САҲИФАҲОЕ, КИ ҚАЛБҲОРО МЕПАЙВАНДАД! КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН
Тақдими китобҳо бо дастхат аз номи директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Усмонзода Хайриддин Усмон ҳамчун туҳфаи арзишманд ба сарбози шуҷои Ватан.
Аксияи «Китоб барои муҳофизони Ватан» бо мақсади қадрдонӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмату ҷонфидоии сарбозон дар роҳи дифои Ватан ва ҳифзи арзишҳои миллӣ роҳандозӣ шудааст.
Тақдими китоб ба сарбозон метавонад ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва масъулияти бар дӯшдоштаи онҳоро боз ҳам тақвият бахшад.
