ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ

Форуми  3-юми марказҳои таҳлилии

«Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея»

 

24–25 июни соли 2026
ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон

24–25 июни соли 2026 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Котиботи Форуми ҳамкории Корея – Осиёи Марказӣ даври 3-юми Форуми  марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея»-ро баргузор менамояд.

Дар кори форум роҳбарон ва намояндагони марказҳои пешбари таҳлилӣ ва тадқиқотӣ, ҷомеаи коршиносӣ, созмонҳо ва фондҳои байналмилалӣ, инчунин намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок хоҳанд кард.

Ҳадафи асосии чорабинӣ таҳкими муколамаи стратегӣ ва густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея мебошад.

Баргузории Форуми мазкур дар остонаи Саммити «Корея – Осиёи Марказӣ», ки моҳи сентябри соли 2026 бо иштироки сарони давлатҳо ба нақша гирифта шудааст, аҳаммияти махсус дорад. Аз ин рӯ, форум ба як минбари муҳими баррасии масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ ва таҳияи тавсияҳои амалӣ табдил хоҳад ёфт, ки метавонанд дар ташаккули рӯзномаи саммити дарпешистода ва машваратҳои байниҳукуматӣ саҳми назаррас гузорад.

Даври 3-юми Форуми марказҳои таҳлилӣ на танҳо ҳамчун майдони академӣ барои мубодилаи афкор, балки ҳамчун механизми муассири муколамаи стратегии сиёсӣ хизмат хоҳад кард, ки имкон медиҳад:

  • самтҳои афзалиятноки ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея муайян карда шаванд;
    • муҳокимаҳо дар сатҳи марказҳои таҳлилӣ бо самтҳои сиёсати давлатӣ ҳамоҳанг гарданд;
    • ҳуҷҷати мухтасар ва амалии ҷамъбастӣ таҳия гардида, пеш аз баргузории саммит ба вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои иштирокчӣ пешниҳод карда шавад.

Барномаи форум аз чор ҷаласаи мавзӯӣ иборат мебошад.

Ҷаласаи якум — «Тавсеаи дурнамои ҳамкории  Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» ба баррасии самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар шароити таҳаввулоти нави геополитикӣ бахшида шудааст. Иштирокчиён масъалаҳои шарикии мутақобилан судманд байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, афзалиятҳо ва имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкориро баррасӣ хоҳанд намуд. Ҳамчунин рушди ҳамкории бисёр ҷанба, таҳкими муколама оид ба масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ ва дурнамои ташаккули механизмҳои самараноки шарикии бисёрҷониба мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.

Ҷаласаи дуюм — «Фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ байни Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» ба масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётиву иртиботӣ, инчунин ҳамкориҳо дар соҳаи об ва муҳити зист бахшида шудаанд. Диққати махсус ба мубодилаи таҷрибаи пешқадам, муайян намудани самтҳои нави ҳамкории иқтисодӣ, таҳияи пешниҳодҳо оид ба густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, пешбурди роҳкорҳои устувор дар идоракунии захираҳои обӣ ва рушди сайёҳии байниминтақавӣ ва экологӣ равона хоҳад шуд.

Ҷаласаи сеюм — «Тавсеаи  дурнамои ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея»  масъалаҳои рақамикунонии иқтисодиёт, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди «сабз», рушди энергетикаи барқароршаванда ва технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ро дар бар мегирад. Иштирокчиён инчунин масъалаҳои дастгирии соҳибкории хурду миёна, рушди механизмҳои сохтмони «сабз» ва ташаккули фарҳанги муносибати оқилона бо партовҳои сохти маиширо муҳокима хоҳанд кард.

Ҷаласаи чорум — «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея: таҳкими уфуқҳои нави табадулот байни мардумон»  ба ҷанбаҳои гуманитарии ҳамкорӣ бахшида мешавад. Дар маркази таваҷҷуҳ масъалаҳои рушди ҳамкориҳои маорифӣ ва илмӣ-академӣ, барномаҳои табодули донишҷӯён ва муҳаққиқон,омӯзиши забонҳо,  ҳамкории марказҳои таҳлилӣ ва донишгоҳҳо, робитаҳои фарҳангӣ, ташаббусҳои ҷавонон, сайёҳӣ, варзиш, санъат, соҳаҳои эҷодӣ ва васоити ахбори омма қарор хоҳанд гирифт. Ҳамчунин ба нақши дипломатияи ҷамъиятӣ, ҳамчун пули муҳими ҳамкорӣ байни минтақаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Интизор меравад, ки натиҷаҳои форум ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея мусоидат намуда, баҳри таҳияи равишҳои нави амалӣ ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дарозмуддат замина мегузоранд.

 

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон