ИТТИЛОИЯИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ – АМАЛӢ «ТОҶИКИСТОН ВА СММ: ҲАМКОРӢ БАҲРИ ТАҲКИМИ СУЛҲ, ҲАМЗИСТИИ ОСОИШТА ВА РУШДИ УСТУВОР»

28 августи соли 2025 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии таъсисёбии СММ конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ва СММ: ҳамкорӣ баҳри таҳкими сулҳ, ҳамзистии осоишта ва рушди устувор» баргузор мегардад.

Қобили зикр аст, ки 80 сол муқаддам, пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ,  соли 1945 намояндагони тақрибан 50 давлат дар Сан-Франсиско ҷамъ омаданд, то таҳкурсии созмонеро гузоранд, ки аз такроршавии даҳшати ҷангҳои харобиовар пешгирӣ намояд..

26 июни соли 1945 Оинномаи СММ ба имзо расид ва 24 октябри ҳамон сол пас аз тасвиби кишварҳои узв эътибор пайдо кард, ки санаи расмии таъсиси СММ маҳсуб мешавад.

Соли 2025 аз имзои Оинномаи СММ, санади таъсисии ин созмон, ки имрӯз меҳвари ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ боқӣ мемонад, 80 сол пур шуд.

СММ бо кӯшишҳои муштараки кишварҳо дар зарфи ин солҳо дар роҳи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ ва ҳифзи ҷаҳон аз ҷанги нави васеъмиқёс  фаъолияти пурсамар ва муваффақонаро анҷом дод. Бо шарофати ин Созмон то имрӯз новобаста аз мушкилоти мавҷудаи ҷаҳонӣ, дипломатияи бисёрҷониба ҳамчун рукни муҳимми равобити  байналмилалӣ боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин, дар конфронси мавриди назар иштирокчиён дастовардҳои ҳаштодсолаи охир дар равобити байналмилалӣ, нақши СММ дар шароити муосир ва тағйирёбандаи геополитикӣ, инчунин саҳми Тоҷикистонро дар таъмини сулҳу амният ва рушди устувори ҷаҳонӣ баррасӣ хоҳанд намуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби иштирокчиён ироаи маърузаҳо дар масъалаҳои зерин дар назар аст:

  • «Нақши Тоҷикистон дар ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ».
  • «Принсипҳои асосии рушди ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи СММ».
  • «Нақши барномаҳои СММ дар самти дастгирии занон ва фаро гирифтани онҳо ба шуғл».
  • «Арзёбии иҷрои ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди сохторҳо ва конвенсияҳои СММ оид ба ҳифзи муҳити зист» ва ғайра.

Чорабинӣ дар МТС, дар суроғаи хиёбони Рӯдакӣ 89, ошёнаи 4 баргузор мегардад.

Оғози конфронс:  соати 11:00
Бақайдгирии иштирокчиён: соати 10:30-11:00
Телефонҳо барои тамос: 221-32-26;  221-21-49