Асосӣ: Иттилоот дар бораи МТС
+++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++ Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 30.08.2017 08:49, шаҳри Душанбе +++ Ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз58
mod_vvisit_counterДирӯз977
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1035
mod_vvisit_counterДар ин моҳ22425
mod_vvisit_counterҲамагӣ971652
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Декабри
18
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Иттилоот дар бораи МТС
МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Марказ) вобаста ба тасдиқи сохтори нави Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сифат ва фаъолият дар таъмини иттилоотию таҳлилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Марказ дар заминаи Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти иқтисодии Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шудааст, ки он дар навбати худ аз Институти илмию тадқиқотии иқтисод ва тарзҳои иқтисодию математикии банақшагирӣ бо маркази ҳисоббарии Госплани ҶШС Тоҷикистон, ки соли 1971 мутобиқи Қарори Кумитаи давлатии ИҶШС оид ба илм ва техника аз 13 апрели соли 1971 ташкил карда шуда буд, аз нав сохта шудааст.

Аз 18 апрели соли 2003 бо Фармони Президенти ҶТ Тартиб ва сохтори нави Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Мутобиқи ин Тартиб Марказ созмони давлатии иттилоотию таҳлилӣ буда, бевосита ба Президенти ҶТ тобеъ мебошад.

Дар фаъолияти худ Марказ Конститутсия (Сарқонун) ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳо, Қарорҳо ва Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери роҳбарии хеш мегирад.

Номгӯи мавзӯъҳои корҳои илимю тадқиқотии Марказ аз тарафи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ (башарӣ) ва иҷтимоии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Натиҷаҳои тадқиқоти Марказ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳангсозӣ фиристода мешавад. Ҳисобот оид ба итмоми корҳои илмию тадқиқотӣ дар Маркази миллии патентию иттилоотии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт карда мешаванд.

Дар Марказ Шӯрои илмӣ, Шӯрои илмию методӣ ва Шӯрои илмию нашриётӣ амал мекунанд. Ба ҳайати Шӯро роҳбарон, олимони варзида ва кормандони Марказ, ҳамчунин олимони варзида ва кормандони Академияи илмҳо, мактабҳои олӣ, дигар вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд. Дар Марказ ба таври доимӣ донишомӯзони мактабҳои олӣ таҷриба меомӯзанд, ки бештари онҳо баъдан кормандони Марказ мегарданд.

Марказ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, хазинаҳои гуногун ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳамкорӣ намуда, дар ҷумҳурӣ ва берун аз он робитаҳои зиёди илмӣ дорад.