НАҚШИ НАВРӮЗ ДАР ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ КИШВАРҲОИ МИНТАҚА
Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии мардумони Ориёинажод ба ҳисоб рафта таърихи тӯлонӣ дорад. Ҷашни Наврӯз яке аз рамзҳои муҳимми фарҳангӣ ва ҳувияти миллии тоҷикон мебошад. Имрӯз, Наврӯз на танҳо як ҷашни минтақавӣ, балки мероси расман эътирофшудаи тамоми башарият аст.
Дар замони истиқлоли давлатӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарғиби оини наврӯзиро яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии кишвар қарор додаанд. Пешвои миллат дар ҷаласаҳои Маҷмаи Умумии СММ дар бораи Наврӯз суханронӣ намуда, ҷомеаи ҷаҳониро бовар кунонданд, ки ин ид паёми умумиҷаҳонии сулҳ ва ҳамоҳангӣ мебошад.
Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд. Дар ин раванд ҳашт кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, номзадии муштаракро пешниҳод карданд. Дар робита ба ин 23 феврали соли 2010, Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи A/RES/64/253-ро қабул намуд, ки 21 март расман рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардид. Дар ҷаласаи навбатии ЮНЕСКО 30 ноябри соли 2016 дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия рӯйхати кишварҳои ташаббускор васеъ карда шуд.
Бо вуҷуди ин, Наврӯз на танҳо мероси таърихӣ ва фарҳангӣ, балки воситаи муассири “неруи нарм” (soft power) барои кишварҳои ҳавзаи Наврӯз маҳсуб мешавад. Эътирофи байналмилалӣ ва таблиғи фаъоли он тавассути ташаббусҳои дипломатӣ ба густариши таъсири фарҳангии кишвар, тақвияти ҳамкории байнидавлатӣ ва ташаккули имиҷи мусбати Тоҷикистон дар саҳнаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.
Наврӯз ҳамчун унсури муҳимми дипломатияи тоҷик аст, ки на танҳо мероси миллиро ҳифз мекунад, балки ҳамкории минтақавиро низ тақвият медиҳад. Ин ид дар мубодилаи фарҳангӣ нақши калидӣ мебозад ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Туркия ва дигар кишварҳоеро, ки бо ин чорабинӣ робитаҳои таърихӣ доранд, муттаҳид месозад.
Ҷашнҳои муштараке, ки дар Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва дигар кишварҳо баргузор мешаванд, муколамаи байнидавлатӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягиро тақвият медиҳанд. Анъанаҳои мардумӣ, намоишҳои фолклорӣ, фестивалҳои пухтупаз ва намоишгоҳҳои ҳунармандӣ дар ин раванд нақши муҳим бозида, ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мусоидат мекунанд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, вақте ки анъанаҳои фарҳангӣ бо таҳдидҳо рӯ ба рӯ мешаванд, идҳо ба монанди Наврӯз дар ҳифзи ҳувияти миллӣ нақши калидӣ мебозанд.
Наврӯз инчунин ба воситаи ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маориф, илм, сайёҳӣ ва мубодилаи фарҳангӣ табдил ёфтааст. Бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Узбекистон ва Туркманистон, ин ҷашнро ҳамчун унсури муҳимми «неруи нарми» худ мешуморанд ва мероси фарҳангии худро дар майдонҳои байналмилалӣ намоиш медиҳанд.
Дар солҳои охир, ба ҷашни Наврӯз, ҳамчун ташаббусҳои экологӣ, ки ба ҳифзи захираҳои табиӣ, эҳёи ҳунарҳои анъанавӣ ва дастгирии ҷомеаҳои маҳаллӣ нигаронида шудаанд, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад. Ин бо ҳадафҳои ҷаҳонии СММ дар соҳаҳои экология, сулҳу субот комилан мувофиқ буда, онро на танҳо ба омили фарҳангӣ, балки ба омили муҳимми стратегӣ дар ҳамкории байналмилалӣ табдил медиҳад.
Ташаббусҳои байналмилалии марбут ба Наврӯз ба давлатҳо имкон медиҳанд, ки фарҳанги худро таблиғ кунанд, робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро тақвият диҳанд ва дар сатҳи ҷаҳонӣ имиҷи мусбат эҷод кунанд. Намунаи истифодаи муваффақонаи Наврӯз ҳамчун шарҳи дипломатӣ таҷлили расмии он дар арсаи байналмилалӣ мебошад ва соли 2012, Душанбе аввалин Ҷашни байналмилалии Наврӯзро баргузор кард, ки дар он намояндагони кишварҳои гуногун анъанаҳои миллӣ ва мероси фарҳангии худро муаррифӣ карданд.
Имрӯз шаҳри Душанбе ба маркази муҳимми дипломатии минтақа табдил ёфтааст. Дар он пайваста ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор мегарданд, ки ҳадафи онҳо таҳкими сулҳу субот, рушди устувор, тақвияти эътимод ва ҳамгироии иқтисодӣ мебошад.
Солҳои охир ин ҷашн, ба як воситаи муҳим барои таблиғи фарҳанг ва ҳувияти миллии тоҷикон дар хориҷа табдил ёфтааст. Таърих собит намудааст, ки анъанаҳои фарҳангӣ метавонанд одамонро ҳатто дар давраҳои тағйироти мураккаби геополитикӣ муттаҳид созанд. Ба ҳам омадани сарони кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон, ва ба имзо расидани шартнома оид ба “Дӯстии абадӣ” , ки ба муносибати таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар санаи 31-уми марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд, аз намунаҳои барҷастаи дар амал татбиқ намудани дипломатияи Наврӯз ба воситаи неруи нарм мебошад. Ин ҷашн ҳамчун рамзи дӯстӣ, ҳамкории судманд ва ҳамзистии осоишта миёни се кишвари ҳамсоя ва дари нави имкониятҳоро барои ҳамгироии минбаъдаи минтақаи Осиёи Марказӣ боз кард.
Ҳамин тариқ, Наврӯз дар раванди баланд бардоштани имиҷи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳимро касб кардааст. Эътирофи байналмилалии ин ҷашн, ки дар натиҷаи талошҳои пайгиронаи роҳбарияти кишвар ба даст омадааст, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ҳамчун кишвари дорои фарҳанги қадим ва ғанӣ, арзишҳои волои инсонӣ ва сулҳхоҳ муаррифӣ шавад.
Ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паёми худ иброз доштанд, бунёди Маркази байналмилали Наврӯз дар маркази шаҳри Душанбе мебошад. Ин иқдом омили муҳимми таҳкими ҳувияти миллӣ, рушди дипломатияи фарҳангӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ миёни кишварҳои дорои тамаддуни муштарак мебошад.
Сармутхассиси раёсати
таҳлил ва ояндабинии
масъалаҳои амнияти минтақавӣ Темиров А.А.