Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот Рушди сайёҳӣ муборизаи шадидро бар зидди терроризм тақозо дорад
+++ Ҷавонон бояд осебпазир набошанд! +++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1785
mod_vvisit_counterДирӯз2420
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17717
mod_vvisit_counterДар ин моҳ56869
mod_vvisit_counterҲамагӣ1830262
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Рушди сайёҳӣ муборизаи шадидро бар зидди терроризм тақозо дорад

31.07.2019

Дар шароити муосири рушди иқтисоди бозорӣ, ҷаҳонишавӣ ва дигар тағйиротҳои ҷаҳонӣ соҳаи сайёҳӣ ба сифати «доруи рафъи маризиҳои ҷамъиятӣ», аз ҷумла ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ баромад мекунад. Бидуни рушди соҳа, пайдо намудани мақоми арзанда дар миқёси байналмилалӣ, муаррифии шоистаи дастовардҳои моддию маънавӣ аз имкон берун мебошад. Дастгирии умумимиллӣ пайдо намудани соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон бо дарки моҳияти ин омилҳо пайвастагии зич дорад, зеро бо тамоми шакли зоҳиршавии худ, сайёҳӣ ба баланд бардоштани имиҷи мусбати давлат мусоидат мекунад.

Бо вуҷуди ин, бидуни фароҳам овардани фазои мусоиди рушди сайёҳӣ, пеш аз ҳама, тартиботи ҷамъиятӣ, фазои орому осоишта, низоми устувори таъмини амният тавсеа бахшидани соҳаи туризм аз эҳтимол берун мебошад. Дар асри 21 муваффақияти соҳаи туризмро ду чиз таъмин мекунад: амният ва хизмастрасонии хуб. Дар таҷрибаи байналмилалӣ набудани таҳдиду хатар ба ҷони сайёҳ меъёри асосӣ маҳсуб меёбад. Агар кафолати таъмини амният ҷой дошта бошад, сайёҳон бо вуҷуди иқтисоди заъифу инфрасохтори нокифоя ба он давлат сафар мекунанд, вале агар амният кафолат дода нашавад, сайёҳон аз сафар ба пешрафтатарин давлатҳо ва ҷолибтарин мавзеъҳои ҷаҳон худдорӣ мекунанд.

Хусусан, мубориза бо терроризм дар шароити имрӯза яке аз масъалаҳои мебошад, ки дар меҳвари рушди соҳаи сайёҳии давлатҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Тоҷикистон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад, ки фазои амнияти миллӣ аз майлонҳои тундгаро эмин нигоҳ дошта шавад, зеро як ҳодасаи террористӣ эҳтимолияти барбод додани тамоми талошҳои давлатро дар роҳи рушду шукуфоӣ ба вуҷуд меорад.

Дар бисёр давлатҳои дунё туризм асоси иқтисодии кишвар ва сарчашмаи ғанӣ гардонидани буҷет мебошад. Ин давлатҳо дар баробари имкониятҳои иқтисодӣ ҳаматарафа кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки амниятро низ дар сатҳи шоиста таъмин намоянд. Террористон ҳамла ба сайёҳон ва объектҳои туризмро воситаи муҳим зуд ва ба доираи васеи ҷомеа расонидани «пайғом»-и шуми худ меҳисобанд. Яъне ҳар як кӯшиши террорист баҳри зарар расонидан ба сайёҳ дар пайи худ пайомадҳои гуногун: сиёсӣ, динӣ, ақидатӣ ва фарҳангиро доро мебошад. Аз ин рӯ, таҳдиди террористон ба сайёҳ фақат васила аст, дар асл бошад, мақсаду ҳадафҳои дигар пайгирӣ карда мешаванд. Аз таҳлилу мушоҳидаҳо бармеояд, ки аксар вақт бо сабаби авҷ гирифтани ҷангу низоъ дар минтақаи Шарқи Наздик ва нуқтаҳои доғ ҷараёни сайёҳӣ кам мешавад. Бисёр сайёҳон дар ин мавзеъҳо қурбони гурӯҳҳои террористӣ гаштаанд. Соли 2002 дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Тунис 21 нафар сайёҳ қурбон шуданд. Баъди ин ҳодиса кишвари мазкур имконияти ҷалби бештари сайёҳонро то ба ин дам аз даст дод, ки ин ба иқтисоди кишвар зарбаи калони манфӣ расонид.

Тибқи хулосаҳои муаллифони маърӯзаи «Индекси ҷаҳонии терроризм» дар соли 2016, саҳми соҳаи туризм дар ММД-и кишварҳое, ки дар онҳо ҳамлаҳои террористӣ ба вуқуъ намепайванданд, нисбат ба кишварҳое, ки ҳамлаҳои террористӣ дида мешаванд, ду маротиба бештар аст.

Дар ин росто зикр бояд намуд, ки солҳои охир ба тадриҷ рӯҳияи сайёҳон тағйир меёбад. Сайёҳон аз лиҳози равонӣ устувортар ва ҷасур мешаванд. Агар чанд соли пеш терроризм боиси тарсу ҳароси сайёҳон буд, ҳоло бошад, вазъ то андозае дигаргун шудааст. Сайёҳон бо вуҷуди огоҳӣ ба давлатҳои аз лиҳози терроризм осебпазир саёҳат мекунанд, зеро медонанд, ки чун ҳар як фарди ҷомеа, хоҳ дар кишвари худ ва хоҳ дар давлати дигар, ҳамеша эҳтимолияти рӯ ба рӯ шудани онҳо бо хатари терроризм мавҷуд аст.

Тадқиқоте, ки аз ҷониби ширкати «Ipk International» соли 2016 дар 42 давлати аз лиҳози сайёҳӣ пешқадам ва миёни 50 ҳазор аҳолӣ ин кишварҳо баргузор шудааст, нишон медиҳад, ки амалҳои террористӣ ба интихоби самти сайёҳӣ таъсир мерасонанд, вале ба майлу хоҳиши сайёҳон таъсир намерасонанд. Яъне сайёҳ метавонад аз давлати интихобшуда даст кашад, вале ҳеҷ гоҳ аз сафар даст намекашад. Аз ин рӯ, терроризм наметавонад тамоми ҳадафҳоро нест кунад.

Ба ҳар ҳол на ҳама омода аст, ки ба ҳаёти худ ҳангоми саёҳат таваккал кунад. Масалан, баъди ҳодисаҳои террористие, ки дар давлатҳои аз нигоҳи амният пешрафта Фаронса, Олмон, Белгия ба вуқӯъ пайвастанд, хоҳиши сокинони Шветсария солҳои охир барои берун баромадан аз кишвар бо мақсади сайёҳӣ қариб пурра аз байн рафтааст.

Хушбахтона, Тоҷикистон аз лиҳози рушди туризм ба муваффақиятҳои зиёд ноил шудааст ва майли сайёҳон сол аз сол барои саёҳат ба давлат меафзояд. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани солҳои 2019 - 2021 аз ҷумлаи ташаббусҳое мебошанд, ки на танҳо ба ҳалли мушкилоти ин соҳаҳо равона мешаванд, балки дар партави ин тадбирҳо, кишвар чораҳои мубориза бо терроризм ва падидаҳои ба ин монандро низ тақвият мебахшад. Рушди сайёҳӣ масъулияти тамоми узви ҷомеа, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро дар мубориза бо терроризм дучанд мегардонад.

Масъала фақат ба он вобаста нест, ки зиёд шудани таҳдиду хатари терроризм дар давлат теъдоди сайёҳонро коҳиш медиҳад, балки кишвар мақоми транзитии худро дар масъалаи сайёҳӣ низ аз даст хоҳад дод. Зеро сарзамини мо дар баробари кишвари сайёҳӣ будан, ҳамзамон барои сайёҳон нақши транзитиро иҷро мекунад ва сайёҳон тавассути Тоҷикистон имконияти хуби сафар ба давлатҳои ҳамсоя ва ғайри онҳоро пайдо мекунанд.

Дар радифи рушди бесобиқаи воситаҳои иттилоотию коммуникатсионии оммавӣ таҳдиди терроризм низ бештар мешавад. Террористон фазои иттилоотиро ба паҳн намудани иттилооти бардурӯғ, таҳдидомез ва барангезандаи кинаву адоват табдил медиҳанд, бахусус, шабакаи интернет барои анҷом додани чунин амалҳо васеъ истифода бурда мешавад. Бинобар ин, мо бояд, ки дар самти мубориза бо терроризм бештар аз «неруи нарм» кор бигирем, яъне истифодаи воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳри муборизаи иттилоотӣ ва паҳн намудани маълумот оид ба гӯшаву канори кишвар зарур мебошад.

Террористон, ки фазои кишварро баҳри расидан ба мақсадҳои нопоки худ тариқи интернет ба ҷаҳониён нодуруст инъикос кардан мехоҳанд, мо низ бояд тариқи ин восита воқеиятҳои рушди давлат ва имкониятҳои сайёҳиро ба таври васеъ таблиғу ташвиқ намоем, зеро тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, дар шабакаҳои интернет иттилоот ва маълумоти кофӣ атрофи имкониятҳои сайёҳии кишварамон хеле кам мебошанд. Ҳол он ки сайёҳон баҳри сафар ба давлат, такя ба маълумоти интернет мекунанд. Агар ҳар рӯз гурӯҳҳои террористӣ дар шабакаи интернет матолиб ғаразноку иғвоангез роҷеъ ба Тоҷикистон паҳн кунанд, вақте сайёҳ дар барои кишвар маълумот гирифтанӣ мешавад, ба ҷуз маводҳои манфӣ дар бораи Тоҷикистон, чизи дигаре пайдо намекунад. Бинобар ин, бояд ки масъулияти соҳаи туризм фақат ба зиммаи Кумитаи рушди сайёҳӣ гузошта нашавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар сомонаҳои интернетии худ ба таври дақиқ ва муфассал маводҳи арзишманду ҷолиб атрофи мавзеъҳои сайёҳии минтақаи худ интишор намоянд ва онро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн созанд. Дар айни замон реклама, ё ба истилоҳ таблиғи шоистаи дастовардҳои кишвар, худ як механизми муассири мубориза бо терроризм мебошад.

Ҷомеаи иттилоотӣ аз як тараф симои манфури терроризмро ба ҷаҳониён бозгӯ кунад, аз ҷониби дигар ҳисси тарсу ҳароси аҳолии сайёраро зиёд мегардонад, ки он бештар ба мақоли «аз паша фил сохтан» шабоҳат дорад. Мо инро аз мисоли чанд ҳолатҳое мушоҳида намудем, ки дар кишвар шуда буданд. Воситаҳои ахбори оммаи ҳадафнок хостанд аз фурсати барояшон муносиб ба воқеа ҳангомаҳои нав зам намуда, ба ин васила чеҳраи сиёсии кишварро доғдор намоянд.

Ҳамин тавр, рушди соҳаи сайёҳӣ дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ омили ҷиддӣ мебошад. Барои муборизаи шоиста бо терроризм дар самти таъмини амнияти соҳаи сайёҳӣ пеш аз ҳама ба сайёҳон фаҳмондани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми сайёҳат, пурзӯр намудани системаи назорат ва амният дар иншоот ва инфрасохтори сайёҳӣ ва ғайра зарур мебошанд.

Хусрав Ализода, мутахассиси пешбари

Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати

дохилии Маркази тадқиқоти стратегииназди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон