ЗАМИНАҲОИ АСОСИИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ

Роҳбарияти Олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” пешбинигардида равона карда, дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро ҳадафи олии худ эълон намудааст. Барои расидан ба ин ҳадафҳои созанда, тавассути пешгирии таъсири хавфҳои эътимолӣ, андешидани тадбирҳои зарурӣ ба хотири таъмини рушди соҳаҳои саноату энергетика, кишоварзӣ ва роҳу нақлиёт, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ба бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат, стратегияю барномаҳо ва консепсияҳои рушди соҳавиро таҳия ва мавриди амал қарор додааст.

Вобаста ба ин, дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии бахшҳои молиявию иқтисодӣ, аз ҷумла, санадҳои меъёрии ҳуқуқии вобаста ба раванди сармоягузориро пайваста такмил медиҳад. Дар баробари ин, танҳо дар соли 2025-ум ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 6925,3 млн. доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардид, ки нисбат ба соли 2024-ум ба маблағи 1798,6 млн. доллар ё ин ки 35 фоиз зиёд мебошад ва ин омили муҳимми рушди иқтисодӣ барои таъмини пешрафти соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ, саҳми арзанда гузошта истодааст.

Дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намудааст. Айни замон зарур аст, ки бо истифодаи комёбиҳои илмию инноватсионӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, қувваи корӣ ва зарфияти истеҳсолии соҳаи саноат ва бо истифодаи самараноки ашёи хоми ватанӣ суръати рушди ин соҳа, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – саноатикунонии босуръати кишвар эълон гардидааст, дар сатҳи на кам аз 25 дарсад таъмин карда шавад.

Ҳамзамон, дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” сенарияи индустриалӣ – инноватсионӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин имконият медиҳад:

  • рушди иқтисоди сабз ва идоракунии захираҳои об;
  • диверсификатсияи иқтисодиёти миллӣ;
  • имкониятҳои инфрасохтори нави транзитӣ ва долонҳои иқтисодӣ;
  • рушди истеҳсолоти молҳои воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, таъмин карда шаванд.

Яке аз омилҳои муҳимму таконбахше, ки дар марҳилаи нави рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро ба ҳадафҳои миллӣ расонида метавонад, ин пеш аз ҳама густариши ҳамкориҳои судманд бо шарикони стратегӣ ба шумор меравад.

Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳамкориҳои судмандро бо аксар кишварҳои пешрафта, дар доираи сиёсати дарҳои кушода, ки асоси сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, марҳила ба марҳила густариш дода истодааст. Яке аз ин кишварҳо, ки солҳои охир муносибатҳои иқтисодию молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он тақвият меёбад, ин Ҷумҳурии Корея мебошад. Тибқи маълумотҳои оморӣ, гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея тавассути пайваста афзоиш ёфта истодаанд, ки дар (ҷад. №1) нишон дода мешавад.

Ҷадвали №1 Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Корея дар давоми солҳои 2021 – 2025

(млн доллар)

Аз руй маълумотҳои ҷадвали №1 мушоҳида карда мешавад, ки гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2021 – 2025 пайваста афзоиш ёфта истодааст. Соли 2025-ум ин нишондиҳанда ба 10793,1 млн доллар баробар гардида буд, ки дар қиёс ба соли 2024-ум 1838,1 млн доллар ё ин ки 20,5 фоиз зиёд мебошад.

Ин нишондиҳанда, яъне ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми панҷ соли охир аз 6359,1 млн доллари соли 2021 ба 10793,1 млн доллар дар соли 2025 баробар гардидааст, ки афзоиш дар ин давра, 4434,0 млн доллар ё ин ки 1,7 маротибаро ташкил медиҳад. Пайваста зиёд гардидани ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва ба дигар нишондиҳандаҳои муҳимми иқтисодию иҷтимоӣ таъсири мусбат расонида, манбаъҳои нави андозбандӣ ва дар навбати худ афзоиши қисми даромади буҷети давлатиро таъмин менамояд.

Вобаста ба ин масъала, дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешгирӣ ва паст намудани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ҳамкориҳо бо шарикони стратегӣ ва бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ пайваста густариш меёбанд.

Диаграммаи №1 Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2021 – 2025

(млн доллар)

Вобаста ба масъалаи муҳимми соҳаи саноат, яъне ба роҳ мондани истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазири ба содирот нигаронидашда, тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд. Барои мисол, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат», ки 30 майи соли 2017 таҳти №1415 қабул гардидааст, мақсади сиёсати давлатиро дар ин соҳа нишон додааст, ки аз инҳо иборат мебошад:

  • рушди босубот ва инноватсионии саноат;
  • афзунгардонӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ ва дар асоси он ҳал намудани вазифаҳои иҷтимоии давлат, таъмини амнияти миллӣ;
  • гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ;
  • мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ.

Дар робита ба ин, рушди минбаъдаи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самаранок истифодабарии захираю имкониятҳои мавҷуда, ҳамбастагию ҳамкории судманд бо шарикони стратегӣ ва ташкилотҳои молиявию қарзии байналмилалӣ вобастагии бештар дорад. Ин имкониятҳо ба рушди фаъолияти соҳибкорию бахши хусусӣ, рушди соҳаҳои кишоварзию саноат ва энергетика, таҷҳизонидани соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ бо технологияҳои муосир ва беҳтар намудани самти фаъолияту хизматрасонӣ дар бахшҳои молиявӣ, алоқаманд мебошанд. Тоҷикистон дар таъмини рушди энергияи «сабз» ва афзоиши иқтидори истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда нақши калидӣ дорад. Бинобар ин, бо итминон метавон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари дорои захираҳои фаровони об, ҷонибдори истифодаи одилона ва оқилонаи он сарвату захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт медонад.

Дар баробари ин, рушди соҳаи нақлиёт яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ мегардад, имрӯзҳо Роҳбарияти Олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди долонҳои бисёрсамта, ташкили марказҳои муосири логистикӣ ва рақамикунонии расмиёти нақлиётӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда истодаанд.

Ҳадафи асосӣ аз татбиқи барномаҳои давлатӣ аз он иборат аст, ки дар заминаи таъмини истиқлоли энергетикӣ, рушди соҳаи саноат ҳамчун муҳаррики пешбарандаи иқтисоди миллӣ, бо дарназардошти афзоиши потенсиали содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба фаъолияти корхонаи дӯзандагии Тоҷикистону Корея, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён Ҷей Текстайл” шинос шуданд.

Корхонаи дӯзандагии “Ориён Ҷей Текстайл” бо харҷи як млн. доллари амрикоӣ дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардида, яке аз калонтарин корхонаҳои саноати дӯзандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи аввал зиёда аз 100 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Дар корхонаи истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, аз ҷумла либосҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои маҳсулоти дӯзандагӣ бо тарҳу услуби муосир ба роҳ монда шудааст.

Ба истифода додани чунин коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба ташаккули «иқтисоди сабз», суръат бахшидан ба раванди рақамикунонии иқтисодиёт, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум заминаи устувор мегузорад. Дар ин замина ва бо дарназардошти аҳаммияти бузурги ҳадафи мазкур имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷониби сармоягузорони ватанӣ дар заминаи технологияи муосиру инноватсионӣ коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд гардида истодаанд.

Ҷадвали №2 Воридоти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2021 – 2025

(млн доллар)

Воридоти таҷҳизоти технологӣ яке аз воситаҳои муҳимми ташкили истеҳсолот, хизматрасонӣ ва омили ба ҷойҳои нави корӣ таъмин намудани аҳолии қобили корӣ ба ҳисоб меравад. Тай солҳои охир, воридоти таҷҳизоти технологӣ, аз ҳаҷми умумии воридоти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти бештар пайдо намудааст.

Масалан, агар соли 2025-ум ҳаҷми умумии маблағи воридоти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Корея 196,0 млн долларро ташкил намуда бошад, ҳиссаи воридоти таҷҳизотҳои технологӣ бо дарназардошти воридоти воситаҳои нақлиёт 145,2 млн доллар ё ин ки 74,1 фоизро ташкил намудааст.

Бояд қайд намуд, ки бо дарназардошти ҳамин хусусиятҳои хоси воридоти таҷҳизоти технологӣ, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои зиёди андозию гумрукӣ пешбинӣ карда шудааст. Дар навбати худ, имтиёзҳои андозӣ яке аз воситаҳои муҳимми васеъ намудани доираи фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ба ҳисоб мераванд. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйироту иловаҳо бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна, дастгирии корхонаҳои истеҳсолӣ ва васеъ намудани иқтидори истеҳсолии молҳои ниёзи мардум, инчунин, молҳои воридотивазкунанда мебошад.

Диаграммаи №2 Воридоти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2021 – 2025

(млн доллар)

Аз нишондиҳандаҳои диаграммаи №2 хулоса баровардан мумкин аст, ки агар соли 2025-ум ҳаҷми умумии воридоти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 196,0 млн долларро ташкил намуда бошад, ин нишондиҳанда соли 2021 ҳамагӣ 41,0 млн долларро ташкил медод, яъне дар ин давра ҳаҷми воридот ба маблағи 155,0 млн доллар ё ин ки 4,8 маротиба зиёд гардидааст.

Дар давоми панҷ соли охир, воридоти воситаҳои нақлиёт ва дигар таҷҳизотҳои техникӣ низ аз 30,6 млн доллари соли 2021 ба 145,2 млн доллар дар соли 2025 расидааст, ки дар ин давра афзоиш маблағи 114,6 млн доллар ё ин ки 4,7 маротибаро ташкил медиҳад.

Дар робита ба ин, соҳаи саноат аз ҷумлаи соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа ба шумор меравад, ки ин соҳа ҳамчун муҳаррики пешбарандаи иқтисодиёти миллӣ, тавлидкунандаи молу маҳсулот ва татбиқкунандаи ҳадафҳои рушди устувор дар шароити ҷаҳонишавӣ, таъсири омилҳои бошиддати геополитикӣ ва тағйирёбии босуръати иқлим нақши назаррасро дар танзиму нигоҳдории нишондиҳандаҳои муҳимми макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.

Мувофиқи пешниҳоди коршиносони ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ баробари тағйирёбии авзои сиёсии ҷаҳон, тағйирёбии сатҳи нархҳои ашёи хоми хусусияти стратегидошта дар бозорҳои байналмилалӣ ва тағйирёбии босуръати иқлим, барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ зарур аст, ки бештар ба сектори хусусӣ, соҳибкории хурду миёна ва корхонаҳои истеҳсолӣ маблағгузорӣ намоянд.

Бобоев Ҷӯрахон,

сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои соҳибкорӣ

ва бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон