ДАР МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ 33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

20 феврали соли 2026 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирди илмию амалӣ бахшида ба 33-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Анъанаи артишдории тоҷикон ва ҷойгоҳи Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳифзи истиқлоли кишвар» баргузор гардид.
Ҳамоишро муовини якуми директори Марказ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ораз Муртазозода ифтитоҳ намуда, аз номи роҳбарияти муассиса кормандон ва ҳозиринро ба муносибати 33-солагии Рӯзи Артиши миллӣ табрик гуфт. Зикр гардид, ки ҳамасола 23 феврал дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси ифтихор ва арҷгузорӣ таҷлил мегардад. Ин сана рамзи пойдории давлатдорӣ ва яке аз пояҳои муҳими Истиқлоли миллӣ ба ҳисоб меравад.
Инчунин, дар ҷараёни чорабинӣ муовини директори Марказ, доктори илмҳои сиёсӣ Лоҳутӣ Шарифзода суханронӣ намуда, таъкид кард, ки Артиши миллӣ на танҳо ниҳоди ҳарбӣ, балки кафили суботу амният, ҳомии истиқлол ва посдори арзишҳои давлатдорӣ мебошад. Дар ин замина, аз хизматҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ёдоварӣ карда шуд. Қайд гардид, ки маҳз бо талошҳои пайгиронаи роҳбарияти олии кишвар дар давраи ниҳоят ҳассосу тақдирсоз Артиши миллӣ аз сифр таъсис ёфта, дар муддати кӯтоҳ ба неруи муназзам ва тавоно табдил дода шуд.
Дар ҷараёни мизи гирд иштирокчиён доир ба мавзуъҳои «Зарурати тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар дар қаринаи таҳдидҳои амниятӣ», «Артиши миллӣ ҳамчун омили суботи иқтисодӣ ва рушди устувори кишвар» ва «Нигоҳе ба санъати артишдории тоҷикон ва шароити ташаккули Артиши миллии Тоҷикистон» маърӯзаҳо ироа намуданд.
Зикр гардид, ки Ҳукумати кишвар, новобаста аз мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ, ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба масъалаи таҳким ва рушди инфрасохтори ҳарбӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намудааст. Дар ин замина, таҷдиду азнавсозии қисмҳои ҳарбӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмини онҳо бо техника ва таҷҳизоти муосир, инчунин омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ ба таври пайгирона роҳандозӣ гардид.
Таъкид шуд, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва дар шароити печидаи сиёсиву амниятии минтақа ва ҷаҳон қарзи ватандории худро бо ҳисси баланди масъулият ва садоқат ба ҷо оварданд. Онҳо дар роҳи ба эътидол овардани вазъи кишвар, ҳифзи сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста иҷро намуданд.
Қайд гардид, ки маҳз ҷасорату матонат, интизоми намунавӣ ва садоқати хизматчиёни ҳарбӣ ба Ватан заминаи устувори барқарории сулҳ ва таҳкими амнияти миллӣ гардид.
Дар фарҷом иштирокчиён Артиши миллиро ҳамчун мактаби ватандӯстӣ, шуҷоат ва садоқат ба Ватан арзёбӣ намуда, саҳми онро дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва таъмини рушди устувори кишвар муҳим шумориданд.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон