Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот Конститутсия оини идораи давлат ва ҷамъият
+++ 16 НОЯБР – РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ +++ Нақши дипломатияи иттилоотӣ дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи дувуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон +++ Суханронӣ дар мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ +++ Мулоқот бо Ноиби Президент - Мудири иҷроияи ширкати “Ҷенерал Электрик”-и Амрико дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Роналд Поллетт +++ МИЗИ ГИРД ДАР МАВЗӮИ «Нақши Пешвои миллат дар пешбурди сиёсати хориҷии Ҷуҳурии Тоҷикистон» +++ Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 20.09.2017 01:56, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико +++ Суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 30.08.2017 08:49, шаҳри Душанбе +++ Ба 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон +++

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз334
mod_vvisit_counterДирӯз1407
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта3179
mod_vvisit_counterДар ин моҳ26830
mod_vvisit_counterҲамагӣ937942
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Ноябри
22
Чоршанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Конститутсия оини идораи давлат ва ҷамъият

02.11.2017

Рӯзи 6-уми ноябр аз қабули санади сарнавиштсози давлату миллат, яъне Конститутсияи кишвар 23 сол пур мегардад. Ба даст овар¬дани Истиқлолият зарурати қабули Конститутсияи давлати муосирро ба миён гузошта бошад, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлати соҳибис¬тиқ¬лол заминаи устувор фароҳам овард ва дар таҳкими ҳоки¬мияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши муҳим бозид.

Таърихи навини Тоҷикистон аз соли 1991, аз эълони Истиқлолияти давлатӣ ибтидо мегирад. Санаи 9 сентябри соли 1991 дар таърихи бисёрҳазорсолаи тоҷикон воқеаи хушу фараҳманд рух дод- давлатдории тоҷикон эҳё гардид..

Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ( 16.11- 2.ХII 1992 ) дар шаҳри Хуҷанд дар шароити вазнини сиёсӣ барпо гардид ва дар ҳамин иҷлосяи барои минбаъд қатъ кардани ҷанги шаҳрвандӣ замина гузошта шуд. Ин Иҷлосияи тақдирсоз имкон муҳайё намуд, ки ба барқароркунии шохаҳои фалаҷшудаи ҳукумат дар маҳалҳо, сохторҳои давлатӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ,

баргардонидани гурезаҳо, эҳёи иқтисодиёт ва ташкили заминаҳои ҳуқуқии давлати демократӣ шурӯъ намоем.

Шак нест, ки иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Маҳз дар ҳамин Иҷлосия лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол таҳрези шуд, рамзҳои соҳибистиқлолии давлат, Нишон, Парчам, Суруди Миллӣ қабул карда шуданд, артиши миллӣ ва қушунҳои сарҳадӣ таъсис ёфтанд, системаи амнияти давлатӣ ва ҳифзи сарҳадоти давлат ба роҳ монда шуд, пули миллӣ ба муомилот бароварда шуд, шиносномаи миллӣ тасдиқ гардид.

Замони нав, шароитҳои нави таърихӣ, муносибатҳои нави ҷамъиятӣ қонунгузории ҷавобгӯйи вақтро талаб менамуд. Бо ҳамин мақсад дар иҷлосия комиссияи махсус оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол таъсис дода шуд. Дар муддати кори комиссия аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ доир ба ҳуқуқи инсон- Декларатсияи умумии ҳуқуқи башар (1948 ), Шартномаи байналмилалии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандон (1966), Конвенсияи Париж, ҳуҷатҳои Шӯрои машваратии Хелсинки, тамоми санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда шуданд. Дар раванди омода намудани ин санади ҳуқуқии тақдирсоз махсусиятҳои таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, динӣ ва миллӣ ба эътибор гирифта шуданд. Бори аввал дар таърихи давлатдории милати тоҷик матни Конститутсия ба забони давлатӣ омода шуда буд. Конститутсияи Тоҷикистон аҳамияти ниҳоят калони таърихӣ дорад.Бори аввал буд, ки ғояи ҷамъияти ҳуқуқбунёди демократӣ асоси Конститутсияро ташкил медод.

Мувофиқи моддаи якуми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда барои ҳаёти арзанда ва рушди озоди инсонро таъмин менамояд. Тӯли таърихи бисёрҳазорсолаи давлатдории тоҷикон бори аввал дар Конститутсия халқ ҳамчун василаи истиқлолият ва сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ буда онро бевосита инчунин ба воситаи намояндагони худ амалӣ мегардонад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи олии ҳуқуқӣ дошта меъёрҳои он бевоситаа мал менамоянд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки ба меъёрҳои Конститутсия мухолифанд қуввати ҳуқуқӣ надоранд..

Дар Конститутсияи Тоҷикистон ба муносибати шахс ба давлат диққати махсус дода шудааст. Ба ҳимояи ҳуқуқҳои инсон афзалият дода масъулияти давлатро дар назди ҷомиа ва шаҳрванд баланд бардошта Конститутсия ҳаёт, шараф ва номусу дигар ҳуқуқҳои табии инсонро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқ мустаҳкам намуда онҳоро ҳифз менамояд.

Конститутсияи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихиест, ки дар он ҳар як шахс роҳи воқеии пешрафти ватани худро мебинад.

Таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва истиқлолият дар Конститутсия вазифаи асосии давлат эълон шуда, дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демок¬ратӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардид. Аҳамияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнвиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устуво¬рии ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои истиқлолият ва асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии моро таҳким бахшид, сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузории давлати муосири мо гардид ва иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва идораи давлат таъмин намуд.

Бо мақсади таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ дар Конститутсия дарҷ гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша сиёсати сулҷӯёнаро дар амал татбиқ менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлолият дар фикри қабули Конститутсия буд. Албатта, Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон,ки соли 1978 қабул шуда,ба талаботи ҷомеаи баъди Шуравӣ, яъне ба талаботҳои истиқлолият ҷавобгӯ набуд. Акнун Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами навини худро ба ҷодаи истиқлолият ниҳод. Ҳар давлат истиқлолиятро ба даст гирифта саъйю кӯшиши худро ба бунёди давлати ҳақиқатан демокративу хукукбунёд равона мекунад.

Акнун Ҷумхурии Точикистон такдири сарнавишти худро аниқу мушаххас дарк намуда, ба эъмори давлати ҳуқуқбунёд тамоми ҳастиашро ровона сохта истодааст. Дар замони ҳозира халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимият баромад карда онро бевосита (тавассути интихоботи бевоситаи Президент, ваколати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ) ва ё бавосита (намояндаги, мисол, Мачлиси намояндагон) амалӣ мегардонад. Солҳои баъди қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол воқеан давраи пойдории ҳаёти конститутсионӣ, ҷустуҷӯ ва интихоби роҳи нави инкишоф баъди пошхӯрии ҷамъияти сотсиалистӣ буд. Ҷомеа бе дурнамои инкишофи таърихӣ ва интихоби рохи аниқи инкишоф пеш рафта наметавонад. Раванди нави таърих ба души давлати соҳибистиклоли мо вазифаҳои басо мураккаб, масъулиятнок ва вазнин гузошт. Дар ҳалли ин вазифа Конститутсияи Точикистон накши ҳалкунанда бозид. Ин бесабаб нест, зеро Конститутсия ҳуҷҷати тақдирсоз буда аз марҳалаи нави таърихӣ оғоз гашта, дар он роҳҳои мушаххаси инкишофи минбаъда муайян мегарданд. Ин хусусияти хос, умуман, ба хамаи конститутсияхои давлатхои демократӣ тааллуқ дорад.

Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошаду тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ созад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сулҳу салоҳ ва ба ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозидааст. Ин ҳуҷҷати тақдирсози миллат аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо ном бурда шудааст. Қабули он дар таърихи навини кишвар руйдоди воқеан сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори Ватани азизамон гардид. Мувофиқи он озодии инсон ва шаҳрвандонро давлат риоя, эътироф ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби давлат эътироф ва кафолат дода мешавад.

Дар сархати 2-юми моддаи аввали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Инчунин, дар сархати дуюми моддаи дуюми Конститутсия қайд шудааст, ки ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ истиқомати доимӣ ва муваққатӣ мекунанд, озодии забони модариро кафолат додааст.

Бо иродаи мардуми Тоҷикистон қабул шудани ин ҳуҷҷати муҳим, дарҷи суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва гуманизми халқи тоҷик дар он хусусияти миллии ин ҳуҷҷати сарнавишсоз мебошад. Бори нахуст Тоҷикистон дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон дошт, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолат-парвар мебошад.

Мувофиқ ба муқаррароти Конститутсия таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ мақсади фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор дода шуд.

Маҳз дар Конститутсияи соли 1994 халқи Тоҷикистон бори нахуст баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, ҳуқуқи шахс ба гуногунандешӣ, озодии сухан ва виҷдон кафолат дода шуд..

22 майи соли 2016 шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин ҳуқуқи Конститутсионии худ истифода намуда, бори сеюм тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки онҳо матни ин ҳуҷҷати сарнавиштсозро такмил дода, нишонаи ба зинаи нави рушд ворид шудани Тоҷикистон гардиданд. Натиҷаҳои раъйпурсӣ собит намуданд, ки халқи тоҷик дорои маърифати баланди сиёсӣ ва масъулияти пешрафтаи шаҳрвандӣ мебошанд.

Ҷаҳони муосир, равандҳои ҷаҳонишавӣ аз шаҳрвандон риояи муқаррароти Конститутсия, меъёрҳои қонунгузории кишвар ва дарки амиқи моҳияти онҳоро ҳамчун воситаи муҳимми таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробар¬ҳуқуқӣ тақозо менамояд..

Имрӯз зиддияту тазодҳо дар дунё аз таъсири раванди ҷаҳонишавӣ боз ҳам тезу тунд шуда истодаанд. Дар ин шароит таъмини ҳадафҳои давлатӣ кори осон нест. Танҳо дар сурати таъмини сулҳу ваҳдат, суботи иҷтимоӣ пешрафти кишварамонро таъмин карда метавонем. Вазъи мураккаби баъзе минтақаву давлатҳои ҷаҳон бори дигар ҳар як фарди бедордил ва бонангу номуси ҷомеаро водор месозад, ки қадри зиндагисози сулҳу оромиро хуб дарк намояд ва дар доираи Конститутсия ва қонунҳо ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон талош варзад.

Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқи инсонро арзиши олӣ шумурда ба принсипҳои озодӣ ва демократия асос меёбад.

Таърихи навини Тоҷикистон аз соли 1991, аз эълони Истиқлолияти давлатӣ ибтидо мегирад. Дар санаи 9 сентябри соли 1991 дар таърихи бисёрҳазорсолаи тоҷикон воқеаи хушу фараҳманд рух дод- давлатдории тоҷикон эҳё гардид. Барои ба истиқлолият расидан ба халқи тоҷик санҷишу монеаҳои зиёде дар пеш буданд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ( 16.11- 2.ХII 1992 ) дар шаҳри Хуҷанд дар шароити вазнини сиёсӣ барпо гардид ва дар ҳамин иҷлосия барои минбаъд қатъ кардани ҷанги шаҳрвандӣ замина гузошта шуд. Ин Иҷлосияи тақдирсоз имкон муҳаё намуд, ки ба барқароркунии шохаҳои фалаҷшудаи ҳукумат дар маҳалҳо, сохторҳои давлатӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, баргардонидани гурезаҳо,эҳёи иқтисодиёт ва ташкили заминаҳои ҳуқуқии давлати демократӣ шурӯъ намоем.

Ба ин раванд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки масъалаи қабули Конститутсияи навро баррасӣ намуд ва ҷиҳати таҳияи он Комиссияи конститутсиониро таъсис дод, оғоз бахшид. Дар ҷараёни кор комиссия мо ба хулосае омад, ки бояд таҷрибаи таърихии таҳия ва қабули Конститутсияи давлатҳои пешрафтаи демократӣ мавриди омӯзишу баҳрабардорӣ қарор гирад. Бо ин мақсад аъзои гурӯҳи кории Комиссияи Конститутсионӣ якчанд маротиба ба Федератсияи Руссия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва як қатор давлатҳои аврупоӣ сафар кард.

Дар баробари ин ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, бахусус он ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи инсонро танзим менамоянд, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Қарордоди байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, Қарордоди байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи гражданӣ ва сиёсӣ, Эъломияи Париж ва санадҳои Маҷлиси машваратӣ оид ба амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди омӯзиш қарор ёфтанд ва муқаррароти онҳо ба инобат гирифта шуданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки кори Комиссияи Конститутсионӣ бо баҳсҳои шадид ҷараён гирифт ва ин ҳолат боиси пайдо шудани ду варианти лоиҳаи Конститутсия бо дарназардошти хусусиятҳои идоракунии парлумонӣ ва президентӣ гардид. Ҳамчунин, дар масъалаи тарзи қабули Конститутсия низ андешаҳои аъзои комиссия мухталиф буданд. Баъзеҳо дар парламент қабул кардани Конститутсияро аз раъйпурсии умумихалқӣ авлотар медонистанд.

Ҳангоми баррасии масъала вакилон бо ҷонибдории қатъӣ аз шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ андешаи худро изҳор доштанд, ки он дар шароити кишвари мо ба талаботи ҳаёти ҷомеа ҷавобгӯ мебошад ва таҷрибаи 23 соли амали Конститутсия низ инро собит намуд.

Бо дарки воқеияти таърихию сиёсии кишвар ва аҳамияти Конститутсия дар таъмини суботу устувории ҳаёти ҷомеа иҷлосия ба хулосае омад, ки лоиҳаи Конститутсияи нав ба муҳокимаи мардум бароварда шуда, он аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардад. Зеро мо аз таҷрибаи талхи кишвари худ медонистем, ки бо талабу пофишории қувваҳо ва гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатто дар як рӯз ба Конститутсия якчанд тағйирот ворид мекард, ки онҳо баъзан мухолифи ҳамдигар буданд. Аз ин ҷиҳат, ба назар гирифтани майлу иродаи мардум, ки дар раъйпурсии умумихалқӣ изҳор карда мешавад, муҳим буда, итоат ба он барои тамоми нерӯҳои сиёсӣ ва ҳар як фарди ҷомеа муқаддасу ҳатмӣ мегардад.

Бо дар назардошти ҳамин нукта ва фаҳмидани фикру андешаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон Конститутсия ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардид. Ба суроғаи Комиссияи Конститутсионӣ зиёда аз ҳаштуним ҳазор таклифу пешниҳодҳо аз ташкилоту созмонҳо ва шахсони алоҳида ворид гардид, ки ин боиси такмили минбаъдаи Конститутсия гардид. Дар ҷаласаҳои кории Комиссияи Конститутсионӣ баррасӣ шудани лоиҳаи Конститутсияи нав, ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод шудани он ва ниҳоят ба роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани Конститутсия далели раванди демократии таҳия, муҳокима ва қабули ин санади тақдирсоз буд.

Барои ҳар як давлат Конститутсия санади ҳақиқатан таърихиву муқаддас ба шумор меравад. Баъди 23 соли амали Конститутсия дилпурона ва бо эътимод ҳақ дорем гӯем, ки Конститутсия омили асосии пешрафти давлатдории тоҷикон гардида, дар дигаргунсозии муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон нақши ниҳоят муҳим ва ҳалкунанда бозидааст. Қонуни асосӣ ба инсон ҳуқуқу озодиҳояшро кафолат дода асосҳои сохти ҷамъият, шакли идоракунӣ ва ташкили ҳудудии давлат, асосҳои таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро мушаххас менамояд.

Махсусияти Қонуни асосии мо дар он аст, ки масъалаҳо бо дарназардошти хусусиятҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, милливу таърихӣ ва анъанаву суннатҳои мардуми кишварамон дарҷ ёфтаанд. Яъне Конститутсияи Тоҷикистон санади ифодакунанда ва ҷавобгӯйи ормонҳои деринаи халқи тоҷик маҳсуб меёбад.

Имрӯз Тоҷикистон ба қатори давлатҳои демократии ҷаҳон шомил аст, ҳамчун субъекти мустаъқили муносибатҳои байналмилалӣ эътироф шудааст. Ин дастовардҳоро барои давлати мо Конститутсия фароҳам овард. Зеро Конститутсия заминаҳои асосии сохтори давлатӣ ва низоми сиёсиро тағйир дода, низоми идоракунии авторитариро ба рақобати озоди сиёсӣ ва муколама иваз намуд ва дар Тоҷикистон барои ривоҷи ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоид таъмин намуд.

Имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаёти худро бе арзишҳои умумибашарӣ, ки ҳамчун меъёри ҳуқуқии зиндагии инсон қабул шудаанд, тасаввур карда наметавонанд. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯҳу фалсафаи муносибатҳои давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқии моро тағйир дода, арзишҳои умумибашариро бо дарназардошти хусусиятҳои миллии кишвар ба ҳаёти сиёсиамон ворид намуд. Дар заминаи он асосҳои ҳуқуқии низоми сиёсии ҷамъият ва муносибатҳои мутақобилаи миёни давлат ва шахс муқаррар гардиданд. Фаъолияти мақомотҳои давлатӣ нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ба меъёрҳои Конститутсия асос ёфтаанд, ки дар он ҳуқуқи инсон арзиши олӣ эътироф шудааст. Қонуни асосӣ ҳамчунин доираи фаъолияти тамоми нерӯҳои сиёсӣ - ҳизбҳо, иттиҳодияҳо ва созмонҳои ҷамъиятиро муайян намуда, барои густариши кори онҳо заминаи қонунӣ фароҳам овард.

Конститутсияи нав дар роҳи такмили сохти давлатдории Тоҷикистон иқдоми ҷиддие буд, ки барои такмили минбаъдаи давлат мусоидат намуд.

Ба меъёрҳои Конститутсия амали мустақим дода шуд. Яъне дифои ҳуқуқҳои шахс тавассути меъёрҳои конститутсчионӣ. Амали мустаъқим пайдо намудани меъёрҳои конститутсионӣ дар таърихи ватани мо назир надошт. Ба мақомоти судӣ ва сохторҳои ҳокимияти давлатӣ лозим меояд, ки дар фаъолияти худ меъёрҳои Конститутсияро ҳамчун эътибори олии ҳуқуқӣ ба роҳбари гиранд.

Дар Конститутсияи соли 1978 моликияти давлатӣ асоси низоми иқтисодӣ Тоҷикистони Шӯравиро ташкил медод.Конститутсия соли 1994 гуногунии шаклҳои моликиятро ба таври баробар эътирофу ҳимоя менамояд ва рушди озодонаи ҷомеаи шаҳрвандиро таъмин месозад.

Мутобиқи Қонуни асосӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун танзимкунандаи фаъолияти мақомоти олии давлатӣ Сарвари давлат ва Раиси Ҳукумат буда ҳомии Конститутсия, қонунҳои кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ, тамомияти арзӣ ва пойдории давлат эътироф шудааст.

Табиист, ки вобаста ба давраҳои муайяни рушди ҷамъият Конститутсия, меъёрҳои он ва дигар санадҳои қонунгузорӣ ба такмил эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Дар Тоҷикистон даҳаи охири асри бист гузариш аз сохти сотсиалистӣ ба шакли ба сохти ҷамъиятии бозоргони ба вуқӯъ пайваст. Ин хусусан ба Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлат ва ҷомеае иртибот мегирад, ки дар марҳалаи гузариш аз як сохт ба сохти дигар ва рушду такомул қарор дорад. Конститутсияи Тоҷикистон аҳамияти ниҳоят калони таърихӣ дорад. Бори аввал ғояи ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ асоси Конститутсияро ташкил медод. Конститутсия ҳуҷҷати муққаддасест, ки тақдири миллат ва давлатро муайян намуда ,роҳ ба суи ояндаи онҳоро мунаввар месозад.Такмили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба он ворид намудани таъғиру иловаҳо тақозои давраҳои муайяни пешрафти ҷомиа мебошад.Таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули панҷ Конститутсия ( 1929, 1931, 1937, 1978, 1994) -ро дар ёд дорад. Ба Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол се маротиба солҳои 1999, 2003, 2016 таъғиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Конститутсияи нави Тоҷикистони мустаъқил ва 6.11.1994 қабул гардидани он гувоҳи амалишавии қарори Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ҳамин рӯзи хотирмон Президенти Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти ҷумҳури воқеаи ниҳоят муҳим буд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба душвориҳои иқтисодӣ ва бӯҳрони иҷтимоӣ – иқтисодии ҷаҳонӣ нигоҳ накарда қариб нисфи буджети ҷумҳуриро ба соҳаи иҷтимоӣ равона месозад ва дар оянда низ ин тамоюл идома меёбад.

Дар давраи ҳозираи рушд дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои боз ҳам миқёсан васеъи- таъмини пешрафти минбаъдаи иқтисодӣ, баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии халқ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи ислоҳотҳои сохтори иқтисодиёт, ва гузариш ба муносибатҳои нави иқтисодиёти бозорӣ, шаклҳои гуногуни моликият, амали озоди субъектҳои хоҷагидорӣ имрӯзҳо дар самтҳои гуногуни иқтисодиёти Тоҷикистон пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд.

Комёбиҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои гунгуни боиси афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ гардид. Ҳамаи ин аз натиҷаи фаъолияти озодӣ иқтисодӣ, ривоҷи соҳибкорӣ, ҳимояи ҳамаи намудҳои моликият, ба хусус моликияти шахсӣ, ки онро Конститутсияи Тоҷикистони озод кафолат медиҳад, бармеояд.

Конститутсия воқеан барои давлат, миллат ва ҳар як шаҳрванд ҳуҷҷати таърихӣю муқаддас буда тамоми муносибатҳои ҷамъиятиро ба низом медарорад. Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дода, асосҳои сохори ҷамъият, сохти идоракунӣ, ташкили марзи давлат, асосҳои таъсиси соторҳои марказӣ ва маҳалии давлат, ва ваколату муносибатҳои онҳоро мушахас менамояд.

Ҳоло Конститутсияи Тоҷикистон омили муҳими муайянкунандаи ҳадафҳо, моҳияти рушд ва такомули мустаъқилият, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, давлати рӯ ба инкишоф ва дар айни замон дар табдили пурраи тамоми муносибатҳои иҷтимоӣ. Иқтисодӣ, сиёсӣ- фарҳангӣ, давлатӣ- ҳуқуқӣ маҳсуб меёбад. Ҳамаи ин масъалаҳои ҳаётан муҳим бо назардошти хусусиятҳои сиёсӣ- иқтисодӣ, иҷтимоӣ – фарҳангӣ. давлати – ҳуқуқӣ, миллӣ – таърихӣ, таълимӣ – тарбиявӣ, инъикоси худро ёфтаанд.

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол савганди миллати тоҷик ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар назди худ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ оиди ба сохтмони давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд, ягона, мустаъқил ва ҷомиаи озоди шаҳрвандӣ ба шумор меравад.

Бисту се сол қабл аз ин, яъне 6-уми ноябри соли 1994 аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, ки ин падида дар таърихи давлати навини мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои воқеан сарнавиштсоз буд.

Ин санади муқаддас, ки бо дарназардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми кишвар ва роҳи рушди ояндаи давлатамон таҳия ва пазируфта шудааст, сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт. Дар давраи ниҳоят ҳассоси аз як сохт ба сохти дигари давлатдорӣ гузаштани Тоҷикистон қудратталабии сиёсии баъзе ҳизбу ҳаракатҳо ва шахсиятҳои алоҳида боиси риоя нагардидани меъёрҳои Қонуни асосӣ гардид ва ин амал оқибат ба ҷанги даҳшатноки шаҳрвандӣ оварда расонд, ки он воқеан ба тамомияти арзиву мавҷудияти давлати Тоҷикистон ва ягонагии миллати тоҷик хатари ҷиддӣ дошт.

Барои ба эътидол овардани вазъият, суботи ҷомеа ва ризоияту ваҳдати миллӣ зарурати эҷоди давлати нави ҷавобгӯ ба манфиатҳои тамоми ҷомеаи Тоҷикистон ба миён омада буд. Дар навбати худ тағйири комили сохт ва низоми нави давлату давлатдорӣ бояд бо қабул намудани Конститутсияи нав ба расмият дароварда мешуд. Ва мо тавонистем, ки ин имконияти таърихиро танҳо баъди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ амалӣ гардонем. Маҳз дар ҳамин иҷлосия мақсади худро оид ба эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қатъиян эълон намудем, ки он роҳи минбаъдаи рушду такомули давлату давлатдории навини моро муайян кард.

Тағйиру иловаҳое, ки соли 1999 мутобиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба Конститутсия ворид гардиданд, воситаи муҳими ризоият, созиш, ваҳдат ва суботи ҷомеа гаштанд. Дар асоси он тағйиру иловаҳо аввалин маротиба дар мамлакат парлумони касбии иборат аз ду палата - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис ёфт, ҳамчунин фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мувофиқи таҷрибаи маъмули ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуд.

Аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуну санадҳое қабул карда шуданд, ки онҳо ба пешрафти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа мусоидат намуданд.

Пешрафти ҷомеа тақозо менамояд, ки асосҳои конститутсионӣ низ пайваста такмил ёбанд. Зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳои баъдӣ ба Конститутсия, ки соли гузашта сурат гирифт, пеш аз ҳама ба танзими тараққиёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва таҳкими кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вобаста буд.

Такмили Конститутсия имконият дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузорем.

Мақсади мардуми кишвари мо бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад ва ин ҳадаф дар моддаи якуми Конститутсия ба таври возеҳ зикр шудааст.

Дар ҷаҳони муосир сохти демократӣ ва дунявии давлатдорӣ ба суботи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёт мусоидат кардааст. Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудоинопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, бунёд кардани чунин давлатро бо дарназардошти арзишҳои миллӣ ихтиёр намудааст. Зеро ҳар як миллати соҳибтамаддун мувофиқи хусусиятҳои миллӣ, таърихиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву мазҳабии худ давлатдорӣ мекунад.

Мо маҳз дар асоси ҳамин принсип давлате бунёд карданӣ ҳастем, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин зиндагии шоистаи онҳо воқеан дар заминаи суннатҳои миллиамон таъмин карда шаванд. Вобаста ба ин, бори дигар хотирнишон месозам, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон муайянкунандаи моҳият ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ буда, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин карда мешаванд.

Дар Қонуни асосӣ аввалин маротиба ҳуқуқҳои фитрӣ ва табиии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, саломатӣ, қадр, номус, амният, озодӣ ва дигар ҳуқуқҳои он ба таври возеҳ муқаррар гардидаанд, ки ин хусусият Конститутсияи моро дар радифи Қонунҳои асосии кишварҳои пешрафта қарор медиҳад.

Ҳоло бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ қариб нисфи буҷети давлатиро барои соҳаҳои иҷтимоии мамлакат сарф карда истодаем ва дар оянда низ мақсади идома додани чунин сиёсат пешбини мегардад .

Дар давоми бисту се соли сипаришуда Тоҷикистон роҳи ниҳоят душворро тай карда, мушкилотҳои зиёдро бартараф намуд. Акнун масъалаҳои боз ҳам муҳимтар, яъне таъмини рушди минбаъдаи иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишварамон бояд ҳаллу фасл карда шаванд.

Дар Тоҷикистон ягон мафкура, аз ҷумла мафкураи ҳизбӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат, гурӯҳ ё шахсе ба ҳайси мафкураи давлатӣ ва ҳатмӣ эътироф карда намешавад. Аммо ин бар маънои онро надорад, ки давлат дорои мақсаду ормонҳои олӣ набошад. Давлат масъули таъмини амнияти ҷомеа ва фард буда арзишҳои умумибашариро дар худ таҷассум менамояд, ки ин арзишҳо ба меъёрҳзои конститутсиони табдил ёфтаанд. Тибқи принсипи гуногунандешии сиёсӣ ҳоло дар мамлакати мо ҳизбҳо ва иттиҳодияҳои гуногуни ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд. Дар ин самти ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ рух доданд. Агар соли 1991 дар мамлакатамон дар маҷмӯъ 60 иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолият дошта бошад, ҳоло 6 ҳизби сиёсӣ ва зиёда аз 2200 иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд, ки ин баёнгари дар амал татбиқ шудани усули гуногунандешии мафкуравӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ - сохтори нодири ризоияти миллӣ барои нерӯҳои гуногӯни ҷамъиятию сиёсӣ майдон фаррохи мубодилаи афкор,ҳамкории онҳо дар шаклҳои гуногӯнро фароҳам оварда имкон муҳаё месозад, ки ҳизбу ҳаракатҳои гуногун бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ дар пешрафти кишвар саҳмгузор бошанд. Дин ва муносибатҳои динӣ дар аксар давлатҳо кори хусусии одамон аст. Дар ҷое, ки масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои истиқлолият ва амнияти давлат пеш меояд, дин бояд дар хидмати онҳо қарор гирад. Чунин холат дар таърихи дини мубини ислом ва давлатдории қадимаи халқи тоҷик хеле зиёд рӯӣ додаанд.

Бунёдгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятулло Хумайнӣ дар китоби “ Саҳифаи нур” чунин навиштааст : "Ман сахт эътиқодманд ҳастам ба он нукта, ки арзиши идора намудани давлат бояд аз тамоми манфиатҳои дигар, ҳатто манфиатҳои динӣ, чун намоз, рӯза ва ҳаҷ ҳам авлотар дониста шаванд.

Давлат метавонад тамоми зуҳуротро мамнӯъ эълон намояд, агар ин зуҳурот ҷавобгӯйи манфиатҳои давлат набошанд, ҳатто агар ин манъкарданҳо дар зиддият бо манфиатҳои исломӣ ҳам бошанд зеро манфиатҳои ҳокимияти давлатӣ бузургтар аз қонуниятҳои исломӣ ҳастанд".

Имрӯз дар баъзе масҷидҳо хутбаву мавъизахониҳо барои паҳн гардидани таблиғи идеологияву дасисаҳои ифротгароёна роҳ мекушоянд. Ин фатвоҳо масъалаҳоеро ба миён мегузоранд, ки хилофи қонунҳои амалкунанда буда, боиси ихтилофи ҷомиа мегарданд. Ҳадаф аз ин гуна маъвизаҳою фатвоҳо дар ҷомеа низоъ барангехтан ва диндоронро муқобили ҳам қарор додан мебошад. Ҳол он ки дар моддаи 30-юми Конститутсияи Тоҷикистон возеҳу равшан таъкид шудааст, ки "Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезад, манъ аст".

. Тибқи Қонуни асосӣ дар Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Амалҳои хусусиятҳои зиддиконститутсиониву зиддидемократӣ дошта, оромӣ ва суботи ҷомеаро халаддор мекунанд ва ба амнияту озодии инсон тахдид менамоянд. Бинобар ин, таъсиси чунин созмонҳо ва амалҳои экстремистӣ дар тамоми давлатҳои демократӣ ва ҷаҳони мутамаддин манъ карда шудаанд.

Тамомияти арзии мамлакат, муттаҳидӣ, озодӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандонро кафолат дода, Конститутсия терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи яроқу аслиҳаро қатъиян манъ ва маҳкум мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатиро дар Конститутсияи худ ҷой дод. Асоси ин принсипро ба се рукн - ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим шудани ҳокимият ташкил медиҳад. Ҳар як рукни ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияти худ вазифаҳои ба зиммадоштаашро мустақилона иҷро менамояд.

Мувофиқ ба рукнҳои ҳокимияти давлатӣ қонунҳои зарурӣ қабул шудаанд ва онҳо пурра имкони медиҳанд, ки ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти он тибқи принсипи зикршуда фаъолият намоянд. Ҷавҳари ин принсипро танҳо тавассути Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда ҳал намудани тамоми масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа ташкил медиҳад..

Конститутсия ҳуҷҷатест, ки сарнавишти ҳар халқу миллатро муайян месозад. Қонуни асосӣ шоҳсутун ва шиносномаи давлату миллат, санади тақдирсоз ва таъйинкунандаи роҳи пешрафти нӯмуи давлат аст. Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва қабули Конститутсия бунёди давлати навини тоҷикон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва он ба сифати сарчашмаи олии низоми ҳуқуқии мамлакат эътироф гардид.

Мо Тоҷикистонро давлати ҳуқуқбунёд эълон доштем аз ин рӯ риоя ва татбиқи Конститутсия вазифаи муқаддаси тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандон аст. Дар ҷомеае, ки волоияти қонун ва тартибу низом ҳукмфармост, пешрафту тараққиёт ва густариши тамоми соҳаҳои ҳаёт низ таъмин мешавад. Шаҳрвандони Тоҷикистон ба мансубияти нажодӣ, миллӣ ва диниашон нигоҳ накарда қонунҳои худро эҳтиром ва риоя мекунанд. Дар айни замон миллати тоҷик ба арзишҳои беҳтарини башарият арҷ мегузорад. Конститутсияи Тоҷикистон санади муқаддас буда бояд аз тарафи тамоми қишрҳои ҷомиа, дар ҳамаи зинаҳои таълимгоҳҳо бояд мавриди омузиш парастиш қарор гирад.

Таҳсилоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипи дунявият ба роҳ монда шуда аст. Асоси низоми таҳсилоти давлатиро асли дунявият ташкил медиҳад. Дар доираи ин низоми таълимӣ ҳам таҳсилоту тарбияи динӣ ва ҳам атеистӣ манъ мебошад. Дину атеизм аз мактаб ҷудо мебошанд ва падару модарон ҳақ надоранд, ки таълиму тарбияи динӣ ё атеистиро талаб намоянд.

Ҷашни 23 солагии Конститутсия боз як фурсати мувофиқе шуд, ки мо дар бораи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии худ мулоҳиза ронем. Ин мақсади олиест,ки корҳои зиёдеро барои амалӣ шудани он анҷом бояд дод..

Давлатов Зубайдулло Абдуллоевич

муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон