ПАЙРОҲАИ ТАШАККУЛЁБИИ АРТИШИ МИЛЛӢ АЗ ДАВРОНИ АВВАЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ТО МАРҲИЛАИ ИМРӮЗ

Соҳибистиқлолӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо рамзи озодӣ, балки масъулияти бузурги таърихӣ ва имтиҳони ҷиддии давлатдорӣ ба шумор меравад. Давлате, ки тоза қадам ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ гузошта буд, ногузир масъалаи таҳкими пояҳои амният ва мудофиаи худро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ матраҳ намуд. Зеро таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ собит месозад, ки пойдории Истиқлолият бидуни неруи мудофиавии миллӣ ва сохтори муназзами ҳифзи тамомияти арзӣ ғайриимкон аст.
Аммо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои кишвари мо бо мушкилоти печидаи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ тавъам буданд. Мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раванди ташаккули ниҳодҳои калидии давлатдориро ба таъхир андохтанд. Дар чунин шароити ҳассос зарурати барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва эҳёи фаъолияти фалаҷшудаи мақомоти давлатӣ ба масъалаи ҳаётан муҳим табдил ёфт.
Баъди иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олӣ ва интихоб гардидани роҳбарияти нави сиёсӣ таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои воқеии эътидоли вазъият гузошта шуданд. Маҳз 18 декабри соли 1992 бо имзои Фармони Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» марҳилаи нави таърихи давлатдории миллӣ оғоз гардид. Ҳамин тавр, 23 феврали соли 1993 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид. Дар ҳамин рӯз расман санаи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд, ки он ҳамчун рӯзи таъсиси неруҳои мусаллаҳи кишвар дар таърих сабт гардид. Ташкили Артиши миллӣ дар шароите сурат гирифт, ки кишвар бо буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардида буд. Бо вуҷуди ин, иродаи қавии Роҳбари давлат ва эҳсоси баланди ватандӯстии ҷомеа имкон фароҳам овард, ки барои ҳимояи марзу бум ва пояҳои қувваҳои мусаллаҳи кишвар гомҳои устувор гузошта шаванд.
Аз нигоҳи илмии давлатшиносӣ, таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз аломатҳои асосии соҳибихтиёрии давлат ба ҳисоб меравад. Зеро кишваре, ки қодир аст амнияти дохилӣ ва берунаи худро мустақилона таъмин намояд, мавқеи устувори сиёсӣ касб мекунад. Аз ҳамин лиҳоз, ташаккули Артиши миллӣ на танҳо иқдоми ҳарбӣ, балки раванди бунёди рукни муҳимми давлатдорӣ ва таҳкими истиқлолияти воқеӣ буд.
Дар замони Истиқлоли давлатӣ бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таҳкими иқтидори мудофиавӣ ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт ва дар ин замина, сохтори идоракунии ҳарбӣ низ такмил дода шуд. Айни ҳол, қисмҳои ҳарбии ба талаботи муосир ҷавобгӯ таъсис дода шуданд. Ҷорӣ намудани технологияҳои нав, воридоти техника ва таҷҳизоти муосири низомӣ, инчунин омодасозии кадрҳои касбӣ ба яке аз вазифаҳои калидӣ мубаддал гардид. Ин раванд имконият дод, ки Артиши миллӣ тадриҷан ба неруи муназзам ва боэътимод табдил ёбад.
Имрӯз Артиши миллӣ натанҳо сохтори қудратӣ, балки мактаби мардонагӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва заминаи асосии омодасозии кадрҳои сохторҳои низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар сафи он ҷавононе адои хизмат менамоянд, ки ҳифзи марзу буми Ватанро қарзи муқаддаси худ медонанд. Ҳар як сарбозу афсар дарк менамояд, ки суботу амнияти ҷомеа аз сатҳи омодабошӣ ва масъулияти шахсии ӯ вобастагии мустақим дорад.
Дар баробари таҳкими иқтидори ҳарбӣ, масъалаи беҳтар намудани шароити иҷтимоии хизматчиён низ дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор гирифт. Бунёди шаҳракҳои ҳарбӣ, марказҳои таълимӣ ва варзишӣ, беҳтар гардидани таъминоти тиббӣ ва кафолатҳои иҷтимоӣ далели равшани ғамхории давлат нисбат ба ҳомиёни Ватан мебошад. Зеро руҳияи баланд, таъминоти иҷтимоӣ ва эҳсоси қадршиносӣ омили муҳимми устувории неруи мусаллаҳ маҳсуб меёбад.
Дар шароити муосир, ки таҳдидҳои амниятӣ шаклҳои нав касб мекунанд ва вазъи геополитикии минтақа ҳассос боқӣ мемонад, нақши Артиши миллӣ боз ҳам бештар мегардад. Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар таъмини амнияти минтақавӣ саҳми арзанда гузошта, ҳамкориҳои ҳарбиро тақвият мебахшад ва сатҳи омодабошии неруҳои худро пайваста такмил медиҳад.
Имрӯз метавон бо итминон изҳор дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ниҳоди касбӣ, муназзам ва устувор табдил ёфтаанд. Иқтидори мудофиавии давлат сол аз сол таҳким ёфта, сатҳи таъминоти иҷтимоии хизматчиён беҳтар гардида, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ дар ҷомеа тақвият меёбад.
Ҳамин тавр, ҳифзи Истиқлолият вазифаи натанҳо сохторҳои низомию қудратӣ, балки рисолати умумимиллӣ мебошад. Дар баробари ин, Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлат кафолати оромӣ, субот ва рушди устувори Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зеро истиқлолият неъмати бебаҳост ва ҳифзи он дониш, иродаи қавӣ, ваҳдати миллӣ ва неруи муттаҳидро тақозо мекунад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо садоқат ба савганди ҳарбӣ ва масъулияти баланд дар ҳимояи сулҳу субот, тамомияти арзӣ ва зиндагии осоиштаи мардуми кишвар қарор дошта, ҳамчун рамзи қудрат ва пойдории давлати соҳибистиқлол хизмат менамоянд.
Ҷамшед Солиҳов,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва
ояндабинии иқтисодиёти соҳавии Маркази
тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон