Асосӣ:
+++ Ҷавонон бояд осебпазир набошанд! +++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1710
mod_vvisit_counterДирӯз2420
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17642
mod_vvisit_counterДар ин моҳ56794
mod_vvisit_counterҲамагӣ1830187
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИВУ ИНТИХОБОТИИ КУМИТАИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

25.07.2019

Рӯзи 24 июли соли 2019 Маҷлиси ҳисоботиву интихоботии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ раиси Кумитаи иттифоқи касабаи Марказ  Саидхоҷа Акбаров ифтитоҳ намуд. Пас аз тасдиқи ҳайати садорати корӣ, котибот,  рӯзнома ва регламенти маҷлис ҷаласа ба кори худ шурӯъ намуд.

Дар назди ҳозирин раиси Кумитаи иттифоқи касабаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидхоҷа Акбаров доир ба давраи сесолаи фаъолияти Кумитаи иттифоқи касабаи Марказ ҳисобот дод.  Сипас пиромуни гузориши  мазкур мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо,  муовини сардори Раёсати таъминоти иттилоотӣ Зубайдулло Давлатов, сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавӣ  Хуршед Додихудоев, котиби матбуотии Марказ Қиёмиддин Сатторӣ  ва дигарон ба музокира баромада, дар қатори муваффиқиятҳо камбудиҳои ҷойдоштаро дар кори Кумитаи иттифоқи касабаи Марказ қайд намуданд ва фаъолияти кумитаро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобиданд.

Сипас роҳбарияти нави Кумитаи иттифоқи касабаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати панҷ нафар пешбарӣ ва интихоб карда шуд. Бо тариқи овоздиҳии кушод муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавӣ  Умед Давлатов раиси Кумитаи иттифоқи касабаи Марказ интихоб гардид.

Дар кори маҷлиси ҳисоботиву интихоботӣ намояндаи Кумитаи ҷумҳуриявиии  иттифоқҳои касабаи муасисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкии Федератсияи Иттифоқҳои Касабаи Мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф.Н. Наҷмуддинов ва роҳбари дастгоҳи иҷроияи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Э.Назаров иштирок ва суханронӣ намуданд.

Хадамоти матбуотии

Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон