РОБИТАҲОИ ИҚТИСОДӢ БО КИШВАРҲОИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Робитаҳо бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар заминаи шарикии боэътитмод рушду инкишоф ёфта, ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию ҳуқуқӣ ва таърихию фарҳангӣ такмил меёбанд. Иттиҳоди мазкур пас аз пароканда шудани Иттиҳоди Шуравӣ яке аз калонтарин созмони минтақавию байналхалқӣ ба ҳисоб рафта, моҳи декабри соли 1991 бо мақсади мусоидат ба раванди ҳалли муҳимтарин масъалаҳои дар марҳалаи ташаккули давлатҳои мустақил ва ҳифзи манфиатҳои миллии кишварҳо таъсис дода шудааст.

Агар ба таърихи ташаккули ИДМ назар афаканем маълум мегардад, ки ҳанӯз 8-уми декабри соли 1991 дар қароргоҳи Ҳукумати Беларус роҳбарони кишварҳои Русия, Украина ва Белорус Созишнома доир ба таъсис додани ИДМ –ро ба имзо расониданд, ки 21-уми декабри соли 1991 идомаи он дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ғайр аз Гурҷистон ва кишварҳои соҳили Балтик, роҳбарони 11 кишварҳои соҳибистиқлол, ба монанди  Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина Протоколи Созишномаро вобаста ба баробарҳуқуқӣ, иттиҳодӣ ва муштаракот ба имзо расониданд, ки ҳамчун “Эъломияи Алмаато” унвон гирифт.

Ёдовар бояд шуд, ки ҳанӯз моҳи сентябри соли 1993 сарони кишварҳои ИДМ дар бораи таъсис додани Иттиҳоди иқтисодӣ байни худ Шартнома имзо карданд, ки он ба консепсияи ташаккули шакли ҳамкории хоҷагӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо дарназардошти дигаргуниҳои воқеӣ ҷой дода шудааст. Тибқи шартномаи мазкур ҷонибҳо бо дарки зарурати ташаккули фазои умумии иқтисодӣ, имконияти густариши ҳамкориҳоро  дар самти интиқоли молу маҳсулот, хизматрасонӣ, қувваи корӣ, сармоя, молия ва инкишофи равобити мустақими истеҳсолӣ ба роҳ монда, барои таъмини рушди минбаъдаи иқтисодӣ заминаи мусоид гузоштанд.

Бояд гуфт, ки ИДМ дар марҳалаи кунунӣ ба сифати фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати таҳкими муколамаҳо байни кишварҳои узв дар баррасии муҳимтарин масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва гуманитарӣ фаъолият мекунад. Дар давоми беш аз ду даҳсола робитаҳои иқтисодӣ байни кишварҳои ИДМ пайваста густариш ёфта, ҳиссаи гардиши тиҷорати хориҷӣ афзоиш ёфта истодааст, ки инро метавон аз ҷадвали 1 мушоҳида кард.

Ҷадвали 1

Гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо кишварҳои ИДМ давоми солҳои 2000-2024

(млн. доллар)

Кишварҳои ИДМ

Солҳо:

2000 2010 2020 2024 Январ-июли соли 2025
Дар умум: 933,3 1643,9 2349,9 4112,1 2477,6
аз он ҷумла  
Руссия 363,9 958,3 973,6 1981,8 1252,6
Қазоқистон 88,1 312,6 909,7 1293,2 670,2
Узбекистон 283,4 333,8 586,5 372,4
Озарбойҷон 63,5 9,5 6,2 6,1 9,1
Арманистон 0,4 0,3 1,2 2,1
Туркменистон 34,0 84,7 7,8 36,7 18,9
Қирғизистон 10,2 22,3 36,8 12,2 13,3
Молдава 4,0 0,4 0,8 0,186
Белорусия 4,0 51,8 54,4 172,5 120,1
Украина 86,2 200,0 26,9 21,1 18,4

 Манбаъ: Таҳияи муаллиф дар асоси маълумоти Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2024. С – 309-341 ва Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-июли соли 2025. С – 106-114.

Нишондиҳандаҳои ҷадвали 1 гувоҳӣ медиҳанд, ки муносибати тиҷоратии кишварҳои ИДМ сол аз сол ташаккул ёфта, дар ҳиссаи гардиши тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи устувор доранд. Масалан, гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия агар дар соли 2000-ум 363,9 млн. долларо ташкил медод, пас бо амалӣ намудани қарордодҳои дуҷониба байни ин кишварҳо дар соли 2024 ин нишондиҳанда ба 1981,8 млн. доллар баробар гардид, ки нисбат ба соли 2000-ум 5,5 баробар бештар мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ Ҷумҳурии Қазоқистон низ истисно нест. Масалан тиҷорати хориҷӣ байни Қазоқистон ва Тоҷикистон соли 2000-ум 88,1 млн. доллар баробар буд, пас ин рақам дар соли 2024-ум ба 1 млрд. 293,2 млн. доллар расонида шуд, ки қиёс ба соли 2000-ум 14,7 баробар бештар мебошад. Ё ин ки агар тиҷорати хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар соли 2000-ум 283,47 млн. долларро дар бар мегирифт, ин нишондиҳанда дар соли 2024-ум 303,1 млн. доллар ё 2 баробар бештар гардидааст.

Инчунин, 24-уми марти соли 1994 тибқи қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба ҳайси нозир пазируфта шуда, 3-юми августи соли 1994 тибқи моддаи 102-и Оинномаи СММ, Оинномаи ИДМ ҳамчун созишномаи байналмилаии бисёрҷониба дар Котиботи СММ ба қайд гирифта шуд. Айни ҳол Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҳамчун созмони минтақавии байналмилалӣ эътироф гардида, дар ҳамоишҳои бузурги сатҳи байналмилалӣ иштироки фаъол дорад. Илова бар ин, санаи 5-уми октябри соли 2007 дар рафти баргузории саммити ИДМ дар шаҳри Душанбе Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ ва Нақшаи чорабиниҳои асосии амалӣ гардонидани он қабул карда шуд.

Кишварҳои ИДМ дар пасманзари муносибатҳои иқтисодӣ пойгоҳи мустаҳками ташкилию ҳуқуқиро бунёд намуда, аз ҷумла Эъломия оид ба ҳамкории стратегии иқтисодии давлатҳои ИДМ, Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ, Эъломияи сарони давлатҳои иштирокчии ИДМ оид ба инкишофи минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷониба, Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии давлатҳои иштирокчиёни ИДМ ва ғайраҳо имкон фароҳам овард, ки дар муддати кӯтоҳ суръати рушди иқтисодӣ баланд гардида, ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ афзоиш дода шавад. Илова бар ин, тибқи Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020, ки аз ҷониби кишварҳои узви таҳия шудааст муайян кардани ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ҳамчун соҳаи асосии ҳамкории кишварҳои иштирокчии ИДМ барои равандҳои ҳамгироӣ, тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии аҳолии кишварҳо афзалияти бештар дорад.

Диаграммаи 1

Ҳиссаи гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ дар давоми солҳои 2000-2024 ва моҳҳои январ–июли соли 2025

(млн. доллар ва %)

Манбаъ: Таҳияи муаллиф дар асоси маълумоти Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2024. С – 309-341 ва Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-июли соли 2025. С – 106-114.

Аз рӯйи нишондиҳандаҳои диаграммаи 1 метавон хулоса намуд, ки сол аз сол дар доираи сиёсати “Дарҳои кушода”-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  робитаҳои хориҷӣ байни кишварҳои ИДМ густариш ёфта, ҳаҷм ва ҳиссаи онҳо дар низоми иқтисодии кишварзҳои ИДМ бамаротиб боло меравад. Масалан, агар дар соли 2000-ум ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии кишвари мо бо давлатҳои ИДМ 933,3 млн. доллар ё ин ки 64 дарсади гардиши умумии тиҷорати хориҷиро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2024-ум ба 4112,1 млн. доллар ё 46 дарсади гардиши умумии тиҷорати хориҷӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 3178,8 млн. доллар ё 4,4 баробар бештар мебошад. Гарчанде, ҳиссаи гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ нисбат ба солҳои қаблӣ пасттар бошад ҳам, вале аз рӯйи ҳаҷми умумии гардиши тиҷоратӣ афзоиш ёфта истодааст.

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо кишварҳои ИДМ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи намоён дошта, густариши робитаҳои иқтисодӣ дар заминаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ташаккул меёбанд. Бо ба роҳ мондани робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни кишварҳои ИДМ ҳиссаи онҳо дар гардиши тиҷорати хориҷӣ мунтазам афзоиш ёфта истодааст, ки ин нишондиҳандаро тавассути диаграммаи 2 возеҳтар мушоҳида намудан мумкин аст.

Диаграммаи 2

Ҳиссаи тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кишварҳои ИДМ дар давоми солҳои 2000-2024 ва моҳҳои январ–июли соли 2025

(бо %)

Манбаъ: Таҳияи муаллиф дар асоси маълумоти Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2024. С – 309-341 ва Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-июли соли 2025. С – 106-114.

Аз нишондиҳандаҳои диаграммаи 2 мушоҳида мегардад, ки дар гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ асосан бо Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистону Узбекистон ҳиссаи бештар доранд. Аз ҷумла, соли 2024-ум бо Русия 48 дарсад, Қазоқистон 31,2 дарсад, Узбекистон 14,1 дарсад, Белорус 4,7 дарсад ва бо дигар кишварҳо 2 дарсадро ташкил медиҳад. Аз ҷумла танҳо давоми моҳҳои январ-июли соли 2025 ҳиссаи Федератсияи Русия дар гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ 50,5 дарсад, Қазоқистон 27,1 дарсад, Ӯзбекистон 15,1 дарсад, Белорус 4,2 дарсад ва дигар кишварҳои ИДМ 2,5 дарсадро ташкил дод.

Бо назардошти ин метавон фаъолияти ИДМ ро ҳамчун созмони муваффақ ва нақши онро дар густариши равандҳои ҳамгироӣ, пешгирии таҳдидҳо ба амнияти милливу минтақавӣ, рушди иқтисодию сармоягузорӣ, илму фарҳанг байни кишварҳои аъзо мусбат арзёбӣ кард.

Бояд гуфт, ки имкониятҳо дар доираи ИДМ барои роҳандозии лоиҳаҳои бузурги мутақобилан судманд дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, молия ва дигар инфрасохтори соҳавӣ фарох буда, дар сурати амалӣ намудани онҳо барои нафъи тамоми кишварҳои аъзо хоҳад буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 раёсатро дар ИДМ ба уҳда дорад. Дар ҳошияи чорабинии мазкур баргузории як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷӣ ва сарони давлатҳои ИДМ дар даҳаи аввали моҳи октябри соли ҷорӣ дар ш. Душанбе ба нақша гирифта шудааст, ки аз натиҷаи он қарорҳои дахлдор ҷиҳати ташаккули низоми иқтисодию иҷтимоӣ дар доираи кишварҳои ИДМ ба имзо хоҳанд расид.

Ҳамин тавр, пайваста густариш ёфтани муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни кишварҳои ИДМ дар доираи иқтидор ва зарфиятҳои ҷойдошта ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва таъмини устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ заминаи мусоид гузошта метавонад. Дар баробари ин, мавриди таҳдиду хатарҳои замони муосир ва канда шудани робитаҳои тиҷоратӣ байни кишварҳои ҷаҳон, истифодаи самаранокии зарфиятҳои табиӣ ва такмил додани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни кишварҳои ИДМ яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад.

 Ҷамшед Солиҳов,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии
иқтисодиёти соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон