Асосӣ: Навигариҳо МУЛОҚОТИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ҲАЙАТИ ВАКИЛОНИ ҲИЗБИ КОММУНИСТИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ХИТОЙ
+++ Табрикоти телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада +++ Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Соли нави мелодӣ +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз18
mod_vvisit_counterДирӯз1152
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта4195
mod_vvisit_counterДар ин моҳ23037
mod_vvisit_counterҲамагӣ1048520
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Феврали
21
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МУЛОҚОТИ КОРМАНДОНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ҲАЙАТИ ВАКИЛОНИ ҲИЗБИ КОММУНИСТИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ХИТОЙ

30.01.2018

Дирӯз, 29 январи соли 2018, вохӯрии кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати вакилони Ҳизби Коммунисти Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар кушода, меҳмони олиқадри хориҷиро хайрамақдам гуфт ва қайд кард, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамсоякишвари бузург ва шарики асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодиву фарҳангии байни ду кишвари ҳамҷавор солҳои охир беш аз пеш густурда ва мустаҳкам гардидаанд. Бо сармоягузории Хитой дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои бузургу хурди саноатӣ ва иншооти ҳаётан муҳим бунёд гардида, фаъолият менамоянд. Маҳз аз ҳисоби ин корхонаҳо маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварамон соли гузашта 7,1 дарсад афзоиш ёфт, ки ин нишондиҳандаи назаррас ба ҳисоб меравад. Дар солҳои охир Ҷумҳурии Халқии Хитой дар кишвари мо беш аз 1 миллиард доллари амрикоӣ сармоя гузоштааст.

Мардуми заҳматкаш ва меҳнатқарини Ҷумҳурии Халқии Хитой таҳти сарварии Ҳизби Коммунисти Хитой

сол то сол ба пешравиҳои бузург ноил мегардад. Моҳи октябри соли гузашта Анҷумани 19-уми Ҳизби Коммунисти Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардид, ки қарорҳои қабулкардаи он барои рушду тараққиёти минбаъдаи ин давлати абарқудрат аҳамияти бузурги таърихӣ доранд.

Сипас дар назди ҳозирин намояндаи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Ҷумҳурии Халқиии Хитой ҷаноби Лэн Жун суханронӣ намуда, дар бораи аҳамият ва нақши сарнавиштсози қарорҳои Анҷумани 19-уми Ҳизби Коммунисти Хитой дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварашон маълумоти муфассал ироа намуд.

Ҳайати вакилони Ҳизби Коммунисти Ҷумҳурии Халқии Хитой ба суолҳои гуногуни ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.

Дар охир директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ба меҳмонони олиқадр барои суҳбати самимӣ арзи сипос намуда, мулоқотро натиҷагирӣ ва ҷамъбаст кард.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуоти Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон