Асосӣ: Маркази матбуот КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВИИ ИЛМИВУ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР: СОЛҲОИ 2018–2028»
+++ Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Урдун +++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++ Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 30.08.2017 08:49, шаҳри Душанбе +++ Ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз47
mod_vvisit_counterДирӯз977
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1024
mod_vvisit_counterДар ин моҳ22414
mod_vvisit_counterҲамагӣ971641
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Декабри
18
Душанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИВИИ ИЛМИВУ АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ «ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР: СОЛҲОИ 2018–2028»

29.11.2017

Имрӯз, 29 ноябри соли 2017, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмиву амалӣ дар мавзӯи «Об барои рушди устувор: солҳои 2018–2028» баргузор гардид. Дар ҳамоиш намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, коршиносони масоили обу экология, энергетика ва хабарнигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Конфронси илмиву амалиро бо сухани муқаддимавӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни нишасти илмию амалиро хайрамақдам гуфт ва зимни суханронӣ қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусу ибтикороти наҷиби худ ҷиҳати ҳалли мушкилоти глобалии ҷаҳон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баромад менамояд. Дар робита ба коҳиш ёфтани захираҳои обӣ, афзоиши истеъмоли он, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо ва дигар омилҳое, ки барои ояндаи аҳли башар метавонанд хатар эҷод намоянд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста кӯшишу талош ба харҷ медиҳад, ки

таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳалли саривақтии онҳо ҷалб созад. Аз ин ҷост, ки дар як муддати кӯтоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо ташаббусҳои башардӯстонаи худ дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузорад.

Имрӯз Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари пешсафи ташаббускор оид ба масъалаҳои об пазируфта ва шинохта шудааст. Хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода хеле бузурганд, зеро ташаббус ва пешниҳодҳои созандаи вай барои ҷалби таваҷҷуҳи аҳли башар барои ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба об, экология ва дигар масъалаҳои марбути онҳо борҳо мавриди қадрдонӣ дар хориҷи кишвар қарор гирифтаанд. Аксари коршиносони ҷаҳонӣ эътироф мекунанд, ки талошу ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли оқилона ва одилонаи масъалаҳои глобалии ҷаҳони муосир ниҳоят муассиранд. Ӯ ҳамчун роҳбари хирадманду оянданигар медонад, ки ҷаҳони имрӯза ҷаҳони ҳамгироист ва ҳеҷ кишваре дар алоҳидагӣ наметавонад рушди босубот ва амнияти пойдор дошта бошад. Бинобар ин, дар чандин маврид мушкилотеро, ки дар оянда мумкин аст домангири минтақаи Осиёи Марказӣ ва умуман, ҷаҳони муосир гарданд, пешбинӣ намуда, барояшон роҳи ҳалли муносиб ба миён мегузорад. Роҳбарони ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ дар аксар маврид аз пешниҳоду ташаббусҳои Сарвари давлати Тоҷикистон истиқбол ва пуштибонӣ мекунанд. Дар бобати саҳми Прездиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаллу фасли мушкилоти глобалии марбут ба об муовини Дабири кулли СММ Ша Тсу Кан барҳақ изҳор доштааст: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чемпиони ҷаҳон дар ҳалли масъалаҳои глобалии марбут ба об мебошад».

Воқеан, Пешвои миллати моро дар сатҳи байналмилалӣ бо ташаббусҳои башардӯстона ва созандааш мешиносанд ва тавассути Роҳбари давлат номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати тоҷик низ шуҳратёр гардидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чаҳор ташаббуси созанда дар соҳаи об аст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ аз тарафи СММ пазируфта шудаанд.

Дар поёни суханронӣ Худобердӣ Холиқназар ҳамоиши имрӯзаро муҳиму актуалӣ арзёбӣ кард ва изҳори умед намуд, ки Конфронси илмиву амалӣ барои татбиқи ин иқдомҳои наҷиб дар соҳаи об мусоидат хоҳад кард. Сипас директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода сухани табрикӣ эрод карда, ба иштирокчиёни ҳамоиш барори кор ва комёбиҳо орзу намуд.

Ҳамин тавр, бахши якуми Конфронси илмиву амалӣ таҳти раёсати муовини якуми сардори директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Сайфулло Сафаров ба кори худ шурӯъ намуд. Дар назди ҳозирин муовини аввали Вазири энергетика ва ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода дар мавзӯи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор-2018–2028: имкониятҳо барои Тоҷикистон”, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарида Муминова дар мавзӯи “Ҳадафҳои рушди устувор дар чаҳорчӯбаи таъмини дастрасӣ ба об ва беҳдошт”, муовини раиси Кумитаи замин ва геодезияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Давлатзода дар мавзӯи “Амалиёти об барои рушди устувор– расидан ба ҳаёти шоиста”, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи “Дипломатияи об дар Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон”, коршиноси масоили об ва энергетика Темур Валаматзода дар мавзӯи “Баъзе марҳалаҳои баррасии маҷмӯии рушди устувор: ҷанбаҳои обӣ ва энергетикӣ”, ҳамоҳангсози гурӯҳи кории Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Холматов дар мавзӯи “Ислоҳоти соҳаи об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, раиси шабакаи шарикии обии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Пӯлод Ярашев дар мавзӯи “Идораи ҳамгироии захираҳои обӣ асоси рушди устувор”, директори Пажӯҳишгоҳи масъалаҳои об, гидроэнергетика ва эклогияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайналобудин Кобулиев дар мавзӯи “Ҳолат ва нигаҳдории пиряхҳои Тоҷикистон” маърӯза карданд.

Баъдан пиромуни суханрониҳо ибрози назар ва табодули афкори арзишманд сурат гирифт. Дар поёни бахши аввал китоби “Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар ҳалли мушкилоти глобалии об”-и муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Марказ Умед Давлатов ва мутахассиси пешбари ҳамин Раёсат Муҳаммад Амирхонов ба ҳозири муаррифӣ карда шуд. Дар бораи арзиш ва мазмуну муҳтавои китоби мазкур, тақризгар, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо суханронӣ намуд. Вай зимнан қайд кард, ки рисолаи номбурда дар бораи аҳамияти башардӯстонаи ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои об дар арсаи ҷаҳон дастури муфидест ва дар оянда онро ба забонҳои русиву англисӣ тарҷума ва нашр мебояд кард. Муаллифони китоб ба саволҳои ҳозирин посухҳои қаноатбахш доданд.

Бахши дуюми Конфронси илмиву амалиро Наҷмиддин Шоҳинбодов барандагӣ кард. Иштирокчиёни ҳамоиш маърӯзаҳои корманди калони бахши рушди деҳоти Фанди Тоҷикистонии Оғохон Сириус Хуҷамов дар мавзӯи “Дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва санитария дар минтаҷаҳои Кӯҳистони Бадахшон”, сардори шуъбаи назорати давлатии ҳифзи иҷтимоии Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва экологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуҳиддин Маҳмадаминов “Назорати давлатӣ оид ба истифодаи захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон”, сардори Раёсати назорати давлатии санитарии Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемологӣ Мурод Меликов дар мавзӯи “Тоҷикистон кишвари пешоҳангу ташаббускор оид ба татбиҷи сиёсати байналмилалии об дар арсаи ҷаҳон”, мудири шуъбаи таҳлили исломи муосири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қамар Нурулҳақов дар мавзӯи “Арзиши об дар фарҳанги ниёгон” бо рағбати калон шуниданд. Сипас пиромуни маърӯзаҳои ироашуда фикру андешаҳо ва табдули афкори судманд сурат гирифт.

Конфронси байналмилалиро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар ҷамъбасту натиҷагирӣ кард ва ба иштирокчиёни ҳамоиш барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.

Конфронси ҷумҳуривии илмиву амалӣ дар мавзӯи «Об барои рушди устувор: 2018–2028» дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

Маркази матбуоти МТС-и назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон