ТАҒЙИРИ ИҚЛИМ ВА ВАЗЪИ ЗАХИРАҲОИ ОБИИ ТОҶИКИСТОН

Тағйирёбии босуръати иқлим яке аз масъалаҳои ниҳоят муҳимми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, оқибатҳои ногувори он дар коҳиш ёфтани захираҳои обӣ ва ҳолати бо суръат обшавии пиряхҳо таъсири бевосита расонида, дар натиҷа дастрасии аҳолӣ ба манбаъҳои обӣ мушкилтар мегардад. Бинобар ин, ҳифз ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ аз ҷумлаи масъалаҳои аввалиндараҷаи ҳалталаби замони муосир ба шумор мераванд.
Тайи солҳои охир тағйирёбии бесобиқаи иқлим масъалаи норасоии оби нушокӣ дар як қисми минтақаҳо ба вуҷуд омадани хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ, яъне торафт ногувор гардидани ҳолати муҳити зистро ба миён овардааст.
Бо назардошти зарурият ва муҳиммияти масъалаи мазкур ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан бо дарки амиқ ва сиёсати некбинонаву дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон панҷ ташаббуси башардӯстонаро дар арсаи байналмилалӣ пешниҳод намудаанд.
Маҳз бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат ҷомеаи ҷаҳонӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, раванди мазкур ҳамчун хатари глобалӣ эътироф гардид. Бояд гуфт, ки ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои харобиовари табиат, самаранок истифодабарии захираҳои табиӣ ва заминаи мусоид фароҳам овардан барои наслҳои оянда ба шумор меравад.
Ташаббусҳои Сарвари давлат дар робита ба ҳалли мушкилоти обу иқлим боиси он гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шавад.
Созмони Милали Муттаҳид панҷ ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷонибдории аксар кишварҳои ҷаҳон пазируфт ва то имрӯз якчанд стратегияҳо ва консепсияҳои соҳавӣ низ қабул гардид:
– соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза”;
– солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт”;
– соли 2013 “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”;
– солҳои 2018 — 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”;
– соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”.
Дар ин замина, Сарвари давлат мунтазам аз паёмадҳои тағйирёбии иқлим ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор сохта, таъкид менамуданд, ки роҳи ҳалли тағйирёбии босуръати иқлимро тавассути ҳамкориҳои ҳамаи кишварҳои ҷаҳон метавон ҳал намуд.
Аз рӯйи нишондиҳандаҳои ками партови газҳои гулхонаӣ кишвари мо мақоми 135-умро ишғол менамояд, ки ин аз муносибати ғамхоронаю ояндабинонаи роҳбарияти Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонавӣ дар кишвари мо соле то як тонна ба сари ҳар як нафари аҳолӣ рост меояд ва ҳиссаи ҷумҳурӣ дар минтақа камтар аз се дарсадро ташкил медиҳад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон вобаста ба рушди соҳаи саноаташон аз таъсири фаъолияти техногенӣ ба табиат ва муҳит зарари ҷиддӣ мерасонанд ва дар натиҷа ҳамасола дар сайёраи Замин миллионҳо гектар заминҳо аз гардиши кишоварзӣ берун мемонанд ва ба шӯразор табдил меёбанд. Яке аз далелҳои зинда, ки аз таъсири раванди мазкур ба хушкшавӣ оварда мерасонад ин баҳри Арал мебошад, ки ба биёбони қумдори шӯр табдил ёфта истодааст. Яке аз омилҳои раванди мазкур истифодаи нодурусти меъёрҳои захираҳои обӣ бо дарназардошти аз худ намудани майдонҳои нави кишт ва истифодаи зиёди обмонӣ буда, оқибат баҳри Арал дар даҳсолаҳои охир даҳҳо маротиба аз майдони аслии худ хурд гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз манбаъҳои барқароршавандаи энергетикӣ тавассути сарчашмаҳои асосии тавлиди энергияи “сабз” ба роҳ мондааст, ки ҷиҳати нигоҳ доштани сатҳи пасттарини партовҳои ба атмосфера зараровар нишондодҳои начандон калонро дорад. Бояд гуфт, ки тақрибан 83 дарсади маншаи асосии оби Амударё дар ҳудуди Тоҷикистон, 8 дарсад дар ҳудуди Афғонистон ва 3,5 дарсад дар ҳудуди Эрон ва Туркманистон ташаккул меёбад.
Маврид ба зикри хос аст, ки захираи зиёди обҳои кишвар бештар аз пиряхҳо сарчамша мегиранд. Аз ин рӯ, пиряхҳоро ба мисли обанборе ташбеҳ медиҳанд, ки дар фасли зимистон обро нигоҳ дошта тобистон масраф менамоянд. Захираи обе, ки дар пиряхҳо то ба имрӯз боқӣ мондааст, ҳамчун оби дорои сифати аъло баҳогузорӣ карда шудааст, зеро оби пиряхҳо аз оби равони фасли тобистон ҷоришаванда 13 маротиба зиёдтар буда, бар асари обшавии аз меъёри солонаи зиёди пиряхҳо, кам шудани оби нӯшокӣ дар бештаре кишварҳои ҷаҳон торафт мушкилоташ ҷиддӣ ва мураккаб мегардад.
Хушбахтона, Тоҷикистон дорои захираҳои бузург ва беназири сарватҳои обӣ мебошад. Вале бо вуҷуди ин, дар баъзе манотиқи ҷумҳурӣ масъалаҳои экологии вобаста ба об, истифодаи оқилона ва ҳифзи манобеи он, бахусус обшавии пиряхҳо ташвишовар ва нигаронкунанда боқӣ мемонанд. Зеро яке аз калонтарин пиряхи хушкӣ дар ҷаҳон дар ҳудуди Тоҷикистон — пиряхи Ванҷах (Федченко) аз баландиҳои 2910 то 6200 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардида, бо дарозиаш беш аз 70 км, паҳноии миёнааш 2 км, ғафсии максималиаш 1 км ва ҳаҷми он тақрибан 140 км мебошад. Дар асоси маълумотҳои таҳлилгарон дар давоми 70-80 соли охир забонаи пиряхи Ванҷах (Федченко) зиёда аз як километр ба қафо рафта, майдони он то 44 км коҳиш ёфтааст.
Тибқи пешгӯйиҳои коршиносон давомнокии чунин раванд дар оянда низ идома ёфта, то соли 2050 дар мамлакат ҳазорҳо пиряхҳои хурд нобуд гардида, масоҳати яхбаста то 20 дарсад ва ҳаҷми ях бошад то 25 дарсад кам мегардад. Ҳолати мазкур сабаби то 20-40 дарсад коҳиши таъмини оби дарёҳо аз ҳисоби пиряхҳо гардида, ҷоришавии умумии дарёҳои асосиро то 7 дарсад кам менамояд. Ҳамзамон, коршиносон бар он назаранд, ки гарчанде дар оянда миқдори боришот то 14-18 дарсад бештар пешгӯӣ мегардад, вале он ба ҷараёни оби дарёҳо таъсири назаррас намерасонад, чунки қисми зиёдаш аз масоҳати ҷамъшавии об бухор мешавад.
Масъалаи дастрасӣ ба об барои аҳолӣ дар бештаре аз кишварҳои сайёра сол ба сол мушкилу печидатар гашта, тибқи маълумотҳои расмӣ айни ҳол наздик ба 1 млрд. нафар одамон ба оби тозаи ошомиданӣ ва 2,6 млрд. нафар ба шароитҳои одитарини санитарӣ дастрасӣ надоранд. Аз ҷумла, беш аз 80 давлати дунё норасоии захираҳои обро эҳсос менамоянд, ҳафтае 42 ҳазор нафар аз бемориҳое, ки ба ифлосии оби ошомиданӣ ва шароитҳои ғайрисанитарӣ вобастаанд, мефавтанд, ки бештар аз 90 дарсадашон кӯдакони синнашон то 5-сола мебошад. Оқибатҳои ногувори тағйирёбии иқлим, хушксолии шадид ва биёбоншавӣ ба манбаи воситаҳои зиндамонии беш аз 1,2 млрд. нафар аҳолии сайёра таҳдид мекунад.
Бо дарназардошти он, ки 71 дарсади сатҳи курраи заминро об ташкил медиҳад, захираи оби тозаи нӯшокӣ нисбатан кам мебошад. Тибқи маълумотҳои расмӣ тамоми захираи оби нӯшокии замин беш аз 35 млн. км3, ё ин ки 2,53 дарсад мебошад. Аз ин миқдор захираи оби дарёҳо ва кӯлҳо ҳамагӣ 0,0132 дарсадро ташкил медиҳад. Дар умум тамоми захираҳои обҳои зеризаминии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18,7 км3 дар як сол буда, 41,6 дарсад захираи умумии ҳавзаи баҳри Аралро ташкил медиҳад. Бинобар ин, масъалаи захираҳои оби ошомиданӣ дар ҷаҳон яке аз масъалаи мубрам ба шумор рафта, тибқи арзёбиҳои СММ дар тамоми дунё бинобар сабаби норасоии оби тоза аллакай наздик ба 300 минтақаи имконпазири ихтилофот ба ҳисоб гирифта шудааст. Ба чунин минтақаҳо ҳавзаи баҳри Арал бо 112 фалокати экологии миқёси ҷаҳонӣ шомил гардидааст.
Зикр бояд дошт, ки дар асоси таҳлилҳои ба дастомада аҳолии курраи замин то соли 2050 ба 9 млрд. нафар расида, 30 дарсад аҳолии сайёра эҳтиёҷоти худро ба об қонеъ карда наметавонанд.
Коршиносони соҳа муайян намудаанд, ки камшавии миқдори ях дар Арктика дар ҳар даҳ сол ба ҳисоби миёна то 2,7 дарсад ва баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ ба 17 см оварда мерасонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби шароитҳои мураккаби географӣ ба тағйирёбии иқлим осебпазир буда, дар 60 соли охир ҳарорати миёна дар кишвар қариб 10 С боло рафта, тайи 20 соли охир дар ҳудуди мамлакат чор маротиба хушксолии сахт мушоҳида карда шудааст.
Ҳамин тавр, дар масъалаи ҳифзи муҳити зист натанҳо давлат, балки ҳар як шаҳрванд масъулияти бевосита дошта, матлаби мазкур дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ вобаста ба таъмини ҳифзи муҳити зист танҳо дар алоқамандӣ ва масъулиятшиносии аҳли ҷомеа ба назар гирифта шуда, чунин муайян гардидааст: «Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст».
Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тамоми мақомотҳои давлатию ғайридавлатӣ дар доираи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзи муҳити зист, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю маҳаллаҳо, шинонидани ниҳолу дарахтон тавассути ҳашарҳои дастаҷамъӣ ва дигар амалҳои муҳиму созандаро ба анҷом расонида истодаанд.
Ҳукумати мамлакат Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи рушди иқтисоди сабзро барои солҳои 2023-2037 амалӣ намуда истодааст.
Бо дарназардошти ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон доир ба масоили об ва иқлим ҳар яки моро зарур аст, ки тамоми чорабиниҳои банақшагирифтаро пайгирона, ба таври мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоем, то ки онҳо баҳри рушди устувор самараи дилхоҳ диҳанд ва дар ҷомеаи муосир мақому манзалати сазовор пайдо намоянд.
Бинобар ин, мо бояд барои ба наслҳои оянда мерос гузоштани сайёраи сабзу хуррами Замин тадбирҳои оқилонаю самарабахшро амалӣ созем. Аз ин рӯ, аҳли ҷомеа ва махсусан наврасону ҷавононро бояд дар руҳияи худшиносии миллӣ, масъулиятшиносӣ ва ташаббускорӣ тарбия намоем. Инсон бо табиат ҳамвобастагии амиқ дошта, насли ҷавон бояд нисбат ба муҳити атроф, боигариҳои табиат ва ҳифзи онҳо масъулиятнок бошанд, чунки тарбияи экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳли ҷомеа ба пешгирии ҳолатҳои ногувори табиӣ мусоидат менамояд.
Ҷамшед Солиҳов,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии иқтисодиёти соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон