Асосӣ: Маркази матбуот
+++ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 +++ Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир +++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++ Дар Душанбе масъалаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуданд +++ Мулоқот бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 24.08.2018 11:38, Туркманистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон 12.05.2018 10:46, шаҳри Душанбе +++ Иштирок дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ғалаба 09.05.2018 09:58, шаҳри Душанбе +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1189
mod_vvisit_counterДирӯз1683
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта12367
mod_vvisit_counterДар ин моҳ25593
mod_vvisit_counterҲамагӣ1517975
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Феврали
17
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Маркази матбуот
ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

26.12.2018

Дар санаи 25 декабри соли 2018 ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Марказ Худобердӣ Худоназар кушода, қайд кард, ки соли 2018 Шӯрои илмии Марказ дар ҳайати 21 нафар, аз ҷумла як Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳафт доктори илм ва ҳафт номзади илм фаъолияти густурдаеро анҷом дод. Ба мақсади амалӣ намудани стратегияи ягонаи давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба ҳайати Шӯрои олимони Марказ мутахассисони варзида аз дигар ташкилоту муассисаҳо низ ворид карда шуда буданд, ки фаъолияти арзишмандеро ба ба ҷо овард. Сипас ӯ дар бораи фаъолияти илмию тадқиқотӣ, тарғиботию ташвиқотии кормандони Марказ тайи соли 2018 гузориш дода, зикр кард, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз ниҳодҳои таҳлилӣ ва

Муфассал...
 
"ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ҶАВОНОН"

16.11.2018

Дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даровардани агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии Роғун китоби Аҳтам Абдуллозода, Қиёмиддин Миралиён таҳти унвони "Пешвои миллат бо ҷавонон" зери назари ҳайати таҳририяи Раҳмон Озода Эмомалӣ, Абдуҷаббор Раҳмонзода ва вироиши муҳаррирони масъул Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, Сайфулло Сафаров бо сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба табъ расид. Муаллифони Ин китоби арзишманд ба "Соли ҷавонон" бахшида шуда, ҳамчун нишонаи ғамхорӣ, меҳрубонӣ, дастгирии пайгирона ва эътимоди падаронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони кишварамон манзур мегардад.

Дар китоби "Пешвои миллат бо ҷавонон" дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, ки бо ташаббус, дастгирӣ ва дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтаанд.

Муфассал...
 
Дар Душанбе масъалаҳои ташкили мониторинги фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима шуданд

15.11.2018

Дирӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳои ташкили мониторинги фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомад баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомади мазкур намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» иштирок намуданд.

Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова зимни ифтитоҳи ҷамъомад гуфт: «Дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 чор ҳадаф муайян шудааст. Яке аз ин ҳадафҳо таъмин намудани рушди Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ то 7-8 % мебошад. Барои ба ин нишондиҳанда расидан масъулияти хеле баланд лозим аст, чунки иқтисоди ҷаҳон танҳо 2 % зиёд шуда истодааст. Аз ин хотир,

Муфассал...
 
МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ МУБОРАК!

05.09.2018

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкори мо, муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидхоҷа Акбаровро ба муносибати ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо "Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардониданд. Ифтихорнома рӯзи 4 сентябри соли 2018 аз ҷониби мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода ба таври тантанавӣ дар ҷамъомади ба ин муносибат баргузоргардида ба ӯ супорида шуд.

Аз номи аҳли кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидхоҷа Акбаровро ба ин ҷоизаи давлатӣ табрику муборакбод гуфта, барояш сарсабзиву пирӯзӣ ва дар ҷодаи фаъолияти илмию эҷодӣ барори кор ва комёбиҳо орзумандем.

Муфассал...
 
КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "БАХШИ ХУСУСӢ: ВАЗЪ ВА ДУРНАМОИ РУШД"

20.08.2018

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми доимоамалкунандаи муҳокимаю машваратҳои васеи самаранок доир ба масъалаҳои стратегии рушди кишвар 20 августи соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи "Бахши хусусӣ: вазъ ва дурнамои рушд"-ро баргузор намуд. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносон ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронӣ зикр кард, ки рушди бахши хусусӣ барои баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум ва пешрафту рушди устувор аҳамияти калон дорад.

Муфассал...
 
<< Якум < Пешина 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 Давом > Охирин >>

Саҳифаи 1 аз 19