ асосан дар ташкилотҳои соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, инчунин қисман аз ҷониби бахши хусусӣ амалӣ карда шаванд ҳам, вале дар доираи имконияту зарфиятҳои ҷойдошта ҳануз ҳам нокифоя боқӣ мемонанд”.
Тибқи нишондиҳандаҳои дар барномаи болозикр инъикосёфта дар ҷумҳурӣ 97 ниҳолхона ва хоҷагии ниҳолпарварӣ, аз ҷумла дар сохтори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 13 хоҷагии ниҳолпарварӣ, дар назди Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 5 хоҷагии ниҳолпарварӣ ва 43 ниҳолхонаи хурд, дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 9 ниҳолхона, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ – 27 ниҳолхонаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ мавҷуд мебошанд. Дар умум, ҳамасола парвариши то 2,8 млн бех ниҳолҳо ба роҳ монда шуда, аз он барои шинонидан 1,5 млн бех ниҳолҳо тайёр мебошанд, ки ин ба раванди босуръати кабудизоркунии кишвар нокифоя арзёбӣ мегардад.
Бо мақсади бартараф кардани ин мушкилот, тадбирҳои зерин метавонанд ба манфиати кор бошанд:
– устувор намудани механизмҳои назорат дар раванди кабудизоркунӣ, бо назардошти мутобиқати заминҳои ниҳолшинонӣ ва сатҳи обёрӣ;
– ҷалби ҷомеа ва аҳолӣ тавассути ташкили гурӯҳҳои волонтёрӣ ва ҷамъиятӣ барои нигоҳубини ниҳолҳо ва назорати ҳолати онҳо;
– гузаронидани мониторинги мунтазам бо ба роҳ мондани системаи ҳисоботдиҳӣ ва натиҷаҳои кабудизоркунӣ;
– барои ҳар минтақа бояд дарахтоне интихоб шаванд, ки ба иқлими маҳаллӣ, миқдори боришот ва ҳарорати ҳаво мутобиқ бошанд.
Ба андешаи мо, тадбирҳои мазкур метавонанд дар амалишавии барномаи кабудизоркунӣ, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор заминаи мустаҳкам гузоранд. Бинобар ин, тавре ки зикр шуд, ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани фарҳанги экологӣ ва сабзгардонии атроф вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст буда, зебо гардонидани муҳити атроф дар беҳдошти вазъи экологии минтақа, пешгирии эрозияи хок ва фароҳам овардани фазои солиму мусоид барои сокинон нақши муҳим дорад.
Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар маъракаи ниҳолшинонӣ бо маром идома дошта, ин иқдом ба беҳтар намудани вазъи экологӣ, васеъ намудани майдонҳои сабз ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мусоидат менамояд. Шинонидани дарахтони ҳамешасабз, сояафкан ва мевадиҳанда на танҳо симои шаҳру деҳотро зебо мегардонад, балки дар коҳиши ифлосшавии ҳаво ва паст намудани ҳарорати муҳити зист саҳми назаррас мегузорад.
Тибқи “Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” то соли анҷомёбии татбиқи барнома дар мамлакат беш аз 2 миллиард ниҳоли дарахтони гуногун шинонида мешавад, ки ин тадбир ба коҳиши газҳои гулхонаӣ, беҳсозии вазъи экосистемаҳо ва рушди иқтисодиёти “сабз” мусоидат хоҳад кард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои манбаъҳои бузурги табиӣ, бахусус захираҳои обӣ буда, паст кардани хатарҳои ин неъматҳои бебаҳо аз ҳифзи ҷангалзор сарчашма мегирад. Ҷангалҳо ҳамчун танзимгари табиии гардиши об, нигоҳдорандаи хок ва муҳофизи гуногунии биологӣ хизмат мекунанд. Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон минтақаи камҷангалтарини Осиёи Марказӣ маҳсуб ёфта, тибқи маълумотҳои коршиносон масоҳати умумии фонди давлатии ҷангал 1,8 миллион гектарро ташкил дода, аз ин танҳо 422,7 ҳазор гектарро заминҳои ҷангалпӯш фаро мегиранд. Аз ин рӯ, ҷангалҳои кишвар асосан дорои аҳаммияти муҳофизатӣ, обнигоҳдорӣ, санитарию гигиенӣ ва солимгардонӣ мебошанд.
Масъалаи аз байн рафтани баъзе намудҳои олами набототу ҳайвонот, зиёд шудани миқдори гази карбон дар атмосфера ва авҷ гирифтани эрозияи хок, ки ба биёбоншавӣ оварда мерасонад, аз ҷумлаи мушкилоте мебошанд, ки ба устувории ҷангалзор таъсири манфӣ мерасонанд, боиси нигаронӣ мебошад. Бинобар ин, тақвияти корҳои барқарорсозӣ ва ҳифзи ҷангал вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад. Зеро баланд бардоштани фарҳанги экологӣ аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳии миллӣ вобастагии зич дорад. Миллате, ки табиати худро дӯст медорад ва онро ҳифз мекунад метавонад ояндаи устувор ва ҷомеаи солимро таъмин намояд. Дар ин самт, нақши муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба табиат, истифодаи сарфакоронаи захираҳои обу замин ва иштироки фаъолона дар маъракаҳои ободонӣ заминаи рушди устувори кишварро фароҳам меорад. Иштироки ҷавонон дар шанбегиҳо, аксияҳои ниҳолшинонӣ ва тозагии муҳити зист намунаи равшани масъулияти шаҳрвандӣ буда, бо татбиқи барномаҳои кабудизоркунӣ ва ҳифзи муҳити зист ба рушди иқтисоди “сабз” заминаи мусоид мегузорад ва бо истифодаи технологияҳои муосир, сарфаи энергия, коҳиши партовҳо ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия заминаи мусоид гузошта метавонад. Ҳамзамон, барои Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, ин самт имкониятҳои васеъро фароҳам меорад.
Инчунин, сабзгардонии муҳити зист метавонад ба рушди сайёҳии экологӣ мусоидат намуда, манзараҳои зебои кӯҳӣ, чашмасорҳо ва минтақаҳои ҳифзшавандаи кишварамонро ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва рушди иқтисоди миллӣ заминаи воқеӣ фароҳам орад.
Лозим ба ёдоварист, ки бо ибтикороти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълони соли 2026 – “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” аксияи ҷумҳуриявиро таҳти унвони “Як ҷавон – як дарахт” роҳандозӣ намуда, боиси дастгирӣ мебошад. Аксияи мазкур бо мақсади тарғиб ва рушди фарҳанги сабз ва нигоҳубини муҳити зист, инчунин, ҳавасмансозии иштироки фаъолонаи ҷавонон дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ роҳандозӣ шудааст. Ҳадаф аз гузаронидани ин чорабинӣ ташвиқи масъулиятшиносӣ ва иҷрои корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба ҳифзи муҳити зист дар байни ҷавонон, инчунин таҳким бахшидани ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббат ба табиат мебошад.
Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, масъалаи ҳифзи муҳити зист аҳаммияти боз ҳам бештарро касб мекунад. Дар партави сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои маҳбуби миллат моро зарур аст, ки дар самти сабзгардонии муҳити зист, барқарорсозии ҷангалзор, пешгирии эрозияи хок ва баланд бардоштани фарҳанги экологӣ ҳиссагузор бошем.
Ҳамин тавр, танҳо дар сурати муносибати дуруст ва масъулона ба табиат мо метавонем муҳити солим, иқтисоди устувор ва зиндагии шоистаро барои наслҳои оянда таъмин намоем. Ҳифзи муҳити зист ин на танҳо вазифаи давлат, балки қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа буда, ободии Ватан аз тозагии муҳити зист оғоз мегардад ва ҳар ниҳоле, ки имрӯз шинонида мешавад ҳамчун рамзи умед ба фардои сабзу ободи Тоҷикистони соҳибистиқлол дониста мешавад.
Ҷамшед Солиҳов,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва
ояндабинии иқтисодиёти соҳавии Маркази
тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон