ФОРУМИ 3-ЮМИ МАРКАЗҲОИ ТАҲЛИЛИИ «ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ» БА КОРИ ХУД ОҒОЗ КАРД
Имрӯз, 24 июни соли 2026 дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми 3-юми марказҳои таҳлилии Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея ба кори худ оғоз намуд ва таҳти шиори «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея: аз муколама то амалкарди муштарак» ҷараён дорад.
Ин чорабинӣ бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Котиботи Форуми ҳамкории Ҷумҳурии Корея – Осиёи Марказӣ ташкил карда шудааст.
Дар кори форум роҳбарон ва намояндагони марказҳои пешбари таҳлилӣ ва тадқиқотӣ, ҷомеаи коршиносӣ, созмонҳо ва фондҳои байналмилалӣ, инчунин намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок доранд.
Дар маросими расмии ифтитоҳи форум директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, иштирокчиён ва меҳмононро самимона хайрамақдам гуфт.
Дар суханронии худ ӯ таъкид кард, ки сарфи назар аз тағйироти босуръати тартиботи ҷаҳонӣ, шиддат гирифтани рақобати геополитикӣ, таҳаввули механизмҳои амнияти байналмилалӣ ва афзоиши нобоварӣ, давлатҳои Осиёи Марказӣ пайваста меъмории ҳамкории минтақавии худро ҳам дар сатҳи дохилӣ ва ҳам бо шарикони байналмилалӣ таҳким мебахшанд.
Қайд гардид, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ имрӯз беш аз пеш худро ҷузъи ҷудонашавандаи қитъаи босуръат рушдёбандаи Осиё эҳсос мекунанд. Ба ин раванд ҳам таъсиси платформаҳои устувори ҳамкорӣ ва ҳам дигаргуниҳои бузурги сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ мусоидат менамоянд. Ин равандҳо имкониятҳои навро барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва густариши ҳамкорӣ миёни давлатҳои Осиё фароҳам меоранд.
Зимни баромад таваҷҷуҳи махсус ба рушди ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷумҳурии Корея равона гардид. Таъкид шуд, ки дар шароити муосир механизмҳои нави ҳамкорӣ ташаккул меёбанд ва ташаббуси Ҷумҳурии Корея «K-Silk Road» («Роҳи абрешими кореягӣ») аҳамияти муҳим барои таҳкими робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дорад. Дар айни замон муколамаи сатҳи олӣ дар чорчӯби формати бисёрҷонибаи «Форуми ҳамкорӣ Осиёи Марказӣ – Корея» фаъолона рушд мекунад.
Ҳамчунин қайд гардид, ки дар доираи ташаббуси «Роҳи абрешими кореягӣ» Сеул мекӯшад роҳҳои иқтисодию тиҷоратиро тавассути пайваст кардани Кореяи Ҷанубӣ бо қисми қитъавии Авруосиё диверсификатсия кунад. Диверсификатсияи шарикони тиҷоратӣ вазифаи муҳим на танҳо барои Ҷумҳурии Корея, балки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ мебошад, ки онҳоро ба ҳамкории амалӣ водор месозад.
Дар баробари ин, Осиёи Марказӣ ба фазои нав барои ҳамкорӣ бо муҳити соҳибкории Кореяи Ҷанубӣ дар соҳаҳои иқтисод, савдо, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика, илм, инноватсия ва технология табдил ёфта истодааст. Потенсиали ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шарикон такрор намешавад, балки якдигарро пурра мекунад ва дар ҳамин пуррагӣ имкониятҳои тиҷоратӣ нуҳуфтаанд.
Зикр гардид, ки миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея мунтазам мулоқотҳо ва машваратҳои коршиносон оид ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои ояндадори нав баргузор мегарданд. Барои Тоҷикистон ҷалби сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар саноати нассоҷӣ бо давраи пурраи истеҳсолӣ, рушди лоиҳаҳо дар соҳаи иқтисоди «сабз» ва рақамӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва таъсиси паркҳои технологӣ аҳамияти махсус доранд.
Зимни баромад яке аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ соҳаи истихроҷ ва коркарди минералҳои нодир ном бурда шуд. Зикр карда шуд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дорои захираҳои бузурги ин захираҳо мебошанд, ки барои истеҳсоли маҳсулоти баландтехнологӣ аҳамияти стратегӣ доранд. Барои Тоҷикистон на танҳо истихроҷ, балки таъсиси силсилаи пурраи коркарди унсурҳои нодир бо арзиши баланди иловашуда аҳамияти махсус дорад.
Ба масъалаи рушди энергетикаи барқароршаванда низ таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Таъкид гардид, ки Осиёи Марказӣ дорои потенсиали бузург дар ин соҳа мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз пешсафон дар минтақа аст, ки тақрибан 98 фоизи нерӯи барқро аз манбаъҳои барқароршаванда, асосан гидроэнергетика, истеҳсол мекунад. Ҳадафи эълоннамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузариши пурра ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия то соли 2032 нишонаи содиқии давлат ба принсипҳои рушди устувор, масъулияти экологӣ ва сохтани иқтисоди «сабз»-и оянда мебошад.
Дар ин замина қайд шуд, ки 24 майи соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Дангара» санги асоси сохтмони нахустин корхона оид ба истеҳсоли таҷҳизоти панелҳои офтобиро гузошт. Лоиҳа бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Global Solar Wafer Ҷумҳурии Корея амалӣ мешавад. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ дар чор марҳила 2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи Хайриддин Усмонзода, форуми имрӯза майдони муҳими мубодилаи афкор миёни олимон, коршиносон ва таҳлилгарон оид ба масъалаҳои мубрами рушди минтақавӣ мебошад. Аз ҳамин сабаб ба рӯзномаи форум мавзӯъҳое чун тағйирёбии иқлим, амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, пайвастагии нақлиётӣ ва коммуникатсионии кишварҳои узви Осиёи Марказӣ бо кишварҳои Осиё ва дигар масъалаҳои мубрами ҳамкории байналмилалӣ ворид шудаанд.
Бо сухани ифтитоҳӣ инчунин иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти Бунёди Корея Ёнгук Ким баромад намуд. Ӯ таъкид кард, ки дар тӯли се соли фаъолият Форуми марказҳои таҳлилии «Корея – Осиёи Марказӣ» ба платформаи муҳими муколамаи сиёсӣ табдил ёфтааст, ки дар он муассисаҳои пешбари таҳқиқотии Корея ва Осиёи Марказӣ мушкилоти умумӣ ва самтҳои ҳамкории ояндаро баррасӣ мекунанд.
Ба гуфтаи Ёнгук Ким, аз форуми аввал, ки соли 2024 дар Узбекистон баргузор шуд, ва форуми дуюм, ки соли 2025 дар Қирғизистон баргузор гардид, пайваста ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод миёни минтақаҳо таҳким меёбад. Илова бар ин, самтҳои амалӣ муайян шуда, консенсуси сиёсӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, саноат, маориф, фарҳанг ва мубодилаи гуманитарӣ васеъ гардид.
Ин дастовардҳо аҳамияти на танҳо ҳамкории байнидавлатӣ, балки ҳамкории устувори муассисаҳои илмӣ ва таҳқиқотиро тасдиқ мекунанд.
Ӯ инчунин қайд кард, ки форуми имсола аҳамияти махсус дорад, зеро дар остонаи нахустин Саммити «Ҷумҳурии Корея – Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Сеул баргузор хоҳад шуд. Бо воситаи саммит кишварҳои мо қадами муҳим ба сӯи институционализатсияи минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, таҳкими асоси ҳамкории мутақобилан судманд, пуркунанда ва ба оянда нигаронидашуда, инчунин густариши мубодилаи гуманитарӣ барои таҳкими робитаҳо ва шарикӣ мегузоранд. Ин марҳила қадами муҳим дар роҳи сулҳ, субот, шукуфоӣ ва рушди инноватсионӣ хоҳад буд.
Дар ин лаҳзаи таърихӣ Форуми сеюми марказҳои таҳлилӣ «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» ба майдони муҳиме табдил меёбад, ки муваффақияти саммити дарпешистодаро дастгирӣ намуда, дидгоҳи сиёсӣ барои ҳамкории ояндаро ташаккул медиҳад, — таъкид намуд Ёнгук Ким.
Бо суханони ифтитоҳӣ ҳамчунин мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Фаррух Умарзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сон Сик Чон баромад карданд.
Зимни суханрониҳои худ онҳо аҳамияти таҳкими шарикии стратегии Ҷумҳурии Корея ва давлатҳои Осиёи Марказиро таъкид намуда, нақши рӯзафзуни дипломатияи коршиносиро дар рушди муколамаи байнидавлатӣ махсус қайд карданд. Ҳамчунин онҳо изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои форум ба таҳияи ташаббусҳои нави амалӣ ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд мусоидат хоҳанд кард.
Бояд қайд кард, ки форум дар давоми ду рӯз баргузор мешавад ва барномаи он чор ҷаласаи мавзӯиро дар бар мегирад, ки ба масъалаҳои мубрами ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея бахшида шудаанд. Дар ҷараёни кори форум иштирокчиён нақша доранд самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъдаро муайян кунанд, тавсияҳои коршиносонро мутобиқ ба самтҳои асосии сиёсати давлатӣ таҳия намоянд ва ҳуҷҷати ниҳоии кӯтоҳи амалӣ барои ирсол ба вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои иштирокчӣ дар остонаи саммити навбатӣ омода созанд.
Интизор меравад, ки натиҷаҳои форум ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, инчунин ба таҳияи механизмҳои нави самараноки рушди ҳамкории мутақобилан судманд ва дарозмуддат мусоидат хоҳанд кард.










Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон