Асосӣ: Иттилоот дар бораи МТС Роҳбарони собиқи МТС
+++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++ Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” 04.05.2018 09:37, шаҳри Душанбе +++ СУХАНРОНӢ БА ИФТИХОРИ ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАРЗИШГОҲИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ +++ СУХАНРОНӢ ДАР ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНД БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АМАЛ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР, СОЛҲОИ 2018-2028” +++ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР «ШОМИ ДӮСТӢ» БА МУНОСИБАТИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН +++ ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ОИД БА ТАҲКИМИ ДӮСТӢ ВА НАКӮҲАМСОЯГӢ +++ Инъикоси дипломатияи иқтисодӣ дар Паёми Пешвои миллат +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз445
mod_vvisit_counterДирӯз1581
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8806
mod_vvisit_counterДар ин моҳ24090
mod_vvisit_counterҲамагӣ1350961
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Октябри
21
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Роҳбарони собиқи МТС
Н.К.Қаюмов

Директори нахустини МТС-и назди Президенти ҶТ олими номдори иқтисодшиноси тоҷик, профессор, академик Н.К.Қаюмов интихоб гардид.

Зиндагиномаи мухтасар. Нуриддин Қаюмов 12 августи соли 1937 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Соли 1961 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуд. Соли 1967 сазовори унвонҳои илмии номзади илмҳои иқтисодӣ ва соли 1985 доктори илмҳои иқтисодиро гардид. Ба ҳайси муовини директори Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти Академияи илмҳои ҶТ, деректори Институти иқтисодиёти Госплани ҶШС Тоҷикистон, Мушовири давлатии Президенти ҶТ доир ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, директори МТС-и назди Президенти ҶТ, муовини Вазири иқтисодиёт ва робитаҳои иқтисодии берунии ҶТ фаъолият намудааст. Асосгузори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ мебошад. Нуриддин Қаюмов, пеш аз ҳама, ба туфайли таҳқиқоти худ дар соҳаи самаранокии иқтисодиёти миллӣ, рушд ва ҷойгирсозии қувваҳои истеҳсолкунанда ва иқтисодиёти давраи гузариши кишварамон маъруфият пайдо намудааст. Корҳои илмии солҳои охири ӯ ба таҳқиқу арзёбии соҳаҳои назариявӣ ва амалии иқтисодиёти давраи гузариши ҶТ бахшида шудаанд.

Муфассал...
 
Искандар Асадуллоев

Аз соли 1998 то декабри соли 2001 МТС-и назди Президенти ҶТ-ро доктори илмҳои фалсафа, профессор ва ходими ҷамъиятӣ Искандар Асадуллоев сарварӣ намуд.

Зиндагиномаи мухтасар. Искандар Асадуллоев 26 марти соли 1949 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст1. Соли 1973 факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносовро хатм кардааст. Номзади илми фалсафа аст. Дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии тибби ба ном Абӯалӣ ибни Сино будааст, ҳамчунин, дар Дастгоҳи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар вазифаи мудири шуъбаи Институти иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва робитаҳои байналмилалии АИ ҶТ кор кардааст. Муддате хабарнигори бахши русии радиои «Озодӣ» буда, ташкилоти ғайриҳукуматии Маркази иттилотию тадқиқотии «Симурғ»-ро таъсис дода, ба он роҳбарӣ намудааст.

Аз моҳи июли соли 1996 ба ҳайси ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 1998 ба симати директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа кардааст. Аз моҳи декабри соли 2001 то моҳи январи соли 2007 сарходими илмии Институти фалсафа ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст. Дар соли 2003 рисолаи доктории худро дифоъ кардааст. Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви созмони байналмилалии Гегел ва узви феҳристи Гегели Олмон мебошад.

Муфассал...
 
Сироҷиддин Комилов

Профессор Сироҷиддин Комилов МТС-ро аз соли 2001 то 2005 роҳбарӣ кард.

Зиндагиномаи мухтасар. Комилов Сироҷиддин Ҷалолиддинович соли таввалудаш 1950, маълумоташ олӣ. Соли 1972 факултаи иқтисодиии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчии иқтисодиёти саноат бо дипломи аъло хатм намудааст. Ӯ аспирантура ва докторантураро дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленингради Федаратсияи Русия ба итмом расонида, соли 1978 рисолаи номзадӣ ва соли 1991 рисолаи докториро ҳимоя намудааст. Соли 1994 ба унвони профессорӣ сазовор гардида, соли 2008 узви ҳақиқии Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ интихоб шудааст. Аз соли 1972 то соли 2001 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси ассистент, муаллими калон, дотсент, профессори кафедраи иқтисодиёти саноатро фаъолият намудааст. Сироҷиддин Комилов аз соли 1994 вазифаи мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкориро ба уҳда дошта, соли 1996 декани факултаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъйин шуд.

Аз соли 1997 то соли 2001 ба ҳайси ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ, ноиби ректор оид ба таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуда, соли 2001 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ таъйин гардидааст. Сироҷиддин Комилов бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2005 ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон (собиқ Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ) таъйин шуда, барои тарбияи мутахассисони ҷавон саҳми шоиста гузоштааст. Аз моҳи октябри соли 2009 то соли 2012 Сироҷиддин Комилов вазифаи директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”-и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамуд. Аз соли 2012 то ба ҳол мудири кафедраи назарияи иқтисоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро ба уҳда дорад.

Муфассал...
 
Суҳроб Шарипов

Cоли 2006 Сироҷиддин Комиловро дар вазифаи директори МТС-и назди Президенти ҶТ доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Суҳроб Шарипов иваз намуд.

Зиндагиномаи мухтасар. Суҳроб Ибронович Шарипов 18 апрели соли 1963 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1988 факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносовро хатм кардааст.

Доктори илмҳои сиёсатшиносӣ; солҳои 1988–1990 устоди фанни фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; солҳои 1990–1993 аспиранти факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов. Номзади илмҳои фалсафа; солҳои 1993–1998 корманди илмии факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва; солҳои 1998–2001 мудири шуъбаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ; солҳои 2001–2003 муовини мудири шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи ПрезидентиҶТ; солҳои 2003–2005 ёвари Президенти ҶТ; Ҳамон сол боз ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ бармегардад ва то соли 2011 ба ҳайси директори Марказ ифои вазифа кардааст. Аз моҳи декабри соли 2011 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Мутаассифона, марги нобаҳангом Суҳроб Шариповро дар синни панҷоҳудусолагӣ, дар давраи камолоти умр, эҷодкорӣ, амалисозии нақшаҳои стратегие, ки метавонистанд ба манфиати давлату миллат бошанд, бо худ бурд. Ӯ 19-уми январи соли 2015 ин ҷаҳони фониро падруд гуфт ва ғарқи дарёи раҳмати Худованди Бузург гардид.
Суҳроб Шарипов унвонҳои номзади илмҳои фалсафа ва доктори илмҳои сиёсиро дорад. Ӯ муаллифи ду монография, бештар аз 300 мақолаи илмӣ-таҳлилӣ ва ширкаткунандаи бештар аз сад конфронсҳои байналмилалии илмию амалӣ мебошад.

Муфассал...
 
Б.А.Маҳмадов

Аз соли 2012 то аввали соли 2014 роҳбарии МТС-и назди Президенти ҶТ-ро ходими намоёни давлатӣ Б.А.Маҳмадов ба зимма дошт.

Зиндагиномаи мухтасар. Маҳмадов Бобохон Алиевич 8 июли соли 1950 соли таваллуд шудааст.

Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон буда, ихтисосаш таърихшинос мебошад. Рисолаи илмии худро ба омӯзиши «Фалсафаи сиёсии калом» бахшида, номзади илмҳои фалсафа гардид. Фаъолияти кории худро аз соли 1970 то 1989 дар сохтори Кумитаи давлатӣ оид ба матбуоти РСС Тоҷикистон ба ҳайси мутахассис оғоз намуда, аз соли 1989 то 1992 муовини аввали раис, баъдан раиси Кумитаи давлатӣ оид ба матбуоти ҶШС Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Бобохон Алиевич аз соли 1992 то 1994 ба ҳайси Вазири матбуот ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Соли 1994 бо фармони ПрезидентиҶТ Вазири фарҳанг ва иттилооти ҶТ таъйин мегардад. Соли 1997 Вазири фарҳанги ҶТ таъйин гардида, то соли 2001 дар ин симат ифои вазифа менамояд. Аз соли 2001 то 2007 мудири шуъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ-ро ба уҳда дошт. Соли 2007 бо фармони Президенти ҶТ Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъйин мегардад, дар ин вазифа то соли 2010 фаъолияти дипломатӣ анҷом дод. Аз соли 2010 то соли 2012 дар рухсатии эҷодӣ буда, январи 2012 директори МТС-и назди Президенти ҶТ бо фармони Президенти ҶТ таъйин мегардад. Моҳи январи соли 2014 ба нафақа баромад.

Бобохон Маҳмадов академики Академияи байналмилалии иттилоот мебошад. Барои хизматҳои арзандааш бо орденҳои «Шараф», «Дӯстӣ», ду маротиба ба унвони «Аълочии матбуоти СССР» сарфароз гардидааст. Соҳиби унвонҳои «Аълочии матбуоти РСС Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги ҶШС Тоҷикистон» ва барандаи Ҷоизаи ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ дар соҳаи матбуот мебошад.

Муфассал...