ЭЪЛОН: ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА АМНИЯТИ ДАВЛАТ: БЕДОРИИ ТАЪРИХӢ ВА ТАҚВИЯТИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ»

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 3 апрели соли 2026 ҳамоиши илмӣ-назариявиро таҳти унвони «Ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат: бедории таърихӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ» баргузор менамояд.
Дар кори ҳамоиш иштироки намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ ва инчунин намояндагони васоити ахбори омма дар назар аст.
Ҳамоиш соати 10:00 дар толори Марказ (ш. Душанбе, кӯчаи Шоҳтемур 27, ошёнаи 3) баргузор мегардад.
Зимни баргузории ҳамоиш масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд:
1. Шинохти ҳувияти миллӣ ва зарурати таҳкими он дар давлатдории муосир;
2. Таносуби ҳифзи ҳувияти миллӣ ва таъмини амнияти давлати миллӣ;
3. Роҳҳои самараноки тақвияти худшиносии миллӣ дар шароити тағйирёбандаи олам;
4. Бедории хотираи таърихӣ ва механизми корбурди таърихи пурифтихор дар замони муосир;
5. Бегонапарастӣ ва шинохти модернизатсияи фарҳангӣ: ренессанси миллӣ;
6. Ҳифзи фарҳанги миллӣ дар шароити экспансияи фарҳангӣ.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон