ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РОҲБУРДҲОИ ҲАДАФМАНДОНА ДАР СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶӢ

Дар оғози Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” соли сипаришудаи 2025 “барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ” муаррифӣ гардид. Дар партави ҳамин ҷамъбасти некбинона ва масарратбахш андаруни ин ҳуҷҷати муҳими барномавии ҳоҷагии халқи кишвари маҳбуб як идда масоиле баён гардиданд, ки аз раванди сиёсати муваффақонаи хориҷии кишвар мужда медиҳад.
1. Нахустин рӯйдоди таърихӣ дар соли сипаришуда – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад. Дар доираи ҳалли ин масъалаи сарпечида ҳамчунин шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд. Воқеан ин рӯйдод имиҷи минтақавӣ ва байналмилалии Осиёи Марказиро дар умум ва ҳар як кишвари панҷгонаро дар алоҳидагӣ ҳамчун субйектҳои мустақил, пешгӯишаванда ва паймонпазир муаррифӣ кард ва бори дигар заковати баланд ва дурандешии сиёсии Пешвои миллати тоҷиконро ба маърази баҳогузории геосиёсӣ ва андеша гузошт.
2. Соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баландро доир ба ин масъала мизбонӣ намуд. Конфронси мазкур бори дигар собит намуд, ки ин проблема танҳо мушкилии Ҷумҳурии Тоҷикистон нест ва ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ба сабаби тағйирёбии иқлим ва гармшавии сайёра аз оқибатҳои ин раванд бавосита ё бевосита таъсирпазир мешаванд. Зеро пиряҳо дар миқёси ҷаҳон барои ҳамаи сокинон манбаи асосии оби ошомиданӣ мебошанд. Чорабинии дар кишвари мо амалишуда барои дар атрофи ин масъала андешаи ҷиддӣ зоҳир намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ нерӯҳои солимро муттаҳид кард. Ин дастоварди муҳими сиёсати хориҷии мо дар ин самт маҳсуб мешавад. Зеро 12-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд. Ин ҳуҷҷат дар ояндаи наздик барои пешбурди фаъолиятҳо дар ин самт ва пешниҳоди барномаву лоиҳаҳои нав бо маблағгузории ниҳодҳои хориҷӣ ҳатман мусоидат хоҳад кард. Айнан ташаббуси дигари кишвари мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ»-ро низ аз қабили ҳамин гуна дастовардҳо бояд эътироф кард.
3. Илова бар ин, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни Иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон ва муаррифии падидаҳои фарҳангии он мебошад. Дар ин мисол бояд зикр намоем, ки кишвари азизи мо ба омўзиши фарогири иқлимҳои камомўхтаи таърихӣ-ҷуғрофии худ, ҳадди ақалл дар доираи 7 ситораи парчами аҷдодиаш зарурат дорад ва Хуттали қадим иқдоми нахустин дар ин ҷода мебошад.
4. Ҳамчунин боиси ифтихор аст, ки 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид. Қабули қатънома аз он дарак медиҳад ки буҳрони маърифати ҳуқуқӣ дар замони зудтағйирёбандаи арзишҳои ҷаҳонӣ гиребонгири ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам будааст. Ва ҳақ бар ҷониби Пешвои муаззами миллат аст, ки «пазируфтани ин ташаббусҳо ифодаи эътироф ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад». Ин дар навбати худ далели возеҳи истифодаи “нерӯи нарм” дар ҳамкорӣ бо созмонҳои гуногун ва ниҳодҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ мебошад. Аз ҷониби дигар, дар сиёсати кишварҳои абарқудрат ҳолатҳои бартарӣ додани меъёрҳои ҳуқуқи миллӣ бар ҳуқуқи байналмилалӣ ба мушоҳида мерасад. Ҳамин ҷиҳат мубрам будани масъалаи маърифати ҳуқуқиро ҳам дар рафтори дохилӣ ва ҳам зимни ба амал баровардани фаъолиятҳои хориҷӣ аз мавқеи омодагии тахассусӣ ва шаҳрвандӣ таъкид менамояд. Ва ин ҳамоҳангӣ ва дастгирӣ бори дигар собит менамояд, ки пешниҳоди Пешвои миллати тоҷикон на танҳо барои як кишвар ва минтақа, балки дар сатҳи масъалагузориҳои СММ низ мавриди пазироӣ қарор дорад.
5. Истифодаи “нерӯи нарм” дар бахши илму маориф ҳамчун пайвандгар ва унсури муаррифӣ кардани имкониятҳои зеҳнӣ дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар яке аз масъалаҳои меҳварии Паём буд. Вобаста ба тарғиби ин самти фаъолият, ба андешаи мо, зикри чанд дидгоҳи муҳим аз матни Паёми имсола муҳим аст:
Якум, аз ҷониби Пешвои миллат баён гардид, ки “бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намоям, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад”. Агар ба муҳтавои сомонаҳои Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ назари иҷмолӣ андозем, маълум мегардад, ки воқеан ҳифзу нигоҳубини кӯдакон ва таълиму тарбияи ҳадафмандонаи писарону духтарони наврас хусусияти буҳронӣ касб намудааст. Дар байни насли ҷавон як рафтори пучигароӣ (нигилизм) дар бораи ояндаи худ ва соҳиби касбу тахассус шудан боло гирифтааст ва фориғболии комил зоҳир мешавад. Агар мо дар сиёсати илму маорифи ватанӣ ба пешрафти ҷиддӣ ноил гардем, пас метавонем бо пешниҳоди мутахассисони босаводу донишманд дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ба дастовардҳои сиёсати хориҷии худ тақвият бахшем.
Дуюм, дар татбиқи ҳамин ғояҳои “нерӯи нарм” зарурати баланд бардоштани маҳорату малакаи забондонии шаҳрвандон, алалхусус кадрҳои ҷавон чунин таъкид гардид: “Ҳамчунин, аз ҷониби гурӯҳи босалоҳияти корӣ вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таҳлилу баррасӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам тезонидани ин раванд ба Ҳукумати мамлакат хулосаҳои асоснок пешниҳод карда шаванд”. Қобили тазаккур аст, ки сатҳи забондонӣ ҳоло дар сатҳи байналмилалӣ ва пешбурди сиёсати хориҷӣ ба омили ҳалкунанда мубаддл гаштааст. Ҳоло коршиносонро аз рӯйи қобилияти андешаронӣ ва забондониашон баҳогузорӣ ва пазироӣ мекунанд. Дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ муҳандису табиб ва олиму ҳунарманди забондон харидори зиёд дорад. Дар замони муосир мақоми ихтисоси тарҷумон андаке дигаргун шуд. Ҷойгоҳи мутарҷимони касбӣ дар баргузории форуму чорабиниҳои ҷаҳонӣ, баргардони маводҳои зарурӣ дар сатҳи омӯзиши техникаву технологияҳои баланд ва зеҳни сунъӣ, инчунин табодули фарҳангию адабӣ ва тамаддунии миллатҳо устувор боқӣ мемонад. Вале муоширати бевоситаи коршиносон ва ҳатто бошандагони муҳоҷирати меҳнатӣ бидуни миёнарвии мутарҷим бояд ҳамчун аксиомаи муносибатҳои ҳаёти воқеӣ пазируфта шавад.
Сеюм, дар Паёми имсола масъалаи тағйирёбии иқлим, об шудани пиряхҳо ва тамоюли гармшавии сайёра мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, таъкид гардид, ки “омӯзиши пиряхҳо яке аз самтҳои муҳимми илми ватанӣ ва ҷузъи сиёсати давлатии мо мебошад. Соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025-2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд. Аз ин лиҳоз, ман аз ҳамаи сохторҳои дахлдор даъват менамоям, ки фаъолияти илмӣ ва амалиро дар ин самт густариш дода, дастовардҳои худро дар арсаи байналмилалӣ васеъ муаррифӣ намоянд”.
Сазовори гуфтан аст, ки мавзӯи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳаммияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад. Дар робита ба ин, аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод гардид, ки Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳо» ба Муассисаи давлатии илмиву таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо» табдил дода шавад”. Ин супориши Ҷаноби Олӣ чунин маъно дорад, ки бояд тоҷикон мавқеи авлавиятро дар омӯзиши ин самти муҳими илмӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ соҳибӣ намоянд. Таъкид кардан зарур аст, ки дар бахши ин таҳқиқоти илмӣ кишвари Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги илмӣ ва озмоишгоҳи пиряхҳо дар шакли табиӣ мебошад. Ва олимони соҳа бояд ин имконияти бисёр созгорро ҳамаҷониба истифода баранд, то дастовардҳои илми ватанӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шаванд.
Чаҳорум, дар шароити зуд тағйирёбандаи геополитикаи ҷаҳонӣ ва фишори зиёд ба забону фарҳангҳои кишварҳои хурд бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, пеш аз ҳама ҷавонон аҳамияти дучанд касб намудааст. Дар иртибот ба роҳандозии корҳо дар ин самт Роҳбари давлат изҳор доштанд, ки “ба ин масъалаи муҳим ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар даҳ соли охир 150 иншооти соҳаи фарҳангро сохта, ба истифода додем ва 350 иншооти дигари соҳаро таъмиру азнавсозӣ кардем”. Аз шумори корҳои назаррас дар ин самт бунёди театри миллӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаришуда нашр ва ба китобхонаҳо дастрас кардани 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона, бо дастури Роҳбари давлат чоп ва ройгон туҳфа шудани 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ ҳамчун тадбирҳои қавианосири тақвияти худшиносии миллӣ баҳогузорӣ гардид. Сазовори гуфтан аст, ки агар нашри “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров василаи тарғиби таърихи куҳанбунёди миллати мо дар даврони шуравӣ ва тавассути он ба кишварҳои хориҷӣ шуда бошад, пас бознашри тозаи он ва «Шоҳнома» бо ташаббуси Пешвои тоҷикони ҷаҳон шиносномаи ҳувияти шикастнопазири миллатро ба ихтиёри ҳар як шаҳрванд дубора баргардонидан талаққӣ гардид.
Панҷум, дар робита ба муаррифии шоистаи мероси таърихиву фарҳангӣ пешниҳод ва таҳияи лоиҳаи қонуни соҳаи бостоншиносӣ дар муҳлати кӯтоҳтарин ба Ҳукумати мамлакат аз ҷониби масъулини соҳа зарур шуморида шуд. Аҳамияти ин қонун ба ворид шудани 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ва қабул шудани қатъномаҳои он дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робияи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 алоқаманд буда, аз ҷойгоҳи махсуси меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ дарак медиҳад. Дар ин радиф вобаста ба номгӯи чорабиниҳои муҳим – танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният), саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ ва зарурати ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи ӯ, мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз ва асолати тоҷикӣ доштани ҷашнҳои Меҳргон, Сада ва Тиргон, таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Ва Пешвои миллат таъкид намуданд, ки “итминон дорам, ки амалӣ намудани иқдомоти зикршуда далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо – тоҷикон мегардад”.
6. Дар қисмати марбут ба татбиқи сиёсати хориҷӣ Сарвари давлат ба ҳамватанон ва вакилони муроҷиат намуда, чунин баён доштанд:
“Вазъи мураккаб дар манотиқи гуногуни дунё, шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон, мавҷи нави «ҷанги сард», яроқнокшавии бошитоб, заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дигар равандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалӣ ҳамоно мояи нигаронӣ боқӣ мемонад. Дар чунин шароит моро зарур аст, ки дар баробари иштироки фаъол дар равандҳои глобалӣ, дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба саъю талошҳоямон барои расидан ба ҳадафҳои созанда – пойдории сулҳу субот ва таъмини амнияти фарогир тақвият бахшем”.
Дар Паём ҷиҳати татбиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои алоҳида зикр нагардиданд, вале идома додани тавсеаи равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон бар пояи усулҳои эътимод, эҳтироми манфиатҳои ҳамдигар ва сиёсати «дарҳои кушода» таъкид гардид. Дар ин росто, андешидани тадбирҳои амалӣ барои рушду таҳкими муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳо ва ниҳодҳои шарик дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангиву башарӣ зарур дониста шуд.
Барои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳо дар Паёми Пешвои миллат самтҳои нави ҳамкориҳо ва ҳамгироии минтақавию байналмилалӣ дар шакли мушаххас ва фишурда баён карда шуд: «Ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшад». Дар ин росто, эътибори аввалиндараҷа додан ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим авлавияти асосии рушди устувори мамлакат ва равнақи ҳамкориҳои хориҷӣ дар минтақа ва сатҳи ҷаҳонӣ дониста шуд. Дарёфт ва истифодаи самараноки дастовардҳои манбаҳои иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ дар заминаи «пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир» танҳо дар заминаи такя намудан ба илму дониши мутахассисони ватанӣ ва қобилияту маҳорати ҳамкории хориҷиро ба роҳ мондани онҳо бастагӣ дорад.
Илова бар ин, дар қамъбасти динамикаи рушди иқтимоӣ-иқтисодӣ, демографӣ, микроиқтисодӣ, инфрасохторӣ, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, даромади пулии аҳолӣ, сатҳи зиндагӣ, дарозумрӣ, коҳиши камбизоатӣ, татбиқи барномаҳои миёнамуҳлат дар доираи Стратегияи миллии рушд бо овардани факту далелҳои рақамӣ таъкид гардид, ки «ҳоло дар кишвар дар самти ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, сохтмону азнавсозии иншооти энергетикиву нақлиётӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, тавсеаи хизматрасониҳо, густариши ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд». Ин суханон далолат бар он дорад, ки ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар сатҳи зарурӣ қарор доранд.
Дар иртибот ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон гардид, дастуру супоришҳои ҷолиб садо доданд, ки он василаи муҳим барои инъикоси раванди созандагию ободонии кишвари мо дар сатҳи байналмилалӣ хоҳад буд:
“Мо бояд то ин санаи муқаддас корҳои созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, чорабиниҳои ҷашниро бо сатҳу сифати баланд амалӣ созем. Ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд.
Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави кишварро то дурдасттарин деҳоти он фаро гирад ва ба як кори маъмулӣ табдил ёбад. Яъне ҳар як фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватани азизи хеш кори некеро анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳад”.
Ҳамин тавр, дар самти сиёсати хориҷӣ дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, ба андешаи мо, ду ҷанбаи муҳим ба мушоҳида расид: нахуст ин аст, ки таҳлили муқоисавии дастоварду пешравиҳои даҳ соли ахир дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар муаррифӣ гардид. Чунин гузинаи таҳлилӣ имкон медиҳад, ки ҳусну қубҳи фаъолиятҳои як давраи муайян дар мизони андеша баркашида шавад, корҳои шоиста тақвият ва баръакс, корҳои зишту нохуб мавриди бознигарӣ қарор гирад; сониян, дар масъалаи татбиқи Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи асосӣ ба таносуби мутавозини сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ аз тариқи роҳбурди фаъолиятҳо ҷиҳати ташвиқу тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои ватанӣ дар сатҳи байналмилалӣ бартарият дода шуд.
Дар меҳвари ин сиёсат се қисмати таркибии муҳим – дипломатияи об, дипломатияи иқтисодӣ ва дипломатияи фарҳангӣ қарор дода мешавад.
Файзулло БАРОТЗОДА,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии МТС,