ИШТИРОКИ ОНЛАЙНИИ ДИРЕКТОРИ МТС-И НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 80-СОЛАГИИ ИДИ ҒАЛАБА

24 апрели соли 2025 дар Осорхонаи марказии Қувваҳои мусаллаҳи шаҳри Москави Федератсияи Русия конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ, ки аз ҷониби Котибот ва Ситоди муттаҳидаи СААД дар мавзуи: «Саҳми халқҳои давлатҳои аъзои СААД барои расидан ба Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ташкил карда шуда буд, баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Дабири кулли СААД Имангали Тасмагамбетов, сардори Ситоди муттаҳидаи СААД Андрей Сердюков, намояндагони роҳбарияти давлатҳои узви Созмон, иттиҳодияҳои байнидавлатии Авруосиё, муассисаҳои таълимии дахлдор, инчунин коршиносони пешбари соҳаи сиёсат ва амнияти байналмилалӣ иштирок намуданд.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар чорабинии мазкур директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода дар шакли маҷозӣ ширкат намуда, дар мавзуи «Саҳми ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ: қаҳрамонӣ дар ҷабҳа ва ақибгоҳ» суханронӣ намуд.
Зимни суханронӣ мавсуф зикр намуд, ки: «Ҳангоме, ки ҷанги хонумонсӯз оғоз гардид, ҶШС Тоҷикистон, ҳамчун ҷумҳурии ҷавон аввалин қадамҳои худро ҷиҳати сохтори саноатӣ ва иҷтимоӣ ниҳода буд ва барои ташаккули он сайъ менамуд. Аммо, ин барои иштироки пурра ва фидокоронаи ҷумҳурӣ дар ҳимояи Ватан монеа нагардид. Мардуми Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ҷанг ин фоҷиаро ҳамчун дарди шахсӣ ва мушкилоти умумӣ, ки ягонагӣ, ҷасорат ва қатъиятро талаб мекунад, қабул намуданд.”
Хайридин Усмонзода саҳми фарзандони миллати тоҷикро барои расидан ба Рӯзи Ғалаба аз болои фашизмро таъкид намуда, иброз намуд, ки: «Тоҷикистониён бо намояндагони дигар Ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ба ҳимояи Ватан бархоста, барои ояндаи нек ҷони худро дареғ надоштанд. Бо вуҷуди мушкилотҳо ва маҳдуд будани имкониятҳо, ҷумҳурӣ вобаста ба шароит, аз ҷумла, сафарбарии одамон, маводҳои аввалияи рӯзғор, либос ва дигар лавозимоти заруриро ба майдони ҷанг равон кард. Ин дарки болоравии оммавӣ барои ҳимояи ватан шаҳодати возеҳи на танҳо ватандӯстӣ, балки дараҷаи камолоти масъулияти ҷумҳурии ҷавон буд, ки омода аст дар муборизаи тақдирсоз бар зидди фашизм саҳм гузорад”.
Дар фарҷоми суханронии худ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки » Имрӯз, вақте ки мо дар амн ва сулҳу субот зиндагӣ мекунем, вазифадорем на танҳо арзиши ин пирӯзиро, ки мардуми Тоҷикистон низ саҳм дорад ёдоварӣ намоем, балки дарк низ намоем. На танҳо дар арафаи идҳо ва солгард, балки ҳар рӯз дар амалҳо, дар корҳо, дар тарбияи фарзандони худ ва дар нигоҳ доштани хотираи таърихӣ бояд он ҳифз гардад.
Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон