Асосӣ: Навигариҳо НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР БА ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИВУ ТАДҚИҚОТӢ ВА ТАШКИЛӢ ДАР СОЛИ 2017
+++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз18
mod_vvisit_counterДирӯз1152
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4195
mod_vvisit_counterДар ин моҳ23037
mod_vvisit_counterҲамагӣ1048520
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Феврали
21
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОИР БА ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИВУ ТАДҚИҚОТӢ ВА ТАШКИЛӢ ДАР СОЛИ 2017

02.02.2018

Имрӯз, 2-уми июли соли 2018, нишасти матбуотии Маркази тадқикоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ ширкат доштанд.

Нишасти мабуотиро муовини якуми директори Маркази татқиқоти стратегиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфулло Сафаров кушода, доир ба фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 гузориш ироа намуд. Ӯ қайд кард, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ба Маҷлиси Олиро сармашқи кори худ карда, дар асоси ин Паёмҳо нақша-чорабиниҳои фаъолияти солонаи худро таҳия ва мавриди иҷро қарор медиҳад. Тамоми тадқиқот ва гузоришҳои кормандони Марказ дар соли 2017 ба амалишавии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва "Стратегияи рушди миллӣ то соли 2030" нигаронда шуда, ба вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ гузошташуда мутобиқат доранд. Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз ниҳодҳои таҳлилӣ ва машваратии кишвар бо мақсади амалишавии стратегияҳои давлатӣ ва такмили механизми сиёсати дохилию хориҷӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро пеш мебарад.

 

 

Дар давоми соли 2017 Марказ дар доираи нақшаҳои корӣ дар чунин самтҳо фаъолият намуд:

1.Дар самти корҳои илмию тадқиқотӣ.

Аз рӯйи нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ барои соли 2017 дар доираи самтҳои мазкур тадқиқот аз рӯйи мавзӯъҳои зерин гузаронида шуд:

• Масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ, иҷтимоӣ, миллӣ ва минтақавӣ ҳамчун стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

• Ташаккули низоми миллии баҳогузории индикативии амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи нақшаи корҳои илмию тадқиқотӣ барои соли 2017 дар доираи самтҳои мазкур дар бахши сиёсӣ тадқиқот дар доираи панҷ мавзӯи зерин гузаронида шуд:

–омӯзиш ва таҳлили вазъи кунунӣ ва муайян кардани самтҳои муҳимтарини таъмини амнияти минтақавӣ;

–равандҳои муосир дар байни ҷавонон ва масъалаи таъмини амнияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

–авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони таҳаввулёбанда;

–амнияти иҷтимоӣ ҳамчун омили муҳими рушди устувор;

–низоми таъмини амнияти иттилоотӣ дар раванди амалишавии сиёсати хориҷӣ.

Дар бахши иқтисодӣ аз рӯйи се мавзӯи хеле муҳим тадқиқот гузаронида шуд:

–баҳогузорӣ ба вазъ ва механизми таъмини амнияти сармоягузорӣ дар кишвар;

–баҳогузорӣ ба вазъ ва механизми мониторинги амнияти озуқаворӣ

–арзёбӣ ва мониторинги фаъолнокии соҳибкорӣ ва фазои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар миқёси панҷ соҳаи асосӣ: саноат, кишоварзӣ, сохтмон, нақлиёту алоқа, савдо ва хӯроки умумӣ).

2.Шӯрои олимон ва Шӯрои илмию методӣ.

Шӯрои илмии Марказ дар ҳайати 21 нафар, аз ҷумла як Академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳафт доктори илм ва ҳафт номзади илм фаъолият кард. Ба мақсади амалӣ намудани стратегияи ягонаи давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба ҳайати Шӯрои олимони Марказ мутахассисони варзида аз дигар ташкилоту муассисаҳо низ ворид карда шудаанд.

Дар давоми соли 2017 натиҷаҳои пешакии тадқиқот дар доираи ҷаласаҳои Шӯрои илмию методии Марказ (11 ҷаласа) мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ин тарзи кор имкон дод, ки ҳисоботи илмию тадқиқотии Марказро то охири сол бо сифати нисбатан баланд ва баталабот ҷавобгӯй ба ҷаласаи Шӯрои олимон барои тасдиқ пешниҳод гардад.

3.Таҳия ва пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ.

Дар доираи корҳои илмию тадқиқотӣ кормандони Марказ пешниҳодот, гузоришҳои таҳлилӣ ва иттилоотию таҳлилӣ барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои амният ва дигар вазорату кумитаҳои давлатӣ, созмону ниҳодҳо омода намуда, фиристода шуданд.

Дар давоми сол мутахассисони Марказ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ 49 гузориши таҳлилӣ, иттилоотию таҳлилӣ дар ҳаҷми умумии 796 саҳифа пешниҳод намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ пешниҳоди гузоришҳои таҳлилӣ дар асоси натиҷаҳои тадқиқоти раёсатҳои Марказ боз ҳам бештар ба баррасии масъалаҳои рӯзмарра ва ҳалли мушкилоти амалии ҷумҳурӣ равона шуда буданд, ки ба талаботи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон созгор ва мувофиқ буданд.

4. Иштирок дар Комиссияҳои Ҳукуматӣ ва Гурӯҳҳои корӣ.

Роҳбарият ва мутахассисони Марказ дар Гурӯҳҳои кории ҳукуматӣ ва ҷамъиятӣ,

комиссияҳои маҷлиси вакилони халқ доир ба масъалаҳои мушаххас аъзо буда, дар кори онҳо фаъолона ширкат варзиданд:

–Доир ба масъалаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон (Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон).

–Доир ба пешниҳод ва мубодилаи иттилоот дар доираи ҳайати мушовараи АМИТ “Ховар” (бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

–Мониторинг ва арзёбии сатҳи камбизоатӣ ва табақаи миёна дар Тоҷикистон (Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон).

–Таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон).

–Доир ба ҳамкорӣ бо ташкилотҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ,

иттиҳодияҳои ҷамъиятию ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма ва ташкилотҳои динию ғайриҳукуматӣ (роҳбарӣ дар доираи Маҷлиси Вакилони халқи шаҳри Душанбе).

–Раиси комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳалҳо, кӯчаҳо,

майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Душанбе .

–Раиси комиссияи доиммии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба ҳамкорӣ бо мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ.воситаҳои ахбори омма,ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ

–Доир ба «Ташхиси гендерии қонунҳо ва ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Шӯрои экспертии назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) –Роҷеъ ба «Ҷиҳати барӯйхатгирии номҳои бегонаи мавзеъҳои ҷуғрофӣ, ки ба талаботи забони тоҷикӣ мутобиқат намекунанд» (Кумитаи забон ва итилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон).

5. Ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмию тадқиқотӣ.

Марказ робитаҳои кории машваратиро бо вазорат, кумита ва агентиҳои ҷумҳурӣ, мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ, Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор мактабҳои олии мамлакат амалӣ намуд.

6. Ҳамкорӣ бо созмону ташкилотҳои байналмилалӣ.

Марказ дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Шанхай, СААД, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд, Фонди Байналмилалии Асъор, Созмони Олмонии Ҳамкории Байналмилалӣ, Маркази Дипломатияи Пешгирикунанда (шаҳри Ашқобод) ҳамкориҳоро густариш медиҳад.

Марказ узви Маркази таҳлилии СААД, узви Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай ва яке аз муассисони Академияи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Бишкек мебошад.

7.Конфронсҳои илмию амалӣ, симпозиум ва мизҳои гирд.

Дар соли 2017 Марказ як қатор чорабиниҳои илмӣ, аз ҷумла як форуми байналмилалӣ, панҷ конфронси байналмилалӣ, чаҳор конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ, чаҳор конфронси илмию амалӣ ва понздаҳ мизи гирд, дар маҷмӯъ, 29 чорабинии илмӣ баргузор намуд.

Гузоришҳо аз семинару конфронс ва мизҳои гирд дар воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ ва мустақил ба таври васеъ инъикос шуда, ҳамчунин дар сомонаи МТС (www.mts.tj) гузошта шуданд. Дар ин давра кормандони МТС дар конфронсу ҷамъомадҳо, семинару маҳфилҳо, мизҳои гирд, ки аз ҷониби созмонҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор шуданд, низ ширкат варзида, бо 67 маърӯза суханронӣ намуданд ва беш аз 305 мусоҳиба ба воситаҳои ахбори омма доданд.

8. Фаъолияти нашриявӣ.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои «Шиорҳо дар боби Ваҳдати миллӣ аз Паём ва суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон» (бахшида ба 20 солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ) дар ҳаҷми 20 саҳифа ва “Шиорҳо аз Паёму суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ

Раҳмон дар боби Наврӯз дар ҳаҷми 80 саҳифа (ҳар ду китоб бо теъдоди 250 нусхагӣ) нашр карда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру навоҳии кишварамон барои истифодаи хидматӣ ирсол намуд.

Марказ силсилаи маводи таблиғотиро таҳия ва ба чоп расонид, аз ҷумла: • “Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (38 саҳифа, бо теъдоди 150 адад).

• “Наврӯзи ҷаҳонӣ” (128 саҳифа).

• Маводи таблиғотӣ бахшида ба “Соли ҷавонон” ва ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ” (32 саҳифа).

• Маводи таблиғотӣ бахшида ба даҳсолагии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (27 саҳифа бо теъдоди 200 нусха).

• Маводи таблиғотӣ бахшида ба муносибати “Рӯзи Президент” (28 саҳифа).

Дар давраи ҳисоботӣ китобҳои «Ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ дар воситаҳои ахбори омма» (муаллиф: муовини якуми директори Марказ Сайфулло Сафаров, Душанбе, «Ирфон», 2017, 290 саҳ.), «Ҷойҳои кории пурмаҳсул барои рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон» (муаллиф: муовини директори Марказ Фарида Муминова, Душанбе, «Бонки Осиёгии Рушд», 260 саҳ.) ба нашр супорида шуд. Дар баробари ин, дастури иттилоотии «Ислом муқобили террор» (муаллиф: сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ Ҳаким А.Р (дар ҳаммуаллифӣ), Душанбе, «Паёми ошно», 2017, 92 саҳ.) ва “Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар ҳалли проблемаҳои глобалии марбут ба об” (муаллифон: муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ Умед Давлатов ва мутахассиси пешбари ҳамин Раёсат Муҳаммад Амирхонов, Душанбе, “Тоҷикдипсервис”, 72 саҳ.) аз чоп баромад.

Дар ин давра шумораҳои №1 (56)-и маҷаллаи «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» дар ҳаҷми 22 мақола, №2 (57) дар ҳаҷми 27 мақола, шумораи №3 (58)-дар ҳаҷми 36 мақола ба табъ расиданд. Шумораи чаҳоруми ин маҷалла дар дасти чоп аст. Тамоми маводи воридшуда барои нашрия тавассути барномаи “Антиплагиат” гузаронида мешаванд. Дар соли ҳисоботӣ беш аз 78 мақолаи илмӣ тавассути ин барнома санҷида шуд.

9. Ҳамкорӣ бо Марказҳои таҳлилии дигар кишварҳо.

МТС-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор марказҳои таҳлилии дигар давлатҳо, аз ҷумла бо марказҳои таҳлилии Федератсияи Русия, Қазоқистон, Чин, Корея, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, марказҳои тадқиқоти стратегии Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва, Лаҳистон (Полша) низ робитаҳои хуби корӣ ва илмӣ дорад.

10. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён.

Дар соли 2017 дар Марказ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 97 нафар, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат 45 нафар, Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон 58 нафар, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 14 нафар, Донишгоҳи идоракунии давлатӣ 20 нафар, Филиали Донишгоҳи давлатиии Москва ба номи Ломоносов 31 нафар, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 1 нафар, Донишгоҳи тиҷорат ва иқтисодии шаҳри Гомели Ҷумҳурии Белорус 4 нафар, Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия, дар маҷмӯъ, 271 нафар донишҷӯ таҷриба омӯхтанд.

11. Сомонаи интернетии Марказ.

Сомонаи Марказ ба таври доимӣ фаъол буда, дар он маводи илмию таҳлилӣ ва хабарҳоро ҳамарӯза, гузоришу суханрониҳо, мақолаҳои маҷаллаи «Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз» ва китобҳои кормандони МТС ҷой дода шудаанд. Қобили зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар сомонаи интернетии Марказ беш аз 225 мақолаву матолиби гуногун илмӣ, хабару гузоришҳо дар бахшҳои забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гузошта шудаанд. Имсол кори сомона хеле фаъол гашта, онро ҳар рӯз 1000 то 1500 хонанда мутола мекунанд.

12.Корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ.

Дар давоми сол роҳбарият ва кормандони Марказ дар як қатор чорабиниҳои сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати Президенти кишвар саҳми фаъол доштанд. Шумораи умумии суханрониҳо дар мактабҳои олӣ, идораҳои давлатӣ ва минтақаҳо беш аз 400 буд. Онҳо дар ҳайати гурӯҳҳои тарғиботӣ оид ба фаҳмондадиҳии Нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Восеъ, Данғара, Ёвон, Мурғоб, Норак, Роштқалъа, Ҷаббор Расулов, Рашт, Рӯдакӣ, Файзобод, Қӯрғонтеппа (алҳол Бохтар), Қубодиён, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Шуғнон, дар маҷмӯъ, дар 18 шаҳру ноҳия суҳбатҳои пурмазмун гузарониданд.

Барои бақайдгирии номҳои ҷуғрофӣ кормандони Марказ дар шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Бохтар, Вахш, Гулистон, Қубодиён, Лахш, Мастчоҳ, Носири Хусрав, Хуҷанд, Шаҳритуз, Ховалинг, Зафаробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҷалолуддини Балхӣ сафари хидматӣ анҷом дода, феҳристи ҷойномҳоро таҳия ва тартиб доданд ва ба Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 180 саҳифа мавод пешниҳод намуданд. Ҳамчунин, китоби “Фарҳанги ҷойномҳои тоҷикӣ” дар ҳаҷми 1500 калима таҳия ва ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Роҳбарият ва кормандони Марказ дар ҳайати гурӯҳҳои тарғиботӣ бахшида ба «Соли ҷавонон» ва 20-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумлаВахш, Исфара, Қубодиён, Қӯрғонтеппа, Носири Хусрав, Нуробод, Рӯшон, Хоруғ, Фархор, Ховалингу Шуғнон сафари хидматӣ анҷом додаанд.

Кормандони Марказ дар ҳайати гурӯҳҳои тарғиботӣ бахшида ба даҳсолагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ: АбдураҳмониҶомӣ, Бохтар, Данғара, Дарвоз, Конибодом, Муъминобод, Масчоҳ, Носири Хусрав, Ҷаббор Расулов фаъолият намуданд.

Доир ба нақши Конститутсия, Рӯзи Президент, Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди кишвар кормандони Марказ дар силсилаи макомоту идораҳои марказӣ

суханрониҳо намуданд.

13. Такмили ихтисоси кормандони Марказ.

Дар Марказ барои омодасозӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон тамоми шароитҳо мавҷуд аст. Кормандони Марказ ба таври пайваста сатҳи илмию тахассусии худро баланд мебардоранд.

Дар соли 2017 унвонҷӯёни Марказ ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд. Як нафар рисолаи докторӣ дар Академияи илмҳои ҶТ ва ду нафари дигар рисолаҳои номзадии худро дар шаҳрҳои Душанбе ва Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҳимоя карданд. Як нафар ба вазифаи баландтар ба Маҷлиси миллӣ ва як нафар ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор рафтанд. Барои ҳамкорӣ якчанд доктору номзадҳои илм дар шароити ним басти корӣ ё шартномавӣ ҷалб карда шудаанд.

Ба ҳайси унвонҷӯй 7 нафар қабул шуд, ки роҳбарони аксари онҳо кормандони Марказ мебошанд.

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои мубрами сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ семинарҳои илмиву назариявӣ баргузор мегарданд. Дар давраи ҳисоботӣ семинарҳои назариявӣ дар ин мавзӯъҳо гузаронида шуданд: «10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумхурии Тоҷикистон: дастовард ва ояндабинӣ»; «Вазъу ояндабинии рушди низоми бонкии кишвар»; «Манфиатҳои миллӣ дар сиёсати хориҷии кишвар»; «Низоми андозбандии кишвар: вазъ ва самтгирии такмил»; «Таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ», “Сиёсати давлатии ҷавонон: вазъ ва дурнамо” бахшида ба “Соли ҷавонон” гузаронида шуданд.Дар ин семинарҳо намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Кормандони Марказ дар курсҳои такмили ихтисос, аз ҷумла дар хориҷи кишвар:

Москва, Санкт-Петербург, Остона, Бишкек, Пекин, Вашингтон ва якчанд шаҳрҳои Ҳиндустон таҳсил намуда, забонҳои хориҷӣ ва ихтисоси худро такмил доданд. Умуман, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 фаъолияти илмиву тадқиқотӣ, тарғиботӣ ва ташкилии пурсамареро анҷом дод.

Дар охир муовини якуми директори МТС-и назди Президенти ҶТ Сайфулло Сафаров, муовини директори Марказ Фарида Муминова ва сардорони раёсатҳои Марказ ба саволҳои рӯзноманигори ватанию хориҷӣ ҷавобҳои қаноатбахш доданд.

Нишасти матбуотӣ дар фазои самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда ба анҷом расид.

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон