МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОРО БО ОЗАРБОЙҶОН БАРРАСӢ НАМУД
Имрӯз, 13 феврали соли ҷорӣ, дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум мулоқоти судманд миёни мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода ва мушовири Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурчин Алиев баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дипломатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Қайд гардид, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон 29 майи соли 1992 барқарор гардида, имрӯзҳо дар рӯҳияи эҳтироми мутақобил ва шарикии судманд рушд меёбанд. Ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар чаҳорчӯби гурӯҳҳои дӯстӣ густариш ёфта, равобити тиҷоративу иқтисодӣ бар пояи як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ ба роҳ монда шудаанд.
Ҷонибҳо инчунин зарурати тақвияти ҳамкориҳои илмӣ-таҳлилӣ, мубодилаи таҷриба ва густариши робитаҳо миёни ниҳодҳои тадқиқотии ду кишварро муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҳар ду ҷониб омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар оянда изҳор дошта, идомаи муколамаи созанда ва таҳкими равобити дӯстона ба манфиати мардумони ҳар ду кишварро муҳим донистанд.
Ҳамзамон, ба нишони эҳтиром ва дӯстӣ ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
