НОМОФОБИЯ: ИНТЕРЕНТ-ВОБАСТАГӢ ҲАМЧУН МАРИЗИИ ҚАРНИ ХХI

Тамаддун бо рушди муттасил хос буда, он ба дунёи башарӣ ғояҳо ва технологияҳои навро ворид менамояд. Технологияи муосир ҳар рӯз барои ҳамагон дастрастар мегардад ва аксарияти одамон корбарони фаъоли ҳама гуна воситаҳое мешаванд, ки ҳаётро хеле осон мекунанд. Смартфон — ин дастгоҳи илмӣ-техникӣ аст, ки тасаввуротро ба дунё ва ҳатто мазмуни ҳаёти инсонро тағйир додаст. Ба туфайли шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ, гирифтани маълумоти зарурӣ ва бохабар будан аз ҳама рӯйдодҳои ҷаҳон имконпазир гардида, ба қавле инсон дар даруни олами имкониятҳо ва фановаришо ғарқ гардидааст. Мардум ба имкониятҳои ин муъҷиза чунон одат кардаанд, ки аллакай фаромӯш намуданд, бе он зиндагӣ кардан чӣ андоза душвор аст.
Ҳаёти инсонӣ дар даврони муосир бе телефон тасаввурнопазир аст, зеро он на танҳо воситаи иртибот бо олами беруна, балки ёрдамчии шахсӣ ва манбаи дарёфти иттилооти нав мебошад. Дар ин росто, дар Тоҷикистон шумораи умумии истифодабарандагони интернети мобилӣ 5,2 миллион нафарро дар бар мегирад, ки аз ин шумора 5,1 миллион нафар муштариёни интернети мобилӣ мебошанд. Омори мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки қисми бузурги аҳолии кишвар корбари платформаҳои мухталифи интернетӣ маҳсуб мешаванд. Вобаста ба ин гуфтан зарур аст, ки таҳлил намудани паҳлуҳои мухталифи вобастагии интернетӣ дар заминаи воқеӣ сурат мегирад.
Зарур ба таъкид аст, ки рушди технологияҳое, ки зиндагии инсонро осон мекунанд, паёмадҳои манфӣ низ доранд. Номофобия яке аз он падидаҳои манфӣ мебошад.
Номофобия (аз анг: «not mobile phone phobia») тарс ё изтироби воҳима аст, ки ҳангоми набудани телефони мобилӣ, қобилияти истифода аз он, вақте ки неруи батареяш тамом шудааст ё хидматрасонӣ вуҷуд надорад, эҳсос мешавад.
Номофобия, ё тарси ҷудо шудан аз телефони мобилии худ, як ҳолати равонӣ аст, ки бо тарси шадид ва изтироб дар бораи ҷудо шудан аз телефони мобилии худ ё дур будан аз он тавсиф мешавад. Ин тарс метавонад ба андозае бошад, ки ба ҳаёти ҳаррӯзаи инсон халал расонад ва дар муносибатҳои шахсӣ, кор ва таҳсил мушкилоти ҷиддӣ ба бор орад:
1. Истифодаи аз ҳад зиёди интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад боиси вобастагии қавӣ ба телефони мобилӣ ва тарси ҷудо шудан аз он гардад. Ин вобастагӣ метавонад чунон бошад, ки шахс бе дастрасӣ ба телефони мобилии худ худро нотавон ва музтариб ҳис кунад.
2. Одамони гирифтори номофобия метавонанд аз он тарсанд, ки агар аз телефони мобилии худ ҷудо шаванд, имкониятҳои муҳимро аз даст медиҳанд ё аз дигарон ақиб мемонанд. Масалан, онҳо метавонанд аз гум кардани хабарҳо, маълумот, паёмҳо ё зангҳои муҳим нигарон бошанд.
3. Телефонҳои мобилӣ барои бисёриҳо воситаи муҳимми муошират шудаанд ва тарси аз даст додани тамос бо дигарон метавонад омили рушди номофобия бошад. Ин тарс метавонад махсусан дар одамоне, ки худро танҳо ҳис мекунанд ё муносибатҳои иҷтимоии бад доранд, бештар бошад.
Аломатҳои номофобия дар одамон метавонанд фарқкунанда бошанад, аммо баъзе нишонаҳои маъмулӣ инҳоянд:
 Тарси шадид ва изтироби ҷудоӣ аз телефони мобилии худ;
 Пешгирӣ аз ҳолатҳое, ки шахс метавонад ба телефони мобилии худ дастрасӣ надошта бошад;
 Доимо тафтиш кардани телефони мобилӣ;
 Истифодаи аз ҳад зиёди телефони мобилӣ;
 Ихтилол дар хоб;
 Кам шудани тамаркуз;
 Мушкилот дар муносибатҳои шахсӣ;
 Мушкилот дар кор ва таҳсил.
Баъзе олимон пайдоиши номофобияро бо истеҳсоли допамин дар бадан алоқаманд менамоянд. Допамин як нейротрансмиттер ва ҳормонест, ки аз ҷониби мағзи сар истеҳсол мешавад. Он эҳсоси лаззат, ангеза ва қаноатмандиро ба вуҷуд оварда, фаъолияти инсонро танзим мекунад ва дар системаи “ризоият аз худ” нақши асосӣ мебозад. Дар робита бо ин вобастагии телефонро ба дигар нашъамандиҳои хатарнок монанд менамоянд. Њатто пешниҳод гардидааст, ки ин вобастагї ба рӯйхати ихтилоли равонӣ дохил карда шавад.
Бояд дар хотир дошт, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи мардум рақобат мекунанд ва тамоми талошҳоро ба харҷ медиҳанд, то ҷомеаро пайваста ба сомона ё ҷалби барномаи худ баргардонанд.
Тадқиқоти коршиносон нишон медиҳад, ки ҳамон тавре, ки баъзе афрод ба фаъолиятҳое, чун нӯшидани машрубот ё қимор одат мекунанд, ақаллияти хурди афрод воқеан ба васоити ахбори иҷтимоӣ муътод мешаванд. Ҳамчунин пажуҳишҳое мавҷуданд, ки гурӯҳҳои хавфро – вобаста ба афроди осебпазир аз номофобия муайян мекунанд. Аз нуқтаи назари ҷинс, занон хатари бештар доранд ва аз рӯи синну сол, ҳар қадаре, ки шахс ҷавонтар бошад, эҳтимоли пайдоиши номофобия ҳамон қадар зиёдтар аст.
Вобаста ба шароити муосири замон баъзе омилњои муњимми марбут ба номофобия инҳо мебошанд:
1. Ҷараёни муосири зиндагӣ дар он аст, ки насли калонсол бо фарзандони худ камтар муошират мекунад. Умуман, дар оилаҳо муоширати байниҳамдигарӣ заиф гардидааст.
2. Ҳолати аввалӣ бо тарзи дигар ҷуброн карда мешавад. Аъзои хонавода ба шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, ниёзи коммуникативии худро таъмин мекунанд (чанд нафар ба саҳифа ташриф овардаанд, аксро писанд кардаанд). Худи волидайн ҳам, бидуни дарк кардани он, бисёр вақт наврасонро водор мекунанд, ки доимо дар маркази таваҷҷуҳи маљозӣ бошанд.
3. Тарс аз танҳоӣ ва танҳо будан. Дар даврони бе интернетӣ ниёгони мо талош мекарданд, ки вақти холии худро бештар бо муоширати зинда гузаронанд. Ҳолати мазкур боиси муҳаббат ва маваддати хонаводагӣ мегардид. Ҳоло, бо пайдоиши шабакаҳои иҷтимоӣ робитаҳои иҷтимоӣ (оилавӣ, хешутаборӣ, дўстона) бо муоширати маҷозӣ ҷуброн карда мешавад (тафтиши почтаи электронӣ, хабарҳои дӯстон дар шабакаҳои иҷтимоӣ).
4. Пайдоиши имкони навъи дигари муоширати маҷозӣ. Бо рушди интернет имкони муоширати «бо дур» имконпазир гардид. Ҷавонони имрӯза дар муоширати воқеӣ душвориҳои ҷиддиро аз сар мегузаронанд, ки он дар душвории ташаккули андеша, баёни онҳо дар лаҳзаҳои шодиву ғамгинӣ зоҳир мешавад.
Тамоюли навтарин, ки ба насли наврас таъсири махсус мерасонад, ин вобастагии кўдакон аз шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Шабакаҳои иҷтимоӣ ҷои мактаб ва бозиҳои компютерӣ ҷои марказҳои тафреҳӣ, театр, синамо ва варзишгоҳоро мегиранд. Насли давраи “рақамӣ” хоҳони ба таври осон расидан ба мақсадҳоро дорад. Шабакаи иҷтимоӣ ташаккулдиҳандаи арзишҳои маънавӣ ва бозиҳои компютерӣ ҷойи варзишро мегирад.
Мундариҷаи муҳтавоӣ-ғоявии шабакаҳои иҷтимоӣ ва бозиҳои компютерӣ боиси ташаккули насли нав дар ҷомеа мегардад. Аз он хотир, ки наврасон ҳама чизро ба таври фаврӣ дар муҳити маҷозӣ ба даст меоваранд ва ин амалро дар фазои воқеӣ анҷом дода наметавонанд, аз лиҳози равонӣ осебпазир мешаванд. Иллатҳои бесабрии радикалӣ, манқуртшавӣ, тоқатнопазирӣ, таҳаммулнопазирӣ, беҳурмати нисбати дигарон, худпарастӣ, беҳаёӣ, осебрасонии наврасон маҳсули шабакаҳои иҷтимоӣ ва махсусан бозиҳои компютерианд.
Равони кӯдакон ҳангоми корбурд ё муошират бо компютерҳо хеле ҳассос ва осебпазир мегардад. Аксари бозиҳои компютерӣ зӯроварӣ ва таҷовузро ба тафаккури насли ҷавон тарғиб мекунад, ки дар муҳтавои ин бозиҳо ниҳон аст..
Наврасони имрӯза дар ҷаҳони мураккаб зиндагӣ мекунанд. Ин аз сабаби суръати пешрафти технологӣ, ноустувории иқтисодӣ ва фазои ахлоқӣ дар ҷомеа аст. Баъзеҳо арзишҳо ва идеалҳои худро гум кардаанд — кӯҳнаҳо нобуд шудаанд, навҳо эҷод нашудаанд. Барои бисёре аз наврасон тақлиди ҳадафмандонаи рафторҳои муайян, ҳам аз афроди мушаххас ва ҳам аз стереотипҳое, ки ВАО таблиғ мекунанд, хос аст. Аз ин рӯ, фаровонии филмҳои экшн, детективҳо ва ғайра, ки шаклҳои хашмгинонаи рафторро дар наврасон замина мегузоранд ва онҳоро дар назари худ ба калонсолон монанд мекунанд, аҳаммияти онҳоро бештар афзоиш медиҳанд.
Мушкилоти вобастагии компютерӣ низ мушкили эътимод аст. Иштирок дар ҷаҳони маҷозӣ ба кӯдакон ва наврасон имкон медиҳад, ки дар ҷаҳони воқеӣ истироҳат кунанд ва аз мушкилоти равонӣ халос шаванд, аммо ин танҳо дар ҳоле рух медиҳад, ки онҳо дар фазои маҷозӣ ба таври ҳамешагӣ қарор бигиранд. Сипас, барои кӯдаке, ки аз компютер вобаста аст, ҷаҳони воқеӣ бепарво ва пур аз хатар мегардад, зеро аксари муътодони интернетӣ кӯдаконе ҳастанд, ки дар ҷомеа мушкилот доранд.
Кӯдаке, ки аз муҳити воқеии ҷомеа дур шудааст, мехоҳад фазои шахсии худро бидуни дахолати волидайн дошта бошад. Онҳо тарзи ҳаёти калонсолонро рад мекунанд ва тарзи зиндагии худро эҷод мекунанд. Худмуаррифӣ дигар ниёз ба намоиши қудрат надорад; танҳо маҳорати компютерӣ ҳоло мақом, эътироф ва эътибори бидуни шубҳаро дар байни ҳамсолон муайян мекунад.. Бозиҳои компютерӣ, бахусус бозиҳои зӯроварона, метавонанд таҷовузро дар наврасон тавассути афзоиши афкор ва рафтори хашмгинона ва коҳиш додани эҳсоси ҳамдардӣ афзоиш диҳанд. Аммо, ин қоидаи мутлақ нест ва аз хусусиятҳои инфиродии наврас, устувории равонии онҳо ва муҳити оилавии онҳо вобаста аст..
Маданияти истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефон масълаест, ки мушкилоти зиёд дорад. Аз як ҷониб истифодаи телефон ба фаросату ахлоқи корбар вобаста буда, аз тарафи дигар татбиқи маҳдудиятҳо ҳам душвор аст, зеро дар ҳама ҷо наметавон маҳдудиятҳоро роҳандозӣ кард. Одамон вобаста ба хоҳишҳои худ аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода менамоянд ва замоне ки инсон дар сатҳи шахсӣ метавонад аз телефонҳои ҳушманд истифода кунад, танзими фаъолияти он мушкил аст. Фикри насли навро дар шароити кунунӣ муассисаҳои таълимӣ, балки шабакаи иљтимої бо телефонии дастиаш ташаккул медињад. Бо назардошти ҷиҳати мазкур зарур аст, ки барои ҳифз ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар шабакаи иҷтимоӣ ба саҳна овардани таълимоти ахлоқӣ-миллӣ дар фазои маҷозӣ ва фазосозии миллӣ пешқадам буд.
Номофобия воқеияти объективӣ дар ҷаҳон ва махсусан дар фазои ватанӣ аст. Ҳамарўза шоҳиди масоили мухталифи номофобӣ мегардем. Таъсири фазои маҷозӣ дар воқеияти ҷамъиятӣ дида мешавад. Рафтор, пиндор, гуфтор маншаро аз тарњњои шабакањои иљтимої мегиранд. Одамон вобаста ба идеалњои шабакањои иљтимої сотсиализатсия шуда, худро зоњиран мутобиқ мекунанд. Фазосозӣ, ҷомеасозӣ ва фарҳангсозӣ дар шабакаи иҷтимоӣ сурат гирифта, ҷомеа худро ба тадриҷ мутобиқ мекунад. Вобаста ба ин ҳангоми қатъ шудани интернет мушкилоти равонӣ ба норозигии ҷамъиятӣ оварда мерасонад. Аз ин рў, интернет-вобастагӣ мушкилоти ҷиддии даврони навин аст.
Дар ҷомеаи ватанӣ ҳолати марбут ба номофобия, фаббинг ва интернет-вобастагӣ дар даҳсолаҳои охир аз худ дарак додааст. Дар амалияи ҷамъиятӣ намунаҳои мухталиф ва баъзан ҳузнангези онро дида метавонем. Аммо замоне дар амалкарди худ инсонҳо тафаккур надоранд, ақидаи мустаҳакам мавҷуд нест, анбуҳи васеи одамон пойбанди фазои маҷозӣ гардида, дар вартаи интернетӣ меафтанд. Замоне ҳолати мазкур хосияти оммавӣ пайдо мекунад, масъалаи амнияти равонии ҷомеаро мубрам мегардонад. Агар давлат дар фазои интернетӣ фишангҳои идории худро дошта бошад, ба фоидаи кор аст вагарна анбуҳи фазои маҷозӣ сайд ва объекти гурўҳҳои ғаразнок мегарданд. Вобаста ба ҳолатҳои мазкур гуфтан мумкин аст, ки баҳси номофобия ва вобастагии интернетӣ ду ҷанба дорад: аввалан, фарҳанги корбурд ва фосилагирӣ аз технологияи ҳушмандро мубрам карда, сониян, амалкарди фаъолро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати таъмини амнияти равонии ҷомеа ба миён мегузорад. Фосилагирии ҳадафнок ва истифодаи самаранок аз технологияи ҳушманд ба манфиати ҷисмӣ, равонӣ (маънавӣ) ва амнияти иттилоотии давлат мусоидат мекунад.
Карим Қ.Н., муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.