ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗ ДАР ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОРШИНОСОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Рӯзҳои 14-15 августи соли 2025 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Осиёи Марказӣ – фазои умумии эътимод, амният ва рушди устувор» ҳамоиши байналмилалии коршиносони Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми директори Марказ Ораз Муртазозода иштирок намуд.

Ҳамоишро Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар ҳамкорӣ бо Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Узбекистон ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) ва Фонди Конрад Аденауэр доир намуданд.

Бори аввал барои иштирок дар кори Форуми VIII коршиносони Осиёи Марказӣ бо мақсади табодули таҷриба коршиносони маъруфи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, АСЕАН, Шурои шимолӣ, ҳамчунин пажуҳишгарон аз Русия, ИМА, Британия, Швейтсария ва Озарбойҷон иштирок намуданд. Ҳамзамон, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода низ ширкат дошт.

Дар Форум вобаста ба чорабиниҳои алоҳидаи баргузоргардида, конфронси илмӣ-амалӣ оид ба ташаккули ҳувияти минтақавӣ ва мизи мудаввар бахшида ба дурнамои роҳандозии шарикӣ дар формати «Осиёи Марказӣ – Аврупои Шимолӣ»-ро дар бар гирифта, дар мавзуи «Нақши Тоҷикистон дар занҷираи истеҳсолии минтақавӣ» муовини якуми директори Марказ Ораз Муртазозода дар бахши якуми ҳамоиш «Осиёи Миёнаи муосир: мукаммалгардонии шарикии минтақавӣ» суханронӣ намуд.

Ҳангоми суханронӣ қайд намуд, ки  «Дар ҳоли ҳозир масъалаи густариш ва таҳкими ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа ба миён меояд, ки ин ба рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад. Дар солҳои охир динамикаи нишондиҳандаҳо як тамоюли устувори афзоишро нишон медиҳад, ки ин на танҳо мустаҳкам гардидани робитаҳои иқтисодиро тасдиқ мекунад, балки аз густариш ёфтани ҳамкории судманди тарафайн ва баланд гардидани нақши шарикони минтақавӣ дар таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ шаҳодат медиҳад».

Илова бар ин, муовини якуми директори Марказ Ораз Муртазозода дар мизи мудаввар таҳти унвони «Дурнамои рушди ҳамкорӣ дар формати Осиёи Миёна – Аврупои Шимолӣ» дар мавзуи «Дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Аврупои Шимолӣ» баромад намуд.

Дар фарҷоми суханронӣ мавсуф қайд намуд, ки «Ташаккули формати ҳамкориҳои коршиносии «Осиёи Марказӣ – Аврупои Шимолӣ» имкониятҳои васеъ фароҳам меорад, ки кишварҳо сатҳ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судмандро таҳким бахшанд, бо табодули таҷриба ва дониш самаранок масъалаҳои муштаракро дар соҳаҳои иқтисод, экология ва инноватсия ва дигар самтҳои афзалиятнок ҳал намоянд».

 

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон