(Тоҷикӣ) ВОХӮРИИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗ БО ХАЗИНАИ КӮДАКОНИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД (ЮНИСЕФ)

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Санаи 24.04.2025 кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), аз ҷумла бо мушовирии минтақавӣ оид ба гендери Дафтари минтақавии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Шиба Ҳарма вохӯрӣ баргузор намуданд.

Мақсади вохӯрӣ аз баррасӣ намудани масъалаҳои баробарии гендерӣ, мушкилоти ҷойдошта, масъалҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, некӯаҳволии наврасон ва дурнамои ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ иборат буд.

Кормандони Марказ меҳмононро хайрамақдам гуфта, дар ибтидо аз натиҷаҳои ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, сипас оид ба самтҳои асосии фаъолияти Марказ ва корҳои дар ин самт анҷомдодашуда ибрози андеша намуданд.

Дар навбати худ, Шиба Ҳарма изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, омода аст минбаъд барои густариши муносибатҳо оид ба баробарии гендерӣ, ҳифзи ҳукуқи модару кӯдак ва дигар масъалаҳои ҷойдошта дар самт корбарӣ намояд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои ҳамкории минбаъда иброз доштанд.

Вохӯрӣ дар руҳияи самимият ва муколамаи созанда баргузор гардид.

 

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон